Главная / Биология / Харакати ситоплазма

Харакати ситоплазма

Ба хучайра дохилшавии моддахо: Агар баргчаи растании оби – чилбанди оби (элодея)-ро, ки бештар дар аквариумхо (зарфи шишагии махсус сохташуда) парвариш мекунанд, дар зери микроскоп аз назар гузаронем, харакати ситоплазмаро дар хучайрахои барги он мушохида карда метавонем. Ба мудом амалкунандагии ин харакат нигох накарда, мушохидаи он душвор аст. Зеро, ситоплазмаи хар кадом хучайраи чилбанди обиро вакуола ба лифофа чафс кардааст. Пластидхои сабзи хучайраи барг хамрохи ситоплазма ба кади лифофаи хучайра ба як самти муайян чой иваз мекунанд. Мо факат тавассути чой иваз кардани ин пластидхои сабзранг харакати ситоплазмаро пай мебарем.

sitoplazmaХаракати ситоплазмаро инчунин дар хучайрахои муяки растании хонаги традескансия, ки дар асоси барг мавчуд аст, нагз дидан мумкин аст. Аммо дар ин холат мо харакати ситоплазмаро на аз руи чой иваз кардани пластидхои сабз, балки аз руи моддахои иловагии гурушанок (донача-донача) пай мебарем.

Харакати ситоплазма барои дар хучайра чой иваз кардани моддахои гизои ва хаво кумак мерасонад.

Одатан ситоплазмаи як хучайраи зинда аз ситоплазмаи дигар хучайрахои хамшафат чудо нест. Торхои ситоплазма аз сурохчахои хурди лифофаи хучайра гузашта, хучайрахои хамшафатро бо хам мепайванданд.

Тамоми узвхои растани – реша, поя, барг, гул ва мева аз хучайрахо иборат буда, хар кадом хучайра дар алохидаги чузъи нихоят хурдтарини таркибии растани ба хисоб меравад.

Хучайрахо ба хамдигар чафсанд ва бо моддаи байнихучайравии махсус, ки дар байни лифофаи хучайрахои хамшафат мавчуданд, пайваст шудаанд. Агар ин моддахои байнихучайрави вайрон шаванд, хучайрахо аз хам чудо мешаванд. Чунин ходиса дар себи пухта, тарбузу помидори пухта руй медихад. Картошкаи чушонида аз он сабаб пошхуранда аст, ки моддахои байнихучайравии он хангоми чушонидан вайрон ва хучайрахо аз хам чудо шудаанд.

Хар кадом хучайраи зинда нафас мекашад, гизо мегирад ва як муддати муайян месабзад. Хучайрахо моддахоеро, ки барои гизогири ва нафаскашиашон заруранд, тавассути хучайрахои хамшафаташон ва чавфхои (холигихои) байнихучайрави мегиранд. Ба растани бошад ин моддахо аз хаво ва хок дохил мешаванд. Кариб тамоми моддахои хаётан зарури хучайра дар намуди махлул аз лифофааш мегузаранд.

Барои донистани хосияти лифофаи хучайра чунин тачриба мегузаронем. Ба халтачаи полиэтилени махлули сери канд ё намак мерезем. Онро ба найчаи шишагини пуки сурохдор баста, халтачаро ба стакани оби софдошта мегузорем.

Баъд аз гузаштани чанд фурсат хачми халтачаи махлулдошта зиёд шуда, сатхаш дар найчаи шишаги аз худуди аввалааш то андозаи муайян ба боло мебарояд.

Ин тачриба шаходат медихад, ки ба туфайли девори халтачаи полиэтилени оби дар стакан буда ба он дохил мешавад ва сатхи махлули оби дар найча баланд мешавад.

Хамин тавр, об ва махлули моддахои барои хаёти растанихо зарур, айнан бо хамин рох аз лифофаи хучайра гузашта, ба ситоплазмаи хучайра дохил мешаванд ва дар фаъолияти хаётии хучайраи растанй истифода мешаванд.

  1. Харакати ситоплазмаро чи тавр мушохида кардан мумкин аст?
  2. Харакати ситоплазма дар хучайрахо барои растани чи ахамият дорад?
  3. Дар растани кадом узвхо мавчуданд ва онхо аз чихо иборатанд?
  4. Чаро хучайрахое, ки растани аз онхо иборатанд, аз хам чудо намешаванд?
  5. Об ва моддахои гизои ба хучайра чи гуна дохил мешаванд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …