Главная / Гуногун / ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМЕРИКА АЗ ОҒОЗИ АСРИ XIX ТО АНҶОМ ЁФТАНИ ҶАНГИ МУЛКӢ

ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМЕРИКА АЗ ОҒОЗИ АСРИ XIX ТО АНҶОМ ЁФТАНИ ҶАНГИ МУЛКӢ

Вазъи ИМА дар нимаи аввали асри XIX. ИМА дар аввали асри XIX давраи тараққиёти пуравҷи иқтисодиро аз cap мегузаронид. Дар Шимолу Шарқии мамлакат саноати фабрикавӣ ва хоҷагиҳои сармоядории фермерӣ густариш меёфтанд. Дар қисмати Ғарбӣ бошад, фермерҳои сершумор ва ҳунармандони мустақил машғули касбу кори худ буданд. Дар қисми Шимолу Ғарбӣ низ муносибатҳои соҳибкорӣ босурьат пеш мерафтанд. Дар иқтисодиёти Ҷануб ғуломдории плантатсионӣ ҳукмрон буд. Фарқияти роҳҳои тараққиёти Шимол ва Ҷануб ба рафти ояндаи тараққиётӣ таърихии ИМА таъсир расонд.

ima-xix

Дар ии давра густариши соҳибкорӣ аз ҳисоби заминҳои нав “ба бар” ба амал меомад. Дар охирҳои асри XVIII – нимаи аввали асрн XIX ИМА заминҳои зиёдеро забт кард. Масоҳати умумии ИМА дар соли 1790 ҳамагӣ 888.6 ҳазор км мил буд. Баъди ба он ҳамроҳ карда шудани Луизиана ва ҷанги истилогарона бар зидди ҳиндуҳо, Мексика ва мустамлигардонии заминҳои нав он то ба 3027.8 ҳазор км мил расид.

Паҳншавии корчаллонию сармоядорӣ “ба бар” имкониятдод, ки аввалан заминҳои нав ба даст дароварда шаванд. Дуюм, заминҳои нав шароити мусоид фароҳам оварданд, ки аз Европа ба ИМА шумораи зиёди муҳоҷирон биёянд. Дар байни онҳо мутахассисони муҳандисию техникӣ ва коргарони баландихтисос бисёр буданд. Муҳоҷирон шумораи аҳолии мамлакатро зуд зиёд мекарданд. Соли 1800 аҳолии ИМА ҳамагӣ 5.3 млн нафар буд. Вале соли 1850 он ба 23.2 миллион расид. Аз сабаби бисёр будани заминҳои холии Ғарб дар ИМА нисбат ба Европа талабот ба нерӯи корӣ хеле зиёд шуд, лекин он намерасид. Аз ҳамин сабаб дар Шимоли мамлакат истифодаи мошинҳо хеле барвақт оғоз ёфт. Дар Ҷануб бошад, истифодаи меҳнати ғуломон васеъ паҳн гардида буд.

Пешрафтн соҳибкорӣ дар ИМА дар қатори ҷиҳатҳои мусбати худ ҷиҳатҳои манфӣ ҳам дошт. Аз он ҷумла, бӯҳронҳои иқтисодии барзиёдистеҳсолкунӣ ба амал омаданд.

Яке аз роҳҳои манфии тараққиёти иқтисодӣ дар ИМА зӯран ба Ғарб муҳоҷир кардани хиндуён буд. Барои зиндагонӣ кардан ба ҳиндуҳо ҷойҳои махсус “резерватсияхо”-ро медоданд. Ҳиндуҳое, ки ба ин қарордод муқобилият нишон медоданд, Ҳукумат бар зидди онҳо дастаҳои мусаллаҳро ба кор мебурд. Бо баҳонаи таъқиби ҳиндуҳо лашкари ИМА ба забткунии заминҳои давлатҳои ҳамсоя низ даст мезад. Бо ҳамин роҳ лашкари ИМА Флоридаи Шарқиро аз Испания кашида гирифт.

Дар қисмати ғарбии Ҷорчия қабилаҳои чирокҳо сокин буданд. Вақте ки дар он ҷо конҳои тилло кашф карда шуданд, ҳукумат аз созишномаҳои бо ҳиндуҳои ин ҷо дар бораи замин бастааш даст кашида, ин заминҳоро “ҷамъиятӣ” эълон кард. Барои зиндагонии ин қабилаҳо ҳам резерватсияҳои махсус муайян намуда, онҳоро аз заминҳои аҷдодиашон зӯран пеш карданд.

Рабство

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …