Главная / Гуногун / Харакати миллию озодихохии халки Ветнам

Харакати миллию озодихохии халки Ветнам

Дар Ветнам режими мустамликавии Фаронса ба муборизаи миллию озодихохии Ветнам ру ба ру шуд. Дар солхои 80 – 90-уми асри XIX харакати зидди Фаронса бо номи “кон вионг” (“хифзи император”), ё ки “вегхан” (“харакати олимон”) машхур аст. Ба он ватандусти матин Фан-дин-Фунг рохбари мекард.

3 июни соли 1885 ба Хюге сарфармондехи нерухои экспедитсионии Фаронса де Курси омада, талаб мекунад, ки хукуматдорони Ветнам пурра ба маъмурияти Фаронса итоат кунанд. Барои мухокимаи ин талаб Шурои давлати чамъ омад. Кисми иштирокчиёни чаласа бар он акида буданд, ки ба истило шудани мамлакат тан дода, ба фаронсавихо итоат кардан лозим аст. Кисми дигари онхо бар зидди мустамликадорон муборизаи мусаллахона бурданро такозо карданд.Ба ин гурух ёвари император Тон-тхат-Тхуат хам дохил буд. У тавонист император Хам Нгиро бовар кунонад, ки бар зидди Фаронса ба мубориза бархостан лозим аст. Шаби 3-юми июн артиши Ветнам ба калъаи Хюе хучум карданд, вале ба фаронсавихо муяссар шуд, ки ин хучумро зада гардонанд ва шуришро дар Хюе пахш кунанд. Император Хам Нги бо ахли рикоби худ мачбур шуд, ки ба яке аз музофотхои маркази – ба Куангчи фирор кунад. Аз он чо хам Нги бо сипохаш ба Шимол рафта, музофоти Тханхоаро ишгол кард. Вале мохи ноябри соли 1888 уро фаронсавихо дастгир карда ба Алчазоир бадарга намуданд. Тон-тхат-Тхуат ба ёрии император мешитобад, вале дар рох халок мешавад.

harakati-milli-ozodixohi-dar-vetnam

Ватандустони Ветнами Маркази ва Шимоли бар зидди истилогарони Фаронса муборизаи кахрамонона мебурданд. Дар байни онхо Де Тхам машхур буд. У истеъдоди фавкулоддаи харбию ташкилотчиги дошт. Де Тхам дастахои дехконон, “Байракхои сиёх” ва кабилахои кухистониро муттахид карда, бар зидди фаронсавихо то дами вопасин мубориза бурд.

Огози асри XX дар харакати миллию озодихохии халки Ветнам ду чараён мушохида карда шуд – чараёни чумхурихохон ва чараёни ислохотхохон. Ба чараёни якум Фан-бой-Тяу рохбари мекард. Ин чараён бар он акида буд, ки мустамликадорони Фаронсаро пеш карда, дар Ветнам низоми шакли конститутсиони ташкил кардан лозим аст. Чонибдорони чумхури ба чамъияти пинхонкори “Донг-зу” (“Мурочиат ба Шарк”) дохил буданд. Онхо муборизаи мусаллахонаро хамчун воситаи амали гардидани ормонхои худ рад мекарданд. Рохбари чараёни ислохотхохон Фан-тю-Чин буд. Ин чараён чонибдори дар асоси ислохот дигаргун сохтани мамлакат буд. Чараёни ислохотхохон дар дигаргунсозихои Ветнам хамкориро бо Фаронса рад намекард. Пайравони Фан-тю-Чин дар чамъияти “Зуй-тан” (“Дигаргунсози”) муттахид шуда буданд.

Соли 1908 чамъияти “Зуй-тан” барои дастгирии мутлакият ва аз нав баркарор кардани хокимияти император Тхан Тхак намоиш ташкил намуд, ки он ба шуриш табдил ёфт. Империалистони Фаронса ин шуришро пахш карданд. Фан-тю- Чин бадарга карда шуд.

Фан-бой-Тяу ин вакт дар мухочират буд. Бо иштироки у дар Чопон ва чойхои дигар созмонхои ватандустонаи “Чамъияти тичоратии Ветнам”, “Лигаи Осиёи Шарки” ва “Чамъияти эхёи Ветнам” ташкил карда шуданд. Соли 1912 дар Гонконг (Сянган) хукуматии муваккатии Ветнам ташкил карда шуд, ки дар он Фан- бой-Тяу мансабхои ноиби нахуствазир ва вазири корхои хоричиро ба ухда дошт. Соли 1914 бо талаби генерал-губернатори Фаронса хукуматдорони Гонконг Фан-бой-Тяуро ба махбас партофтанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …