Главная / Гуногун / ИМПЕРИЯИ ТУРКИЯ. Ба ниммустамлика табдил ёфтани империяи Усмониён

ИМПЕРИЯИ ТУРКИЯ. Ба ниммустамлика табдил ёфтани империяи Усмониён

Ба давраи империализм сабзида расидани чахони сармоядори рафти ба ниммустамлика табдил ёфтани империяи Усмониёнро тезонид. Барои тезу тундшавии муборизаи мамлакатхои абаркудрат барои дар Шарки Наздик ба таври инхисори аз худ кардани манбаъхои зиёдшавии сармоя низ ба ин сабаб шуд.

Баъди Чанги Крим (солхои 1853 – 1856) аз ахволи вазнини иктисодии Туркия истифода бурда, бонкдорони Европа тавонистанд, ки ин мамлакатро ба доми тобеияти молиявии худ дароранд. Далелхои фаровоне дар ин бора шаходат медиханд.

cc61ebeefa0827c3b0fc64ea1c694e20_783x0

Соли 1854 аз 3,3 млн. лираи туркие, ки бонки Англия ваъда карда буд, хазинаи Усмониён танхо 2,5 млн. лира гирифт. То соли 1875 чамъи маблаги вомбарги хоричии Туркия то ба 242 млн. лир расид, вале Истамбул танхо 175 миллиони онро истифода бурда тавонисту халос. Маблаги бокимонда дар хазинаи карздихандагон монд. Карзи хоричии Усмониён чунон зиёд буд, ки барои пардохти он кариб нисфи хамам маблаги харсолаи харочоти давлати сарф карда мешуд. Соли 1879 вазъияти молиявии Туркия боз хам вазнинтар шуд. Ин дафъа хукумат шикасти пурраи молиявии империяи Усмониёнро эълон кард ва аз давлатхои хоричи мадад пурсид. Соли 1881 дар байни хукумати Туркия ва карздихандагон аз хисоби намояндагони банкхои калонтарини Европа “Идораи карзхои Оттоман” ташкил дода шуд, ки он аз болои манбаъхои мухимтарнни даромади давлатии Туркия назорат чори намуд. Барои ба хазина интикол ёфтани маблаг хукумати Туркия мачбур шуд, ки боз ба вомбарг ру оварад. Солхои 1890-1914 маблаги аз ин хисоб чамъомада ба 166 млн. лираи турки расид, ки кисми зиёди он барои пардохти карзи хоричи ва фоизи он сарф мешуд.

Охиста-охиста сармояи хоричи ба молияи мамлакат назорати пурра мукаррар кард. Баъди кушода шудани бонки Оттоман (соли 1856) шуъбахои махаллии банки фаронсавии карздихии Лион, банкхои Немиси ва Вена, бонки Салоникаи Фаронсаю Австрия ва Венгрия кушода шуданд. Дар огози асри XX дар Туркия 15 шуъбаи банкхои европави фаъолият мекарданд. Туркия бошад, танхо соли 1888 як бонки миллии Кишоварзи кушоду халос.

Вобастагии молиявии империяи Усмониёнро мамлакатхои империалисти барои гирифтани ичорахои фоиданок истифода мебурданд. Таваччухи онхоро махсусан сохтмони роххои охан ба худ чалб менамуд. Хукуки сохтани роххои охани Туркияро Англия хануз дар солхои 50-ум ба даст дароварда буд. Вале муборизаи асоси барои ичорахои рохи охан дар дахсолахои охири асри XIX шиддат гирифт, хамон вакте ки маблаггузории фаъолонаи Германия ба хочагии халки Туркия сурат гирифт. Ширкатхои Германия аввал барои сохтмони рохи охани Анатолия – аз бандари Измир то Анкараро ичора гирифтанд. Сохтмони ин рох соли 1892 анчом ёфт. Соли 1898 хукумати султон сохтмони китъаи аввали рохи охани Багдодро ба бонки Германия супурд. Сохтмони роххои Туркия бо суръат пеш мерафт. Аз соли 1855 то соли 1908 дарозии онхо ба 4 хазор км расид.

Дар баробари роххои охан наклиёти бахри ва бандархои калонтарин низ ба зери назорати инхисории давлатхои Европа дохил шуданд. Онхо барои истехсоли ангиштсанг, канданихои дигари фоиданок, истифодаи корхонахои коммуналии Истамбул ва Анкара, сохтмонн хати телеграф ва намудхои дигари алокаро ичора гирифтанд.

Хамин тарик, империяи Усмониён ба ниммустамлика табдил ёфт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …