КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Дар бораи Химояи гизодихии табиии кудакон
(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, №12, мод. 545)
Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 8-уми ноябри соли 2006, № 393 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, № 11, моддаи 494) кабул гардидааст.
Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 15-уми декабри соли 2006, № 251 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, № 12, моддаи 605) чонибдори гардидааст.
Боби 1.
Мукаррароти умуми
Моддаи 1. Максад ва вазифахои Конуни мазкур
Максади Конуни мазкур аз мухайё кардани шароити зарурие иборат аст, ки хифзи саломатии модару кудак, гизодихии дурусти кудакони ширмак (тифлон) ва кудакони хурдсолро таъмин намояд.
Вазифахои Конуни мазкур иборатанд аз:
– таргиб, хавасмандгардони ва дастгирии давлатии гизодихии табиии (синамаконии) кудакон;
– баланд бардоштани маърифати санитарии ахоли;
– тахкими саломати ва бехбуди вазъи ичтимоии занон вобаста ба хифзи саломатии кудакони ширмак (тифлон) ва кудакони хурдсол;
– танзими хукукии муомилоти гизои кудакон;
– ахамият ба гизодихии табиии кудакон хамчун чанбаи кумаки аввалияи тиббию санитари.
Моддаи 2. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– ивазкунандаи шири модар – хама гуна гизои ба фурушбаровардашуда ё ба тарзи дигар пешниходшаванда, ки шири модарро кисман ё пурра иваз менамояд;
– гизои кудакон – гизои омехтаи кудакон, хама гуна гизои дигари барои кудакони ширмак мувофик, гизои омехта барои кудакони ширмаки синнашон нисбатан калон;
– гизои иловаги – хама гуна гизое, ки хамчун гизои иловаги ба шири модар, ба гизои омехтаи кудакон ё ба гизои омехтаи кудакони ширмаки синнашон нисбатан калонтар мувофик мебошад ё ба сифати гизои мувофик пешниход карда мешавад;
– гизои таъиноти – гизои кудакон ва шишачахои ширмакони (шишачахои ширдуши), макаку пистонак;
– гизои омехтаи кудакон – гизои шири ё ширмонанди хайвонот ё набототи, ки дар саноат мутобики стандартхои давлати ё стандартхои байналмилалии озука истехсол гардида, онро Комиссияи байналмилали оид ба стандартхои озука барои конеъгардонии талаботи кудакон ба гизо аз давраи таваллуд то шаш мохи аввали хаёти онхо тасдик кардааст;
– гизои омехтаи кудакони ширмаки синнашон нисбатан калон –гизои шири ё махсулоти ширмонанди хайвонот ё набототи, ки дар саноат мутобики стандартхои давлати ё стандартхои байналмилалии озука истехсолгардида, онро Комиссияи байналмилали оид ба стандартхои озука тасдик кардааст ва чун гизои мувофик барои кудакони ширмакиаз шашмоха калон ва кудакони хурдсол пешниход мешавад;
– пахнкунанда – шахси вокеи ва хукуки, ки ба фуруши яхлухт ё чаканаи гизои таъиноти машгул аст;
– кудакони ширмак (тифлон) – кудакони то 12 – моха;
– кудакони хурдсол – кудакони аз 1 то 3 – сола;
– гизодихии табии (синамакони) – гизодихии табииикудакони ширмак (тифлон) ва кудакони хурдсол;
– муассисаи тиббию санитари – муассисаи давлати ё гайридавлатие, ки бевосита ё бавосита кумаки тиббию санитари мерасонад ё бо маърифати тиббию санитари машгул аст;
– корманди тиб – духтур, хамширахои шафкат ва момодояхое, ки кумаки тиббию санитари мерасонанд ё бо маърифати тиббию санитари машгуланд;
– тамгакогаз (этикетка) – хама гуна тамгачаспак, тамга, нишона, маводи тавсифи, ки ба борбанди хама гуна гизои таъиноти ширеш ё сабт шудааст;
– намуна – гизои таъинотии алохида ё микдоран каме, ки ройгон пешкаш карда мешавад;
– муомилоти гизои кудакон – фаъолияти макомоти давлати, инчунин корхонаю муассиса ва ташкилотхо, сарфи назар аз шаклхои моликияташон, ки гизои таъинотиро истехсол ва коркард менамоянд, нигох медоранд, интикол медиханд, мефиристанд, мефурушанд, таксим мекунанд, нобуд месозанд, вориду содир менамоянд;
– истехсол – чараёни технологие, ки барои ба таври силсилави ба даст овардани гизои таъиноти равона гардидааст;
– интикол – дар худуди каламрави Чумхурии Точикистон, новобаста ба навъи наклиёти истифодашаванда, аз як чой ба чои дигар бурдани гизои таъиноти;
Моддаи 3. Доираи амали Конуни мазкур
Амали Конуни мазкур муносибатхои зеринро фаро мегирад:
– байни макомоти давлати, шахсони вокеи ва хукуки вобаста ба мухайё кардани шароити мусоид барои гизодихии табиии кудакон;
– марбут ба муомилот ва рекламаи гизои омехтаи кудакон, гизои бадалкунандаи шири модар, аз чумла гизои иловаги, инчунин шишачахои шир (ширдуши), макаку пистонак.
Моддаи 4. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи химояи гизодихии табиии кудакон ва назорати давлатии муомилоти гизои кудакон
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи химояи гизодихии табиии кудакон ва назорати давлатии муомилоти гизои кудакон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 5. Кафолатхои хифзи ичтимои ва хукукии модарони ширмакон ва кудакони онхо
Давлат химояи хукуку озоди ва манфиатхои модарони ширмакон ва кудакони онхоро, ки аз тарафи сохтори макомоти давлати амали гардонида мешавад, кафолат медихад.
Ба гайр аз тадбирхои химояи хукукхои мехнати, оилави, ичтимои ва хукукхои дигари модарони ширмакон, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда шудаанд, ин гурух ба имтиёзхои зерин хукук дорад:
– хизматрасонии бенавбат дар муассисахои тибби, савдо ва хуроки умуми, новобаста аз шаклхои моликият ва тобеияти идорави;
– бенавбат харидани чипта ба хама гуна намуди наклиёт;
– истифодаи ройгон аз хизматгузории хонаи модару кудаки марбути саристгоххои рохи охан, фурудгох ва терминалхои наклиёти автомобили;
– ройгон бо худ гирифта бурдани кудакони ширмаку кудакони хурдсоли худ бо наклиёти хавои, оби, рохи охан ва наклиёти чамъиятии мусофиркашониистифодаи умуми.
Бо максади мухайё сохтани шароити мусоид барои модарони ширмакон дар хамаи терминалхои наклиёти автомобили, фурудгоххо, истгоххои рохи охан, дар корхонахои калони саноати, тичорати ва дигар корхонахо хучрахои махсуси модару кудак пешбини карда мешаванд.
Дар наклиёти чамъиятии мусофиркашони ва тайёрахо барои модарони ширмакон чойхои махсуси нишаст пешбини карда мешаванд.
Боби 2.
Ташкил ва амали намудани назорати
давлатии муомилоти гизои кудакон
Моддаи 6. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон
Хукумати Чумхурии Точикистон:
– фаъолиятимакомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатиро дар татбики сиёсати давлати дар сохаи химояи гизодихии табиии кудакон, хифзи саломатии кудакони ширмак ва кудакони хурдсол ба рох мемонад ва танзим менамояд;
– чихати ичрои санадхои мухими Чумхурии Точикистон оид ба химояи гизодихии табиии кудакон чорахо тахия намуда, тадбирхо меандешад;
– аз чониби Чумхурии Точикистон ичро гардидани ухдадорихои байналмилалии сохаи мазкурро таъмин менамояд;
– дигар салохиятхоро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, амали мегардонад.
Моддаи 7. Ташкил ва амали намудани назорати давлати дар муомилоти гизои кудакон
Назорати давлати дар муомилоти гизои кудакон аз тарафи макоми ваколатдор дар сохаи тандурусти, макомоти дигари давлати дар доираи ваколатхои муайяннамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ташкил ва амали карда мешавад.
Моддаи 8. Салохияти макоми ваколатдор дар сохаи тандурусти
Макоми ваколатдор дар сохаи тандурусти:
– аз вазорату идорахои дахлдор, ташкилоту муассисахо сарфи назар аз шаклхои моликият ва тобеияти идорави маълумотеро, ки барои бахисобгири ва назорати фаъолияти онхо дар муомилотигизои таъиноти заруранд, талаб менамояд;
– дар якчояги бо намояндагони вазорату идорахои дахлдор, макомоти хифзи хукук риояи мухлату тартиби нигох доштани гизои таъинотиро тафтиш мекунад;
– фаъолияти ташкилотхои сохаи муомилоти гизои таъинотиро назорат мекунад;
– маълумотро дар бораи талаботи Чумхурии Точикистон багизои таъиноти чамъбаст менамояд ва бо тартиби мукарраргардида манзури Хукумати Чумхурии Точикистон мегардонад;
– ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистонро дар сохаи назорати муомилотигизои таъиноти мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ичро менамояд;
– муоинаи саривактии тиббии модарони ширмакон, кудакони ширмак (тифлон) ва кудакони хурдсолро ба рох мемонад ва онро назорат мекунад;
– назорати дар хонахо аз чониби кормандони тиб мунтазам муоина намудани кудакони ширмак ва кудакони хурдсол, инчунин эмкунии дахлдорро ташкил ва таъмин менамояд;
– барои дар беморхонахо якчоя хобидани модару кудаки ширмак шароити зарури фарохам меоварад ва онро назорат мекунад, ба шарте, ки ин ба хаёту саломатии онхо хатар надошта бошад;
– тамоми гизои таъинотиро бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори ба кайд мегирад ва дар сурати мувофик будани онхо ба меъёрхои дахлдор дар бораи ба кайд гирифтанашон гувохнома (сертификат) медихад;
– бо тартиби мукарраргардида мониторинги холати татбики сиёсати давлатиро дар сохаи химояи гизодихии табиии кудакон, хифзи саломатии кудакони ширмак (тифлон) ва кудакони хурдсол анчом дода, бо вазорату идорахои дахлдор, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидидоракунии махалли ва иттиходияхои чамъияти хамкори мекунад.
Моддаи 9. Салохияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати
Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати бо максади татбики сиёсати давлати дар сохаи химояи гизодихии табиии кудакон, хифзи саломатии кудакони ширмак (тифлон) ва кудакони хурдсол зимни тахия ва татбики барномахои дахлдор:
– ташкили шабакаи шуъбаву бахшхои махсуси ташкилотхои савдоро оид ба фуруши гизои таъиноти танзим менамоянд, мутобики санадхои меъёрии Чумхурии Точикистон низоми кори онхоро бо розигии сохибмулконашон ба мувофика расонида, риояи онро тахти назорат мегиранд;
– бо ризоияти макомоти хифзи табиат ва макомоти дигари давлати чойхои нобуд сохтани гизои таъинотиеро, ки хилофи меъёрхои мукарраргардида мебошанд, инчунин гизои таъинотии мухлати истеъмолаш гузаштаро муайян мекунанд;
– дигар ваколатхои пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро дар сохаи химояи гизодихии табиии кудакон ва назорати давлатии муомилоти гизои кудакон амали менамоянд.
Боби 3.
Муомилоти гизои таъиноти
Моддаи 10. Рекламаи гизои таъиноти
Рекламаи гизои таъиноти тибки мукаррароти Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи реклама» сурат мегирад.
Моддаи 11. Фуруши гизои таъиноти
Фуруши яклухт ва чаканаи гизои таъиноти бо риояи меъёру коидахои амалкунандаи савдо, санитари ва гайра анчом дода мешавад.
Моддаи 12. Махдуд кардани фаъолияти истехсолкунанда ва пахнкунандаи гизои таъиноти
Ба истехсолкунанда ва пахнкунандаи гизои таъиноти бевосита ё ба воситаи шахсони дигар ичро намудани амалхои зерин манъ аст:
– истифодаи усулхои фуруши гизои таъиноти ба монанди ташкили намоиши махсус ва фуруши гизо, мукофотони, гузаронидани бозихо ва хар гуна озмунхо, аз арзиши асли пасттар фурухтани гизо, ба шарте, ки он чори намудани сиёсат ва амалияи нархгузориро бо максади ба муддати дароз бо нархи нисбатан арзон фурухтани ин гизо махдуд накунад;
– ба хар гуна шахс супоридани намунаигизои мазкур;
– тухфа кардан ё нисбат ба нархи эълоншудаи яклухт арзон фурухтан, агар чунин нарх эълон нашуда бошад, аз нархи чакана 80 фоиз арзонтар фурухтани хама гуна гизои таъиноти ба кормандони тиб ё ба муассисахои тиббию санитари;
– тухфа кардан ё дар муассисахои тиббию санитари ба кор бурдани тачхизот ё хизматрасоние, ки бо истифодаи гизои таъиноти алокаманд аст ё мусоидат ба он;
– дар муассисахои тиббию санитари тухфа кардан ё пахн кардани мавод, аз чумла калам, таквиму плакатхо, дафтар, чадвали ченаки кад, бозичахо, инчунин дигар ашёе, ки ба истифодаи гизои таъиноти дахл доранд ё ба ин мусоидат карда метавонанд;
– бо хар гуна усул хавасмандгардонии кормандони тиб ё иттиходияи онхо (иттифокхо, ассотсиатсияхо ва гайра), ки бо масъалахои хифзи саломатии модару кудак сарукор доранд, аз чумла чудо кардани гранту стипендияхо, кумакпули барои тадкикот ё маблаггузории мачлису семинархо, курсхои такмили ихтисос ё конференсияхо;
– сарпарасти дар чорабинихо, мусобикахо ё маъракахои вобаста ба масъалахои занони хомила ё занони ширмакон, падару модари кудакони ширмак ё кудакони хурдсол ё аъзои оилаи онхо, инчунин мусобикаву маъракахои марбути хомиладори, таваллуд, гизодихии табиии кудакони ширмак ё кудакони хурдсол ва гайра, ки бо ин масъалахо алокаманданд;
– хамрох кардани хачми фурушигизои таъиноти ба хисоби мукофотони ё иловапулии кормандон ё мукаррар намудани супориши камтарин барои фуруши гизои таъиноти;
– тухфа ё пахн намудани хар гуна маводи иттилооти ё маърифатии санитари оид ба гизодихии табиии кудакони ширмак ва кудакони хурдсол ё ичрои вазифахои вобаста ба гизодихии табиии кудакони ширмак ё кудакони хурдсол, ба истиснои холатхое, ки онхо иттилоотро оид ба гизои таъиноти манзури кормандони тиб менамоянд ва бо маводи илми ва вокеи махдуд буда, ба чихатхои техники ва усулхои истифодаи гизои мазкур дахл доранд ва танхо ба шарте, ки агар онхо чавобгуи талаботи боби 4 Конуни мазкур бошанд.
Моддаи 13. Махдудиятхое, ки ба тамгакогазхои гизои таъиноти дахл доранд
Истехсолкунанда ё пахнкунандаи гизои таъиноти хукук надорад гизои кудаконро, ба чуз шартхои дар кисми якуми хамин модда пешбинишуда, ба тарики яклухт ё чакана фурушад, агар дар борчома ё тамгакогази онхо ба забони давлати возеху хоно маълумоти зайл сабт нашуда бошад:
– таркиб ва микдори моддахоигизои;
– синну соли зарури (бо ракам ишорашуда), ки баъди расидан ба он гизо тавсия карда мешавад;
– хавфу хатаре, ки дар сурати нодуруст пухтан ё гизодихи то синну соли тавсияшуда ба саломатии кудак тахдид менамояд;
– чузъу таркибхои истифодашуда бо ишораи чои истехсоли шир ё гизои ширмонанди истифодашаванда;
– шароити зарурии нигох доштани гизо пеш аз кушодани борбанд ва баъди он, бо назардошти вазъи иклим;
– раками намуд(гурух), таърихи истехсол ва санае, ки гизо бояд пеш аз гузаштани он, бо назардошти вазъи иклим ва шароити нигахдошт мавриди истеъмол карор гирад;
– ном ва нишонии истехсолкунанда ё пахнкунанда;
– талаботи дигари тавсиянамудаи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон.
Истехсолкунанда ё пахнкунанда хукук надорад гизои омехтаи кудаконро ба чуз шартхои дар кисми якуми хамин модда пешбинишуда, ба тарики яклухт ё чакана фурушад, агар дар борбанд ётамгакогази он ба забони давлати возеху хоно маълумоти зайл сабт нашуда бошад:
– дар бораи афзалият ва манфиати шири модар барои саломатии кудак;
– дар бораи зарурати маслихати духтур, кабл аз огози истифодаи гизои иловаги;
– дар бораи тарзу усули пухтан, чадвали гизодихи, риояи гигиена ва шуста партофтани пасмондаи омехтахои пухташуда.
Дар борчома ё тамгакогаз сабт намудани чунин истилохот ба монанди «мисли шири модар», «бехтар аз шири модар» ё истилохоти ба ин монанд, инчунин хар гуна киёс бо шири модар ё матнхое, ки бо ин ё он усул барои гизодихии табиии кудак монеъ мешаванд ё ахамияти онро паст мезананд,манъ аст.
Дар борчома ё тамгакогази гизои омехтаи кудакони ширмаки синнашон калонтар гайр аз шартхои дар кисмхои дуюм ва сеюми хамин модда пешбинигардида бояд маълумоте сабт шуда бошад, ки ин гизоро ба кудакони аз шашмоха хурд низ додан мумкин нест.
Хангоми ба Чумхурии Точикистон ворид намудани гизои таъинотии дар хамин модда пешбинишуда дар борчома ё тамгакогази онхо маълумоти зикргардида бояд ба забони давлатии Чумхурии Точикистон ифода шаванд.
Моддаи 14. Махдудиятхое, ки ба тамгакогази шишачахои шир (ширдуши), макаку пистонакхо дахл доранд
Истехсолкунанда ё пахнкунанда хукук надорад шишачахои шир (ширдуши), макаку пистонакхоро ба тарики яклухт ё чакана фурушад, ба шарте, ки дар борчома ё тамгакогази он маълумоти зерин ба забони давлати анику равшан ва басо аёну осонхонсабт нашуда бошад:
– дар бораи афзалият ва манфиати шири модар барои саломатии кудак;
– дар бораи зарурати риояи катъии дастури шустан ва катрон (стерилизатсия) кардан, ки бояд бо навиштачот ва суратхо ифода ёфта бошанд;
– дар бораи он, ки муддати дароз макаку пистонакхоро макидани кудакон, инчунин муддати дароз истеъмол намудани гизои моеи ширин, аз чумла гизои омехта боиси пусидани дандони кудак мегардад;
– дар хусуси сурогаи истехсолкунанда ё пахнкунанда дар мамлакат.
Боби 4.
Иттилоот ва маърифати санитари
Моддаи 15. Маводи иттилооти ва маърифати дар бораи гизодихии табиии кудакон
Маводи иттилооти ё маърифати (хатти, савти ё аёни) марбут ба гизодихии табиии кудакон бояд:
– гизодихии табии, фоида ва эхтимоли зиёни онро хангоми иваз намудан бо ивазкунандагони шири модар таргиб намояд;
– танхо иттилооти дурустро фаро гирифта, дар он ягон тасвир ё матне, ки аз шишачахои шир (ширдуши) гизо доданро ташвик менамояд ё монеаи гизодихии табиии кудак мегардад, истифода нашуда бошад;
– ба забони давлати баён гардида бошад;
– харгиз таассурот ё тасаввуротеро, ки гизои таъиноти баробари шири модар ё монанди он аст ва ё хубтар аз он, ё бехтар аз гизодихии табии аст, ба миён наоварад;
– дорои ном ё тамгаи (нишонаи) ягон гизои таъиноти ё ягон истехсолкунанда ва ё пахнкунандаи гизои таъиноти набошад, ба шарте, ки ин мукаррарот нисбат ба иттилоот оид ба гизои таъиноти, ки мутобики талаботи Конуни мазкур манзури кормандони нигахдории тандурусти шуда бошад, татбик намегардад;
– ахамияту манфиат, арзиш ва бартарияту афзалияти гизодихии табииро хусусан дар давоми шаш мохи аввал ва минбаъд то ду сол ё бештар аз ин равшану возех фахмонад.
Моддаи 16. Маводи иттилооти ва маърифати доир ба гизои омехтаи кудакон, гизои омехта барои кудакони ширмаки хурдсол ва дар бораи шишачахои шир (ширдуши)
Маводи иттилооти ва маърифати оид ба гизои омехтаи кудакон, гизои омехта барои кудакони ширмаки синнашон калонтар ё хар гуна гизо ё моеи дигар барои аз шишачахои шир (ширдуши) маконидани кудак бояд маълумоти зеринро ба забони давлати дошта бошанд:
– дар бораи дуруст пухтан ва истифода кардани гизо, аз чумла шустушу ва катрон намудани зарф ва макак, аз пиёла хуронидани кудакони ширмак;
– дар бораи ахамияти тахминан аз шашмохаги ба кудак додани гизои иловаги, чи тавр ва чаро аз шишачаи шир (ширдуши) маконидани кудак ё худ барвакт ба кудак додани гизои иловаги ба гизодихии табиии у таъсири манфи мерасонад, дар бораи ба саломатии кудак хавф доштани аз шишачаи шир (ширдуши) маконидани у ва нодуруст пухтани гизо.
Боби 5.
Мукаррароти хотимави
Моддаи 17. Махдуд кардани фаъолияти кормандони тиб, ки ба хифзи саломатии модару кудак машгуланд
Ба кормандони тиб, ки дар сохаи хифзи саломатии модару кудак кор мекунанд, ичрои амалхои зерин манъ аст:
– гирифтани инъомхо, хар гуна пардохту хадя дар хар гуна шакл аз истехсолкунанда ё аз пахнкунандаи гизои таъиноти ё аз хар шахси дигаре, ки аз номи онхо амал мекунад;
– гирифтани намунаи гизохои таъиноти ё таксими онхо ба хар гуна шахс, инчунин намоиш додани истифодаи гизои омехтаи кудакон ба ягон шахс (ба истиснои баъзе модарон ё аъзои оилаи онхо дар холатхоиистисно ва хангоме, ки ин зарур аст, дар ин холат низ хатман дар хусуси хавфи истифодаи гизои омехтаи кудакон бояд равшану фахмо тавзех дод).
Моддаи 18. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур
Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 19. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур баъди интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
Президенти Чумхурии Точикистон Э.Рахмонов
ш.Душанбе, 22 декабри соли 2006
№ 221
Бо Кодекси тандурустии ЧТ аз 30.05.2017 с., №1413
АЗ ЭЪТИБОР СОКИТ ДОНИСТА ШУД