Главная / Чугрофия / Хифзи хок

Хифзи хок

Конуни Чумхурии Точикистон

Дар бораи хифзи хок  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2009, №9-10,  мод.548)

 Конуни мазкур принсипхои асосии сиёсати давлати, асосхои хукукии фаъолияти макомоти хокимияти давлати, шахсони вокеи ва хукукиро бо максади окилона ва эхтиёткорона истифода бурдани хок, нигох доштани сифат, хосилхези ва хифзи онро аз падидахои манфи муайян карда, мачмуи муносибатхои бо хифзи хок алокамандро танзим менамояд.

 БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

zamin

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

хок – кабати болоии табии ё дар натичаи фаъолияти хочагидори ва намудхои дигари фаъолият тагйирёфтаи замин, ки аз моддахои маъдани ва органики, об, хаво, организмхои хоки ва самараи фаъолияти хаёти онхо иборат буда, хосияти хосилхези, сохт ва хусусиятхои дигари барои мавчудияти набототу хайвонот ва хаёту фаъолияти инсон зарурро дорост;

хифзи хок – мачмуи чорахои хукуки, ташкили, иктисоди ва тадбирхои дигари окилона истифода бурдани хок, инчунин аз харобшави, таъсироти манфии табии ва техногени пешгири ва хифз кардани он;

холати хок – мачмуи нишондихандахое, ки таркиб, сохт ва хусусияти хокро ифода мекунанд;

сифати хок – мачмуи хосиятхои хок, ки чанбахо ва самаранокии ахамияти хокро дар таъмини мухити мусоид барои зисти инсон, наботот ва хайвонот муайян мекунанд;

-кабати хосилхези хок – кабати болоии хок, ки барои нумуи наботот хосияти мусоидро дорост;

хоки нодир – хоке, ки дар шароити беназири табиию иклими ташаккул ёфта, дорои ахамияти махсуси хифзшавандаи табии, илми ва хусусиятхои дигари арзишнок мебошад;

хоке, ки ба он хатари аз байн рафтан тахдид менамояд – хоке, ки аз хосиятхои худ махрум мегардад ё хамчун объекти табии аз байн меравад;

меъёрхои сифати хок – нишондихандахои сохт ва хосиятхои хок, ки ба туфайли онхо хоккобилияти хосилхезиихудро нигох медорад;

таъсиррасонии имконпазир ба хок– натичаи таъсири фаъолияти хочагидори ва тарзхои дигари истифодаи хок, ки дар ин холат меъёрхои сифати хок риоя гардида, аз хадди таъсири чоизи антропогени ба хок зиёд намебошад;

меъёрхои таъсиррасонии имконпазири антропогени ба хок -натичаи таъсири умумии намудхои гуногуни фаъолияти хочагидори ва тарзхои дигари истифодаи хок, ки дар он холат кобилияти табиии хок таъмин мегардад;

ифлосшавии хок – бо хок омехта ва дар он чамъ шудани моддахои зарарноки кимиёви, радиоактиви ва микроорганизмхо, ки сифати хокро хароб месозанд, ба унсурхои дигари мухити табии ва умуман ба мухити зист таъсири манфи мерасонанд;

-харобшавии тадричии хок – бад шудани сохт ва таркиби хок, ки ба олудашави, ботлокшави, шуршави ва омилхои дигари манфи сабаб гардида, хосилхезии онро паст ва таркибашро хароб месозад;

бекувватии хок – тагйир ёфтани сохт ва хосиятхои хок, ки дар натичаи он моддахои гизои кам гашта,  хосилхезиашро паст мекунад;

вайрон шудани хок – кисман ё пурра (ба таври механики) нобуд  ва вайрон гардидини таркиби хок;

баркарорсозии хок – андешиданичорахо дар бобатибаркарор намудани холати табиии сохт, сифат ва хусусиятхои хок.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифзи хок

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифзи хок ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, санадхои дигари меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст,  иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Хамкории байналмилали дар сохаи хифзи хок

  1. Хамкории байналмилали дар сохаи хифзи хок мутобики принсип ва меъёрхои эътирофнамудаи хукуки, шартномахои байналмилали ва конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.
  2. Самтхои асосии хамкории байналмилали дар сохаи хифзи хок инхоянд:

-иштирок дар шартномахо, барномахо ва лоихахои байналмилали  дар сохаи хифзи хок;

– мутобик гардонидани стандарту меъёрхои Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи хок бо стандарту меъёрхои байналмилали;

-мубодилаи иттилооти илмию техники ва иттилооти дигар дар сохаи хифзи хок.

 

БОБИ 2. АСОСХОИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОХАИ ХИФЗИ ХОК

 

Моддаи 4. Принсипхои асосии сиёсати давлати дар сохаи хифзи хок

Принсипхои асосии сиёсати давлати дар сохаи хифзи хок аз инхо иборатанд:

-таъмини истифодаи окилона ва нигохдории хок хамчун мухимтарин чузъи мухити табии;

-таъмини татбики технологияхои хифзи хок ва чорахои дигари пешгири аз олудашави ва харобшавии хок дар рафти фаъолияти хочагидори ва фаъолиятхои дигар;

– сари вакт гузаронидани тахкикот ва ошкор намудани тагйироти холати хок;

– андешидани тадбирхо барои хосилхез гардонидани хок ва баркарор кардани хоки харобгардида;

-илман асоснок кардани чорабинихо дар сохаихифзи хок;

-ошкор, пурра ва сахех будани маълумоти холати хок ва тадбирхое, ки барои хифзи хок андешида мешаванд;

-иштироки мутахассисон дар мавриди кабули карорхо дар сохаихифзи хок;

– ногузир будани чавобгари барои зарари ба хок расонидашуда.

 

Моддаи 5. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи  хифзи хок

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаихифзи хок дохил мешаванд:

-амали намудани сиёсати ягонаи давлати;

– муайян кардани макоми ваколатдор;

– тасдики санадхои меъёрии хукуки;

-тахия ва маблаггузори ба барномахои чомеъ ва максадноки давлати;

-ташкили мониторинги давлатии холати хок, муайян кардани тартиби гузаронидани мониторинги истехсоли;

-мукаррар намудани тартиби мансуб донистани хок ба хоки нодир ва хоке, ки ба он хавфи нобудшави тахдид мекунад;

-муайян намудани тартиби назорати давлатии хифзи хок;

-бастани созишномахо ва шартномахои байнихукумати ва андешидани тадбирхо чихати ичрои онхо;

– ваколатхои дигар оид ба хифзи хок, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст.

 

Моддаи 6. Барномахои хифзи хок

  1. Барои хифзи гуногуннавъии хок, аз чумла пешгири аз олуда ва харобшавии он барномахои чомеъ ва максадноки давлатию минтакави кабул карда мешаванд.
  2. Дар барномахои чомеъ дар баробари пешбини намудани тадбирхо дар сохаихифзи хок чорабинихои дигари хифзи мухити зист низ пешбини карда мешаванд.
  3. Дар барномахои максадноки давлати ва минтакави хифзи хок аз эрозияи оби ва боди, баркарор намудани хокхои харобшуда, андешидани тадбирхо бо максади баланд бардоштани хосилхезии хок ва тадбирхои дигари ба хифзи хок мусоидаткунанда пешбини мегарданд.

 

Моддаи 7. Мукаррар намудани меъёрхо дар сохаи хифзи хок

  1. Бо максади хифзи хок, таъмини ичрои корхои санитарию гигиени, экологи ва хочагидори меъёрхои давлатии сифати хок, меъёрхои чоизи таъсиррасони ба хок ва меъёрхои дигар мукаррар карда мешаванд.
  2. Нишондихандахои меъёрии сифати хок шомили нишондихандахои хадди чоизи гилзати моддахои кимиёви, радиоактиви, биологи ва микроорганизмхо дар хок ва тагйироти чоизи таркиб, сохт ва хусусиятхои он, ки ичрои вазифахояшро таъмин менамоянд, буда бо назардошти навъи хок ва таъйиноти максадноки замин мукаррар карда мешаванд.
  3. Нишондихандахои меъёрии таъсири чоиз ба хок шомили нишондихандахои меъёрии таъсири намуди мушаххаси чоизи фаъолияти хочагидори ва фаъолиятхои дигар ба хок, ки марбут ба сарчашмаи мушаххаси таъсир хастанд ва нишондихандахои фишори чоизи антропогени ба хок мебошанд.
  4. Нишондихандахои меъёрии чоизи антропогени ба хок аз руи хар намуди таъсир ба хок ва мачмуи таъсир ба хоки тамоми махалли муайян бо назардошти хусусиятхои ташаккули хоки минтакахои гуногуни табиии иклими, кобилияти худбаркароркунии хок ва таъйиноти  максадноки замин мукаррар карда мешаванд.
  5. Нишондихандахои меъёрии таъсири чоизи антропогени ба хоки замини киштзорхо бояд хосилхезии онро таъмин намоянд.
  6. 6. Нишондихандахои меъёриисохаи хифзи хок аз тарафи макомоти ваколатдори давлати мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 8. Мониторинги хок

  1. Мониторинги хок аз мушохидаи мунтазами холати он бо максади ошкор намудани тагйирот дар сохт ва сифати он иборат буда, тахкикоти хок, баходихии он ва пешбинии тадбирхо чихати пешгирии падидахои манфии онродар бар мегирад.
  2. Мониторинги давлатии холати хокро макомоти ваколатдори давлати дар доираи мониторинги давлатии экологи ва (ё) мониторинги замин мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали месозанд.
  3. Мониторинги давлатии холати хок аз хисоби бучети давлат амали карда мешавад.
  4. Шахсони вокеи ва хукуки, ки бо фаъолияти хочагидори ва фаъолиятхои дигар машгуланд ва дар натичаи фаъолияти онхо ба хок таъсири манфи расидааст, ухдадоранд мониторинги холати хокро анчом диханд. Дар ин холат мониторинги холати хок аз хисоби шахсоне, ки фаъолияти онхо ба холати хок таъсири манфи расонидааст, амали гардонда мешавад.

 

Моддаи 9. Тахкики хок

  1. Максад аз тахкики хок муайян кардани холат ва сифати он, андешидани чорахо оид ба хифз, баркарор ва бех намудани холати хок мебошад.
  2. Тахкики хок дар асоси карори Хукумати Чумхурии Точикистон, карори макомоти ваколатдори давлати ё бо ташаббуси истифодабарандагони замин гузаронида мешавад.
  3. Тахкики хок бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон гузаронида шуда, он мавкеи навъ ва зернавъхои хоки китъаи замин, холати санитари ва экологии хок, инчунин хусусиятхои дигари онро муайян менамояд.
  4. Тахкики хок аз тарафи макомоти ваколатдори давлати ё шахсони мутасаддии ин намуди фаъолият бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
  5. Маълумот оид ба тахкики хок, харитахои хок, хисобот дар бораи холати хок ва хуччатхои расмии дигарро дар бар мегирад.
  6. Харитахои хок дар асоси маълумоти кадастри давлатии замин, мониторинги давлатии экологи, тахкики хок ва маълумоти дигар дар бораи хок тартиб дода мешаванд.

 

Моддаи 10. Маълумот дар бораи холати хок

Маълумот дар бораи холати хок ва маълумот чихати андешидани тадбирхо оид ба хифзи он аз чониби макомоти ваколатдори давлати пешниход карда мешаванд.

 

БОБИ 3. ТАЛАБОТ БА ХИФЗИ ХОК

 

Моддаи 11. Хифзи кабати  хосилхези хок

  1. Хифзи кабати хосилхези хок яке аз вазифахои асосии макомоти хокимияти давлати ва шахсони вокеию хукукии Чумхурии Точикистон ба шумор меравад.
  2. Хангоми ичрои фаъолияти хочагидори ва намудхои дигар фаъолият хифзи кабати хосилхези хок бояд таъмин карда шавад.
  3. Шахсони вокеи ва хукуки хангоми дар китъахои замини дорои хоки хосилхез бунёд кардани биною иншоотхо ва машгул шудан бо намудхои дигари фаъолияти гайрикишоварзи чихати хароб накардани кабати хосилхези хок, онро бурида гирифта, ба чойи дигар,  ки шароити мусоид дорад, интикол медиханд.
  4. Кабати хосилхези хоки бурида гирифташуда барои баркарор намудани хоки заминхои хароб ва олудагашта, заминхои камхосил, бехтар кардани сифати хоки киштзорхо, инчунин барои аз худ кардани китъахои замини нав истифода мешавад.
  5. Чойхои нигохдории кабати хосилхези хоки бурида гирифташуда ва истифодаи минбаъдаи онро макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахру нохияхо муайян мекунанд.
  6. Кабати хосилхези хокро аз марзи маъмурии Чумхурии Точикистон баровардан манъ аст. Намунаи хок ва коллексияхои хок танхо ба максадхои илми бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ба хоричи кишвар бароварда мешаванд.

Моддаи 12. Талабот ба хифзи хок хангоми  банакшагири, лоихакаши ва сохтмон

  1. Хангоми банакшагири, лоихакаши ва сохтмони биною иншоотхо талабот оид ба хифзи хок  бояд риоя карда шавад.
  2. Дар тахияи лоихахои шахрсози, меъмори ва сохтмон баробари ба инобат гирифтани талаботи экологию санитари бояд тадбирхо оид ба хифзи хоки хосилхез хатман пешбини карда шаванд.

 

Моддаи 13. Талабот ба хифзи хок хангоми ичрои фаъолияти истехсоли, истифодабарии объектхои фаъолияти  хочагидори ва дигар намуди фаъолият

  1. Фаъолияти истехсоли, истифодабарии объектхои фаъолияти хочагидори ва намудхои дигар фаъолият, ки ба хок таъсири манфи мерасонанд, бояд мутобики талабот ва нишондихандахои меъёри хифзи хок ба рох монда шавад.
  2. Бо максади пешгирии ифлосшавии хок шахсони вокеи ва хукуки хангоми фаъолияти истехсоли, истифодаи объектхо ва намудхои дигари фаъолият,  ки ба хок таъсири манфи мерасонанд, ухдадоранд технологияхои самарабахши тоза кардани  чангу дуд ва  партовхои дигарро ба рох монда, объектхояшонро бо тачхизоти махсуси поксози таъмин намоянд.
  3. Дар холати аз чониби шахсони вокеи ва хукуки истифода намудани объектхо ва машгул шудан бо намудхои дигари фаъолият, ки ба холати хок таъсири манфи расонида метавонанд, гузаронидани мониторинги истехсолии холати хок аз чониби онхо хатми мебошад.
  4. Агар хоки китъахои замин дар натичаи истифодаи объектхо ва намудхои дигари фаъолият ифлосгашта, ба саломатии ахоли хатар тахдид намояд, шахсони вокеи ва хукуки вазифадоранд, кабати олудашудаи хокро бурида гирифта, дар чои махсус гуронанд ва бо тартиби маъмули бо хоки тоза рупуш намоянд.

 

Моддаи 14. Талабот оид ба хифзи хок хангоми бархам додан ё  муваккатан аз амал боздоштани объектхои хочагидори  ва намудхои дигари фаъолият

Дар сурати бархам додан ё муваккатан аз амал боздоштани объектхои хочагидори ва намудхои дигари фаъолият, ки ба холати хок таъсири манфи мерасонанд, шахсони вокеи ё хукукие, ки дар объектхои мазкур фаъолият мекунанд, вазифадоранд холати хокро тахкик намуда, барои баркарор кардани холати мусоиди истифодаи минбаъдаи он мутобики таъйиноти максаднок тадбирхо андешанд.

 

Моддаи 15. Талабот ба хифзи хок  аз ботлокшави ва шуршави

  1. Барои хифз намудани хок аз ботлокшави ва шуршави аввал корхои вобаста ба тахкики хок гузаронида мешаванд.
  2. Бо максади хифзи хок аз ботлокшави ва шуршави лоихахои заминсозии дохилихочаги тахия карда мешаванд, ки дар онхо тадбирхои агротехники, мелиоративи ва тадбирхои дигар пешбини мегарданд.
  3. Бо назардошти натичахои тахкики хок барои хифзи он аз ботлокшави ва шуршави тадбирхои зерин андешида  мешаванд:

– тоза кардани захбуру захкашхо то хадди муайяннамудаи лоихаи паст кардани сатхи обхои зеризамини;

– обшуй кардани заминхои шур;

– риоя кардани меъёри обёри мутобики накшаи обёрикуни ва  эхтиёчоти зироат;

– ичрои корхои дигари агротехники ва мелиоративи, ки ба хифзи заминхо аз ботлокшави ва шуршави мусоидат мекунанд.

 

Моддаи 16. Талабот оид ба хифзи хок аз камгизои ва хушку сахтшави

  1. Истифодабарандагони замин ухдадоранд барои камгизо, хушк ва сахт нашудани хок, инчунин баркарор намудани хосилхезии хок, хусусиятхои кимиёви ва биологии он, тадбирхо андешанд.
  2. Бо максади пешгирии камгизо нашудани хок бо назардошти натичахои тахкики хок, аз чумла аз харитаи агрокимиёви ва корхои лаборатори истифода карда, ба хок мутобики меъёрхои зарури нурихои маъдани ва органики андохта мешаванд. Барои хифз намудани хок аз камгизошави ва баланд бардоштани хосилхезии он накша ватартиби муайяни киштгардони зироатхоро чори намудан зарур аст.
  3. Чорабинихо оид ба пешгирии хушкшавии хок дар доираи корхои мелиоративи ва агротехникии зерин анчом дода мешаванд:

– вобаста ба махалли чойгиршавии табиии хок  ва бо назардошти намуди зироат тахия кардани накшаи истифодабарии об ва обёрии замин тибки меъёрхои  муайяншуда;

– бо максади нигох доштани намнокии хок пеш аз боришоти  барфу борон мутобики талаботи агротехники шудгор кардани заминхо.

  1. Барои хифзи хок аз сахтшави дар баробари андешидани тадбирхои пешбининамудаи кисмхои 2 ва 3 моддаи мазкур чорахои иловаги оид ба нарм намудани хокхои сахтшуда ва кишти зироатхое, ки хусусияти ковок кардани хокро доранд, андешида мешаванд. Хамзамон барои сахт нашудани хок ба замин нурихои маъдани ва   органики андохта мешаванд.

 

Моддаи 17. Талабот оид ба баркарор намудани хоки харобгардида

  1. Истифодабарандагони замин ва хочагидорони дигаре, ки барои истифода китъахои замин доранд ва дар натичаи амал ё беамалии онхо хоки заминашон хароб гардидааст, ухдадоранд барои баркарор намудани он тадбирхо андешанд.
  2. Харочоти баркароркунии хоки харобгашта аз чониби шахсони вокеи ва хукуки,  ки бинобар амал ё беамалии онхо хароб гардидааст, чуброн карда мешаванд.
  3. Тадбирхо оид ба баркароркунии хоки харобшуда дар асоси усулхои илми ва бо назардошти намуд ва дарачаи харобшавии он, кобилияти табиии аз нав баркароршавии хок, инчунин бо назардошти таъйиноти максадноки хок андешида мешаванд.
  4. Хангоми баркарор кардани хоки харобгардида тартиби махсуси истифодаи китъаи замини дорои чунин хок чори карда мешавад, ки ин амал барои баркарор намудани хосият ва хосилхезии хок,  камтар кардани таъсири антропогени ва пурра баркарор гаштани фаъолияти зарурии он равона карда мешавад.
  5. Агар дар рафти фаъолияти хочагидори холати хок мунтазам хароб гардида ё  бо моддахои зараровар беш аз пеш олуда шуда, ба саломатии одамон хатар тахдид намояд, истифодабарии ин гуна китъахои замин боздошта мешавад.
  6. Кабати хоки бо моддахои радиоактиви ё бо моддахои дигари ба хаёт ва саломатии инсон зарарнок олудашудаи хок бурида гирифта, бо тартиби муайянкардаи Хукумати Чумхурии Точикистон дар чойи махсус гуронда мешавад.
  7. Дар сурати катъ гардидани хукуки истифодаи китъаи замин мутобики банди «д» моддаи 37 Кодекси замини Чумхурии Точикистон шахсони вокеи ва хукуки аз чуброни зарари ба хок расонидаашон озод карда намешаванд.

 

БОБИ 4. НАЗОРАТ ДАР СОХАИ ХИФЗИ ХОК

 

Моддаи 18. Назорати давлати дар сохаи хифзи хок

  1. Назорати давлатии хифзи хок дар доираи назорати давлатии экологи, назорати давлатии истифодабарию хифзи замин ва назорати таъмини бехбудии санитарию  эпидемиологии ахоли сурат мегирад.
  2. Назорати давлатии хифзи хок амалхои зеринро дар бар  мегирад:

-назорати холати хок дар рафти фаъолияти хочагидори ва намудхои дигари фаъолият;

-назорати ичрои талабот ва риояи нишондихандахои меъёри хифзи хок;

-назорати ичрои чорабинихои пешбининамудаи хуччатхои заминсози, шахрсози ва экологи, инчунин хуччатхои дигар, ки тадбирхои пешгирии хароб ва олудашавии хок, баркарорсозии он ва рафъи чараёнхои манфиро дар хок фаро гирифтаанд;

-санчиши дурустии маълумоте, ки дар бораи холати хок пешниход карда шудааст;

-андешидани чорахо оид ба рафъи камбудихо дар сохаи хифзи хок.

  1. Макомоти ваколатдор ва тартиби назорати давлатиро дар сохаи хифзи хок Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 19. Назорати чамъияти ва истехсолии хифзи хок

Назорати чамъияти ва истехсолии хифзи хок бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали гардонида мешавад.

 

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 20. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни  мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки, ки талаботи Конуни мазкурро риоя намекунанд, тибки  конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 21. Тартиби мавриди  амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                        Эмомали  Рахмон

 

               ш. Душанбе, 16 октябри соли 2009,

               №555

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vaxsh

НОХИЯИ ВАХШ

Нохияи Вахш аз номи дарёи Вахш гирифтаишудааст, ки аз куххои чанубии Киргизистон тавассути минтакахои зиёди …