Главная / Биология / Хомиладорон читавр дандонхоро нигохубин намоянд

Хомиладорон читавр дандонхоро нигохубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк хар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи хомиладори ташрифро бештар намуда лоакал хар 3-мох аз назди духтури дандон бояд гузашт.

dandon-pizishkУзвхои занона дар давраи хомиладори хеле нозук аст ва дилхох сарчашмаи сироят масъалаи пусидани дандон (кариес) аз байн бояд бардошта шавад. Мавчудияти сурохии хурд дар дандон метавонад боиси шамолхурии чидди гардад ва ба сироят печад, ки ин хам бошад ба давраи сустшавии низоми иммуни алокаманд аст. Дар раванди табобати пусиши дандони чандон зарарнадида бе истифодаи доруи карахткунанда (анестезия) хам, чорачуи кардан мумкин аст. Бофтахои пусидашуда бартараф карда мешаванд ва ба чояш пломбаи тавассути равшани сахтшаванда гузошта мешавад, ки аз нури махсуси мутлако безарар барои модар ва тифли оянда, истифода бурда мешавад.

  Дар давраи хомиладори дандонхои модаршаванда гирифтор ба  хавфи баланди пусиши дандонхо мебошанд. Инчунин бар асоси тагйирёбии гормони холати милки дандон метавонад бад шавад (таъминшави бо хун кохиш меёбад ва эхтимоли шамолхурияш зиёд мешавад).

Тавсия карда мешавад, ки ташрифи дандонпизишк дар даврахои 7, 17, 37 хафтагии хомиладори анчом дода шавад.  Семохаи аввалу сеюм – ин давраи начандон хуб барои табобати дандонхо мебошад.  Дар 14-хафтаи авввал узвхои ояндаи одам ташшаккул меёбанд ва бар ин асос дорухои карахткунандаю гуногунро дар холатхои бенихоят зарур истифода бурда мешаванд. Дар семохаи сеюм бештари занон табобати дандонро бо душвори паси сар менамоянд. Семохаи дуюм ин давраи азхама мувофик барои табобати дандон барои занони хомиладор махсуб меёбад. Дар ин давра тифл дар батни модар бо пласент хифз карда шудааст ва барои хамин хам истифодаи дорухои карахткунандаи дарди дандонро, ки дорои аденалини хадди аккал мебошанд, истифода бурдан мумкин аст.

Бояд донист, ки санги дандон ва сиёхак макон барои пайдоиши микробхо  мебошанд ва сабабгори пусиши дандон мешаванд. Пломбаи пастсифати каблан гузошташуда сабабгори шамол хурдани дандон метавон буд. Хаммаи ин дар рафти азназаргузаронии профилактики метавон муайян карда шудуа аз тарафи пизишк сиёхакхо бартараф карда шаванд ва пломбаи бесифат иваз намуда шавад. Камбудихои марбут ба милки дандон (шамолхури, вайроншави) бофтахои зиёдати тавассути чаррохи нобут карда мешавад ва  минбаъд барои бар зидди шамолхури дорухат бо максади чайкондан навишта мешавад.  Аз чониби духтур кушишхо барои нарасонидани зарар бар зан ва тифли дар оянда бадунёоянда хангоми чорахои табобати андешидашаванда ва дорухои истифодашаванда ба инобат гирифта мешавад.

Дандонпизишки рушд ёфта дар он дорухои табобати ва карахткунанда истифода бурда мешаванд, ки асоси онхоро ашёхои безарар бар модарони оянда ва кудакон ташкил медиханд. Хаммаи онхо хадди акалии адреналинро сохиб мебошанд, хол онки дар доруи маъмули новокаин ин то он андозае мебошад, ки метавонад фишори сурхрагро (артерия) зиёд карда ба холати ангезиши бачадон боис мегардад.

Бартарияти дорухои карахткунандаи (анестетики) замонави дар он аст, ки муддати таъсири карахткунии онхо на зиёда аз 1 соатро дар бар мегирад ва баъди ин муддат дар узвхои одам пахну хал шуда, минбаъд хорич мешаванд. Инчунин онхо пардаи бачадонро гузашта наметавонанд ва ба хуни кудак низ хамрох намешаванд.

Холати дандонхо ва милки дандонхо пеш аз хама вобаста мебошанд аз нигохубини онхо ва дуруст хурокхурии занони хомиладор.  Дар асоси тавсияи духтур махлулхои махсус барои чайконидани дандонхо истифода намоед. Одатан махлулхо ба ду намуд чудо мешаванд, ки яке барои табобат ва дигарашон бо максади ботароват намудан лозиманд. Ба инобат гирифта шавад, ки махлулхо набояд холати дандонхоро хушк намояду барои ангезиш сабабгор шаванд.

Махлул ва гелхое, ки дар таркиби худ фтор ва калсийро доро мебошанд танхо бо мувофикаи духтур бояд истифода карда шаванд. Чайконидан баъди хар як хурокхури бояд анчом дода шавад ва тоза кардани дандон бошад субху бегохи дар давоми 4-дакика амали карда шавад. Дар холати дуруст шустушуй кардани дандонхо сиёхакхо (занги дандон), хатман тоза мешаванд. Баъди хурокхури риштахои дандониро истифода намуданаш хатми мебошад. Инчунин асбоби Иригатор хам муфид аст, ки бокимондахои хурокро тоза карда милки дандонхоро махс менамояд.

Дандонтозакунак бояд риштахои (щетинки) гуногунсамт дошта бошад. Дарачаи сахтии дандонтозакунакро бояд духур гуяд. Дар холати интихоби дандонтозакунакхои электрики афзалият бар намудхое дода мешавад, ки сараш гирдак буда имконияти иваз кардани онхо (насадка) бошад. Хокахои – махлулхои дандонтозакуни бояд гуногун бошанд ва аз хар намуди онхо истифода бурданаш бехтар аст, чунки базеи онхо милкро бокуват мекунанд, дигарашон хасосияти дандонхоро пурзур менамоянд ва ба монанди инхо.

Доир ба гизо албатта махсулоти шири бештар фоидаовар мебошад, ки дорои калсияи зиёд мебошанд. Онхоро бегохи истифода бурд, аз он сабаб, ки шабона калсий аз узвхои инсон хорич мешаванд ва ниёз ба онхо махз дар шаб аст.

Бо назардошти, онки низоми устухонии кудак аз калсий ва фтор ташаккул карда мешавад, барои хамин хам модарон бояд организми худро аз ин элементхо доимо захира намуда истанд. Аз сабаби он ки калсий тавассути витамини «Д» чабида мешавад, пас субхидам бояд витаминхои офтоби гирифта шавад. Калсий, фтор, йод дар таркиби махсулоти бахри ва кабути (укроп, птрушка) бештар мавчуданд ва аз истифодаи онхо худдори намуд. Инчунин аз истеъмоли ширини махдудият чори карда бар ивазаш хурдани мевачоту махсулоти хушкшудаи онхо истифода намуд.

Холати зиёди вайроншавии дандонхо аз сабаби хомиладори хеле ба назар мерасад, ки дар нихоят ба аз даст додани дандон оварда мерасонад. Аммо риояи хаммаи тартиботи дар боло номбаршуда барои нигохдории саломатии дандону милки дандон дар давраи интизории модаршави, ёри медихад.

 

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …