Главная / Гуногун / Хочибой Точибой

Хочибой Точибой

Хочибой Точибоев (Хочимурод) Точибоев (Хунарпешаи шоистаи Узбекистон ва Точикистон). Яке аз маъруфтарин хазлчии Осиёи Миёна ва бахухсус мардуми Точику Узбек мебошад.

Санаи 25 августи соли 1955 дар нохияи Пролетарски вилояти Ленинобод (алхол нохияи Чаббор-Расулови вилояти Сугд) таваллуд шудааст. Дар чавони ба Тошканд омада, соли 1978 Донишкадаи театр ва санъати Тошкандро хатм кардааст. Пас аз хатми тахсил, у ба Точикистон баргашт ва муддате дар театри Шукур Бурхонови ш. Ленинобод кор кард, баъдтар ба театри Камоли Хучандии Ленинобод гузшт.

Хочибой Точибоев (Хочимурод) Точибоев
Сурати Хочибой Точибоев

Пас он ба Чумхурии Узбекистон рафта дар Филармонияи давлатии Андичон кор кард. Баъди пошхурии ИЧШС, у дар Узбекистон боки монд ва фаъолияти касбии худро идома дод. Дар солхои минбаъда у бо овозхонхои узбек Шерали Чураев ва Халим Чураев кор кард ва дар сафархои хунарии онхо дар худуди шахрхои Узбекистон ва Осиёи Маркази ширкат варзид. Аввалхои солхои 2000-ум вай ба рох мондани намоишхои худ дар театрхои Тошканд огоз кард.

Хар сол як маротиба, Хочибой Точибой намоишхои худро  дар Касри Тошканд “Дустии халкхо” барпо мекард, ки акасари мардум барои харидории чиптахои у дар навбат истода бисёрихо онро харидори карда наметонистанд. Сабаб дар он буд ки талабгорони у нихоят зиёд буд. Маъруфияти у дар ш Душанбе солхои 1992-1995 низ чунин буд ки давоми 4-6 руз дар кохи борбад намоишхои Хочибой Точибой ба мардум пешкаш мешуд вале халк ба ин хам нигох накарда каноатманд намешуданд.

Хочибой Точибоев дар баромадхои худ пахлухои хандаовар дар хаёти мардум, мушохидахои онхоро изхор мекард. Баъзе калимахо ва иборахои ашъорашон ба масал дар байни мардум табдил ёфта буданд. Вай дар баробари забони модарии узбекии худ, инчунин точики ва русиро медонист.

Бар асари бемории чигар дар сини 53-солаги Хочибой Точибой санаи 24-уми июли соли 2008-ум аз олам дар гузашт ва онро дар ватани худ дар ш. Хучанд ба хок супорида шуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …