Главная / Гуногун / Ҳаракати миллию озодихоҳии халқи Ветнам

Ҳаракати миллию озодихоҳии халқи Ветнам

Дар Ветнам режими мустамликавии Фаронса ба муборизаи миллию озодихоҳии Ветнам ру ба ру шуд. Дар солҳои 80 – 90-уми асри XIX ҳаракати зидди Фаронса бо номи “кон вионг” (“ҳифзи император”), ё ки “вегхан” (“ҳаракати олимон”) машҳур аст. Ба он ватандӯсти матин Фан-дин-Фунг роҳбарӣ мекард.

3 июни соли 1885 ба Хюге сарфармондеҳи нерӯҳои экспедитсионии Фаронса де Курсӣ омада, талаб мекунад, ки ҳукуматдорони Ветнам пурра ба маъмурияти Фаронса итоат кунанд. Барои муҳокимаи ин талаб Шурои давлатӣ ҷамъ омад. Қисми иштирокчиёни ҷаласа бар он ақида буданд, ки ба истило шудани мамлакат тан дода, ба фаронсавиҳо итоат кардан лозим аст. Қисми дигари онҳо бар зидди мустамликадорон муборизаи мусаллаҳона бурданро тақозо карданд.Ба ин гурӯҳ ёвари император Тон-тхат-Тхуат ҳам дохил буд. Ӯ тавонист император Ҳам Нгиро бовар кунонад, ки бар зидди Фаронса ба мубориза бархостан лозим аст. Шаби 3-юми июн артиши Ветнам ба қалъаи Хюе хуҷум карданд, вале ба фаронсавиҳо муяссар шуд, ки ин ҳуҷумро зада гардонанд ва шӯришро дар Хюе пахш кунанд. Император Ҳам Нги бо аҳли рикоби худ маҷбур шуд, ки ба яке аз музофотҳои марказӣ – ба Куангчӣ фирор кунад. Аз он ҷо ҳам Нги бо сипоҳаш ба Шимол рафта, музофоти Тханхоаро ишғол кард. Вале моҳи ноябри соли 1888 ӯро фаронсавиҳо дастгир карда ба Алҷазоир бадарға намуданд. Тон-тхат-Тхуат ба ёрии император мешитобад, вале дар роҳ ҳалок мешавад.

harakati-milli-ozodixohi-dar-vetnam

Ватандӯстони Ветнами Марказӣ ва Шимолӣ бар зидди истилогарони Фаронса муборизаи қаҳрамонона мебурданд. Дар байни онҳо Де Тҳам машҳур буд. Ӯ истеъдоди фавқулоддаи ҳарбию ташкилотчигӣ дошт. Де Тҳам дастаҳои деҳқонон, “Байракҳои сиёҳ” ва қабилаҳои куҳистониро муттаҳид карда, бар зидди фаронсавиҳо то дами вопасин мубориза бурд.

Оғози асри XX дар ҳаракати миллию озодихоҳии халқи Ветнам ду ҷараён мушоҳида карда шуд – ҷараёни ҷумҳурихоҳон ва ҷараёни ислоҳотхоҳон. Ба ҷараёни якум Фан-бой-Тяу роҳбарӣ мекард. Ин ҷараён бар он ақида буд, ки мустамликадорони Фаронсаро пеш карда, дар Ветнам низоми шакли конститутсионӣ ташкил кардан лозим аст. Ҷонибдорони ҷумҳурӣ ба чамъияти пинҳонкори “Донг-зу” (“Муроҷиат ба Шарқ”) дохил буданд. Онҳо муборизаи мусаллаҳонаро ҳамчун воситаи амалӣ гардидани ормонҳои худ рад мекарданд. Роҳбари ҷараёни ислоҳотхоҳон Фан-тю-Чин буд. Ин ҷараён ҷонибдори дар асоси ислоҳот дигаргун сохтани мамлакат буд. Ҷараёни ислоҳотхоҳон дар дигаргунсозиҳои Ветнам хамкориро бо Фаронса рад намекард. Пайравони Фан-тю-Чин дар ҷамъияти “Зуй-тан” (“Дигаргунсозӣ”) муттаҳид шуда буданд.

Соли 1908 ҷамъияти “Зуй-тан” барои дастгирии мутлақият ва аз нав барқарор кардани ҳокимияти император Тхан Тхақ намоиш ташкил намуд, ки он ба шӯриш табдил ёфт. Империалистони Фаронса ин шӯришро пахш карданд. Фан-тю- Чин бадарға карда шуд.

Фан-бой-Тяу ин вақт дар муҳоҷират буд. Бо иштироки ӯ дар Ҷопон ва ҷойҳои дигар созмонҳои ватандӯстонаи “Ҷамъияти тиҷоратии Ветнам”, “Лигаи Осиёи Шарқӣ” ва “Ҷамъияти эҳёи Ветнам” ташкил карда шуданд. Соли 1912 дар Гонконг (Сянган) ҳукуматии муваққатии Ветнам ташкил карда шуд, ки дар он Фан- бой-Тяу мансабҳои ноиби нахуствазир ва вазири корҳои хориҷиро ба ӯҳда дошт. Соли 1914 бо талаби генерал-губернатори Фаронса ҳукуматдорони Гонконг Фан-бой-Тяуро ба маҳбас партофтанд.

Рабство

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …