Главная / Биология / Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ ташрифро бештар намуда лоақал ҳар 3-моҳ аз назди духтури дандон бояд гузашт.

dandon-pizishkУзвҳои занона дар давраи ҳомиладорӣ хеле нозук аст ва дилхоҳ сарчашмаи сироят масъалаи пусидани дандон (кариес) аз байн бояд бардошта шавад. Мавҷудияти сӯрохии хурд дар дандон метавонад боисӣ шамолхурии ҷиддӣ гардад ва ба сироят печад, ки ин ҳам бошад ба давраи сустшавии низоми иммунӣ алоқаманд аст. Дар раванди табобати пусиши дандони чандон зарарнадида бе истифодаи доруи карахткунанда (анестезия) ҳам, чораҷӯӣ кардан мумкин аст. Бофтаҳои пусидашуда бартараф карда мешаванд ва ба ҷояш пломбаи тавассути равшанӣ сахтшаванда гузошта мешавад, ки аз нури махсуси мутлақо безарар барои модар ва тифли оянда, истифода бурда мешавад.

  Дар давраи ҳомиладорӣ дандонҳои модаршаванда гирифтор ба  хавфи баланди пусиши дандонҳо мебошанд. Инчунин бар асоси тағйирёбии гормонӣ ҳолати милки дандон метавонад бад шавад (таъминшавӣ бо хун коҳиш меёбад ва эҳтимолӣ шамолхурияш зиёд мешавад).

Тавсия карда мешавад, ки ташрифи дандонпизишк дар давраҳои 7, 17, 37 ҳафтагии ҳомиладорӣ анҷом дода шавад.  Семоҳаи аввалу сеюм – ин давраи начандон хуб барои табобати дандонҳо мебошад.  Дар 14-ҳафтаи авввал узвҳои ояндаи одам ташшаккул меёбанд ва бар ин асос доруҳои карахткунандаю гуногунро дар ҳолатҳои бениҳоят зарур истифода бурда мешаванд. Дар семоҳаи сеюм бештари занон табобати дандонро бо душворӣ паси сар менамоянд. Семоҳаи дуюм ин давраи азҳама мувофиқ барои табобати дандон барои занони ҳомиладор маҳсуб меёбад. Дар ин давра тифл дар батни модар бо пласент ҳифз карда шудааст ва барои ҳамин ҳам истифодаи доруҳои карахткунандаи дарди дандонро, ки дорои аденалини ҳадди аққал мебошанд, истифода бурдан мумкин аст.

Бояд донист, ки санги дандон ва сиёҳак макон барои пайдоиши микробҳо  мебошанд ва сабабгори пусиши дандон мешаванд. Пломбаи пастсифати қаблан гузошташуда сабабгори шамол хурдани дандон метавон буд. Ҳаммаи ин дар рафти азназаргузаронии профилактикӣ метавон муайян карда шудуа аз тарафи пизишк сиёҳакҳо бартараф карда шаванд ва пломбаи бесифат иваз намуда шавад. Камбудиҳои марбут ба милки дандон (шамолхурӣ, вайроншавӣ) бофтаҳои зиёдатӣ тавассути ҷарроҳӣ нобут карда мешавад ва  минбаъд барои бар зидди шамолхурӣ дорухат бо мақсади ҷайқондан навишта мешавад.  Аз ҷониби духтур кӯшишҳо барои нарасонидани зарар бар зан ва тифли дар оянда бадунёоянда ҳангоми чораҳои табобатӣ андешидашаванда ва доруҳои истифодашаванда ба инобат гирифта мешавад.

Дандонпизишкӣ рушд ёфта дар он доруҳои табобатӣ ва карахткунанда истифода бурда мешаванд, ки асоси онҳоро ашёҳои безарар бар модарони оянда ва кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳаммаи онҳо ҳадди ақалии адреналинро соҳиб мебошанд, ҳол онки дар доруи маъмули новокаин ин то он андозае мебошад, ки метавонад фишори сурхрагро (артерия) зиёд карда ба ҳолати ангезиши бачадон боис мегардад.

Бартарияти доруҳои карахткунандаи (анестетикӣ) замонавӣ дар он аст, ки муддати таъсири карахткунии онҳо на зиёда аз 1 соатро дар бар мегирад ва баъди ин муддат дар узвҳои одам паҳну ҳал шуда, минбаъд хориҷ мешаванд. Инчунин онҳо пардаи бачадонро гузашта наметавонанд ва ба хуни кудак низ ҳамроҳ намешаванд.

Ҳолати дандонҳо ва милки дандонҳо пеш аз ҳама вобаста мебошанд аз нигоҳубини онҳо ва дуруст хӯрокхурии занони ҳомиладор.  Дар асоси тавсияи духтур маҳлулҳои махсус барои чайқонидани дандонҳо истифода намоед. Одатан маҳлулҳо ба ду намуд ҷудо мешаванд, ки яке барои табобат ва дигарашон бо мақсади ботароват намудан лозиманд. Ба инобат гирифта шавад, ки маҳлулҳо набояд ҳолати дандонҳоро хушк намояду барои ангезиш сабабгор шаванд.

Маҳлул ва гелҳое, ки дар таркиби худ фтор ва калсийро доро мебошанд танҳо бо мувофиқаи духтур бояд истифода карда шаванд. Чайқонидан баъди ҳар як хӯрокхурӣ бояд анҷом дода шавад ва тоза кардани дандон бошад субҳу бегоҳӣ дар давоми 4-дақиқа амалӣ карда шавад. Дар ҳолати дуруст шустушуй кардани дандонҳо сиёҳақҳо (занги дандон), ҳатман тоза мешаванд. Баъди хӯрокхурӣ риштаҳои дандониро истифода намуданаш ҳатмӣ мебошад. Инчунин асбоби Иригатор ҳам муфид аст, ки боқимондаҳои хӯрокро тоза карда милки дандонҳоро маҳс менамояд.

Дандонтозакунак бояд риштаҳои (щетинки) гуногунсамт дошта бошад. Дараҷаи сахтии дандонтозакунакро бояд духур гӯяд. Дар ҳолати интихоби дандонтозакунакҳои электрикӣ афзалият бар намудҳое дода мешавад, ки сараш гирдак буда имконияти иваз кардани онҳо (насадка) бошад. Хокаҳои – маҳлулҳои дандонтозакунӣ бояд гуногун бошанд ва аз ҳар намуди онҳо истифода бурданаш беҳтар аст, чунки базеи онҳо милкро боқуват мекунанд, дигарашон ҳасосияти дандонҳоро пурзур менамоянд ва ба монанди инҳо.

Доир ба ғизо албатта маҳсулоти ширӣ бештар фоидаовар мебошад, ки дорои калсияи зиёд мебошанд. Онҳоро бегоҳӣ истифода бурд, аз он сабаб, ки шабона калсий аз узвҳои инсон хориҷ мешаванд ва ниёз ба онҳо маҳз дар шаб аст.

Бо назардошти, онки низоми устухонии кудак аз калсий ва фтор ташаккул карда мешавад, барои ҳамин ҳам модарон бояд организми худро аз ин элементҳо доимо захира намуда истанд. Аз сабаби он ки калсий тавассути витамини «Д» ҷабида мешавад, пас субҳидам бояд витаминҳои офтобӣ гирифта шавад. Калсий, фтор, йод дар таркиби маҳсулоти баҳрӣ ва кабутӣ (укроп, птрушка) бештар мавҷуданд ва аз истифодаи онҳо худдорӣ намуд. Инчунин аз истеъмоли ширинӣ маҳдудият ҷорӣ карда бар ивазаш хурдани меваҷоту маҳсулоти хушкшудаи онҳо истифода намуд.

Ҳолати зиёди вайроншавии дандонҳо аз сабаби ҳомиладорӣ хеле ба назар мерасад, ки дар ниҳоят ба аз даст додани дандон оварда мерасонад. Аммо риояи ҳаммаи тартиботи дар боло номбаршуда барои нигоҳдории саломатии дандону милки дандон дар давраи интизории модаршавӣ, ёрӣ медиҳад.

 

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …