Главная / Чамъият / ИЁЛОТИ МУТТАХИДАИ АМЕРИКА АЗ ОГОЗИ АСРИ XIX ТО АНЧОМ ЁФТАНИ ЧАНГИ МУЛКИ

ИЁЛОТИ МУТТАХИДАИ АМЕРИКА АЗ ОГОЗИ АСРИ XIX ТО АНЧОМ ЁФТАНИ ЧАНГИ МУЛКИ

Вазъи ИМА дар нимаи аввали асри XIX. ИМА дар аввали асри XIX давраи тараккиёти пуравчи иктисодиро аз cap мегузаронид. Дар Шимолу Шаркии мамлакат саноати фабрикави ва хочагихои сармоядории фермери густариш меёфтанд. Дар кисмати Гарби бошад, фермерхои сершумор ва хунармандони мустакил машгули касбу кори худ буданд. Дар кисми Шимолу Гарби низ муносибатхои сохибкори босурьат пеш мерафтанд. Дар иктисодиёти Чануб гуломдории плантатсиони хукмрон буд. Фаркияти роххои тараккиёти Шимол ва Чануб ба рафти ояндаи тараккиёти таърихии ИМА таъсир расонд.

ima-xix

Дар ии давра густариши сохибкори аз хисоби заминхои нав “ба бар” ба амал меомад. Дар охирхои асри XVIII – нимаи аввали асрн XIX ИМА заминхои зиёдеро забт кард. Масохати умумии ИМА дар соли 1790 хамаги 888.6 хазор км мил буд. Баъди ба он хамрох карда шудани Луизиана ва чанги истилогарона бар зидди хиндухо, Мексика ва мустамлигардонии заминхои нав он то ба 3027.8 хазор км мил расид.

Пахншавии корчаллонию сармоядори “ба бар” имкониятдод, ки аввалан заминхои нав ба даст дароварда шаванд. Дуюм, заминхои нав шароити мусоид фарохам оварданд, ки аз Европа ба ИМА шумораи зиёди мухочирон биёянд. Дар байни онхо мутахассисони мухандисию техники ва коргарони баландихтисос бисёр буданд. Мухочирон шумораи ахолии мамлакатро зуд зиёд мекарданд. Соли 1800 ахолии ИМА хамаги 5.3 млн нафар буд. Вале соли 1850 он ба 23.2 миллион расид. Аз сабаби бисёр будани заминхои холии Гарб дар ИМА нисбат ба Европа талабот ба неруи кори хеле зиёд шуд, лекин он намерасид. Аз хамин сабаб дар Шимоли мамлакат истифодаи мошинхо хеле барвакт огоз ёфт. Дар Чануб бошад, истифодаи мехнати гуломон васеъ пахн гардида буд.

Пешрафтн сохибкори дар ИМА дар катори чихатхои мусбати худ чихатхои манфи хам дошт. Аз он чумла, бухронхои иктисодии барзиёдистехсолкуни ба амал омаданд.

Яке аз роххои манфии тараккиёти иктисоди дар ИМА зуран ба Гарб мухочир кардани хиндуён буд. Барои зиндагони кардан ба хиндухо чойхои махсус “резерватсияхо”-ро медоданд. Хиндухое, ки ба ин карордод мукобилият нишон медоданд, Хукумат бар зидди онхо дастахои мусаллахро ба кор мебурд. Бо бахонаи таъкиби хиндухо лашкари ИМА ба забткунии заминхои давлатхои хамсоя низ даст мезад. Бо хамин рох лашкари ИМА Флоридаи Шаркиро аз Испания кашида гирифт.

Дар кисмати гарбии Чорчия кабилахои чирокхо сокин буданд. Вакте ки дар он чо конхои тилло кашф карда шуданд, хукумат аз созишномахои бо хиндухои ин чо дар бораи замин бастааш даст кашида, ин заминхоро “чамъияти” эълон кард. Барои зиндагонии ин кабилахо хам резерватсияхои махсус муайян намуда, онхоро аз заминхои ачдодиашон зуран пеш карданд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …