Главная / Гуногун / ИМПЕРИЯИ ТУРКИЯ. Ба ниммустамлика табдил ёфтани империяи Усмониён

ИМПЕРИЯИ ТУРКИЯ. Ба ниммустамлика табдил ёфтани империяи Усмониён

Ба давраи империализм сабзида расидани ҷаҳони сармоядорӣ рафти ба ниммустамлика табдил ёфтани империяи Усмониёнро тезонид. Барои тезу тундшавии муборизаи мамлакатҳои абарқудрат барои дар Шарқи Наздик ба таври инҳисорӣ аз худ кардани манбаъҳои зиёдшавии сармоя низ ба ин сабаб шуд.

Баъди Ҷанги Қрим (солҳои 1853 – 1856) аз аҳволи вазнини иқтисодии Туркия истифода бурда, бонкдорони Европа тавонистанд, ки ин мамлакатро ба доми тобеияти молиявии худ дароранд. Далелҳои фаровоне дар ин бора шаҳодат медиҳанд.

cc61ebeefa0827c3b0fc64ea1c694e20_783x0

Соли 1854 аз 3,3 млн. лираи туркие, ки бонки Англия ваъда карда буд, хазинаи Усмониён танҳо 2,5 млн. лира гирифт. То соли 1875 ҷамъи маблағи вомбарги хориҷии Туркия то ба 242 млн. лир расид, вале Истамбул танҳо 175 миллиони онро истифода бурда тавонисту халос. Маблағи боқимонда дар хазинаи қарздиҳандагон монд. Қарзи хориҷии Усмониён чунон зиёд буд, ки барои пардохти он қариб нисфи ҳамам маблағи ҳарсолаи хароҷоти давлатӣ сарф карда мешуд. Соли 1879 вазъияти молиявии Туркия боз ҳам вазнинтар шуд. Ин дафъа ҳукумат шикасти пурраи молиявии империяи Усмониёнро эълон кард ва аз давлатҳои хориҷӣ мадад пурсид. Соли 1881 дар байни ҳукумати Туркия ва қарздиҳандагон аз ҳисоби намояндагони банкҳои калонтарини Европа “Идораи қарзҳои Оттоман” ташкил дода шуд, ки он аз болои манбаъҳои муҳимтарнни даромади давлатии Туркия назорат ҷорӣ намуд. Барои ба хазина интиқол ёфтани маблағ ҳукумати Туркия маҷбур шуд, ки боз ба вомбарг рӯ оварад. Солҳои 1890-1914 маблағи аз ин ҳисоб ҷамъомада ба 166 млн. лираи турки расид, ки қисми зиёди он барои пардохти қарзи хориҷӣ ва фоизи он сарф мешуд.

Оҳиста-оҳиста сармояи хориҷӣ ба молияи мамлакат назорати пурра муқаррар кард. Баъди кушода шудани бонки Оттоман (соли 1856) шӯъбаҳои маҳаллии банки фаронсавии қарздиҳии Лион, банкҳои Немисӣ ва Вена, бонки Салоникаи Фаронсаю Австрия ва Венгрия кушода шуданд. Дар оғози асри XX дар Туркия 15 шӯъбаи банкҳои европавӣ фаъолият мекарданд. Туркия бошад, танҳо соли 1888 як бонки миллии Кишоварзӣ кушоду халос.

Вобастагии молиявии империяи Усмониёнро мамлакатҳои империалистӣ барои гирифтани иҷораҳои фоиданок истифода мебурданд. Таваҷҷӯҳи онҳоро махсусан сохтмони роҳҳои оҳан ба худ ҷалб менамуд. Хуқуқи сохтани роҳҳои оҳани Туркияро Англия ҳанӯз дар солҳои 50-ум ба даст дароварда буд. Вале муборизаи асосӣ барои иҷораҳои роҳи оҳан дар даҳсолаҳои охири асри XIX шиддат гирифт, ҳамон вақте ки маблағгузории фаъолонаи Германия ба хоҷагии халқи Туркия сурат гирифт. Ширкатҳои Германия аввал барои сохтмони роҳи оҳани Анатолия – аз бандари Измир то Анқараро иҷора гирифтанд. Сохтмони ин роҳ соли 1892 анҷом ёфт. Соли 1898 ҳукумати султон сохтмони қитъаи аввали роҳи оҳани Бағдодро ба бонки Германия супурд. Сохтмони роҳҳои Туркия бо суръат пеш мерафт. Аз соли 1855 то соли 1908 дарозии онҳо ба 4 ҳазор км расид.

Дар баробари роҳҳои оҳан нақлиёти баҳрӣ ва бандарҳои калонтарин низ ба зери назорати инҳисории давлатҳои Европа дохил шуданд. Онҳо барои истеҳсоли ангиштсанг, канданиҳои дигари фоиданок, истифодаи корхонаҳои коммуналии Истамбул ва Анқара, сохтмонн хати телеграф ва намудҳои дигари алоқаро иҷора гирифтанд.

Ҳамин тариқ, империяи Усмониён ба ниммустамлика табдил ёфт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …