Главная / Гуногун / Хачвияи – ДУСТ ДОШТАНИ ЗАН

Хачвияи – ДУСТ ДОШТАНИ ЗАН

Чехраи Асад кохида ва мушавваш буд. Гуиё кухпорае ба тахтапушташ афтида бошад, базур пой аз замин бардошта, канда-канда кадам мезад. Самад уро бори аввал дар ин хол медид.

– Ха, Асад-бой! Тинчи-ми? – дархол пурсид Самад. – Хотират парешон, аз кошу кавокат барфу борон мерезад?

– Эх напурс, – бо абрувони гирехбаста чавоб дод Асад. – Зан гирифтам, зан.

– Зан гирифти? – Самад мутахайирона ба руи у нигарист. – О, ин нагз-ку! Табрик!

– Нагз-куя… – забон хоид Асад.

Аз чизе магар дили Самад раг зад, ки кунчковона ба руи у дида духт. Сипас бо рагбату хавотири пурсид:

– Ё арус безеб-ми?

– Не, зебо аст, аммо… – мад кашида хомуш монд Асад.

– Чи “аммо”? – бо исрор пурсид Самад.

Асад ба абрувонаш хаёл андохта, каме хомуш шуду сипас гуфт:

– Аммо уро дуст намедорам.

– Эх, рузат сахт будааст, – дилсузона гуфт Самад.

Асад аз сина охи бадарде кашида гуфт:

– Намедонам чи хел кунам, ки уро дуст дорам.

– Чорае хаст, хеле осон! – хушнудона нидо намуд Самад.

– Рост?! Чи чора?! – дар нигохи Асад  дурахше падид омад.

– Занатро бизан, – гуфт у хунсардона. – Ха, сахт бизан, то мурданаша!

Гуиё ин дам ба пои Асад хори маргелон халид, ки дар чои худ таконе хурд.

– Бизанам?! – аз хайрат дахонаш воз гашт. – Барои чи?

– Занатро ки зади, у ба як холи зоре меафтад. Дилат ба у месузад. Дилат, ки сухт, уро дуст хохи дошт.

М   У   Р

Али ду хафта дар Маскав гашт, тамошо кард, латаву паттаи бисёре харид. Хамаи онро ба ду чомадон чо намуд. Вакте ки бо чомадонхои бугуз аз мехмонхона баромада, базур пояш ба пояш печида суи истгох мерафт, марде сари рохашро гирифт. Ва мушташро таги бинии Али бурда:

– Мур! – гуфт.

– Чи-и-и?! – чашмони Али аз хайрат калон-калон кушода мешаванд.

– Мур! – боз нидо намуд мард.

– Чи гуфти-и?! – газаби Али якбора чуш зад. – Чи гуфти, кофири номусулмон?!

– Мур! – боз нидо намуд мард.

– Мурам?! Номаъкул карди!..

– Мур! – бори чорум нидо намуд мард.

Чомадонхо аз дасти Али ба замин афтиданд.

– Ана ба ту мурдан! – гуён, чанд мушт ба сару руи мард фуровард.

Ду марди дигар ба ёри омада, дасти Алиро тоб доданду завлона заданд ва ба милисахона бурданд.

– Чиба коркуни милисаро хангоми ичрои вазифа зади? – пурсид аз Али сардори милисахо.

– Охир, маро мур гуфт, – бо хаячон фахмонд Али. – Як бор не, чор бор.

Вакте ки милисахо маънои калимаи “МУР”-ро фахмиданд, аз ханда рудакан шуданд. Али бошад хайратзада гох ба яке менигаристу гох ба дигаре. Баъд ба у фахмонданд.

– МУР – Московский Уголовный Розыск!

Ф О Л Б И Н

Зане ба назди фолбин рафта, арзи хол намуд:

– Шавхарам маро партофта, аз паси зани дигаре рафт.

– Хуш! – ба руи у асроромез нигарист фолбин.

– Гуед, ки гашта меояд ё не? – бо як оханги илтичоомез пурсид зан.

– Меояд ё не?! – бо чашмони нимкоф пурсид фолбин.

Фолбин ба дасти зан нигаристу чизе нагуфт. Боз нигаристу «хам-м…» – гуён, мадд кашид. Зан максади уро фахмид ва зуд як панчсомониро бароварда ба назди фолбин гузошт. Фолбин намоишкорона руй турш кард.

– Гашта омаданаш ба… лекин… – мадд кашида хомуш монд фолбин.

Зан бетокат шуда, саросема пурсид:

– Чи «лекин»? Гуед, дар хоки потон садка.

Фолбин аз он ки тираш ба нишон расид, дар дил табли шоди зад ва гуфт:

– Лекин ин ба химмати шумо вобаста.

– Ба химмати ман?

– Ха, ха ба химмати шумо!

Зан боз як панчсомониро ба назди фолбин гузошт. Фолбин ба як мугамбири гуфт:

– Гашташ нима шуд.

Зан саросема ин дафъа якто дахсомона дод. Фолбин гуфт:

– Ана пурра шуд. Шавхаратон гашта меояд.

ПАРТОВКАШОН

Самад нав маъшукаашро ба огуш кашида буд, ки занги дар валбала бардошт.

– Шавхарам! – пичиррос зад зан.

Самад ба чашмони у нигариста, шах шуд.

– Гусола барин менигари…

– Чи кор кунам?!

– Либосатро пуш. Зуд!

Самад чонхавл либос пушид. Занги дар боз валвала бардошт.

– Тамом, мурдам! – дарак-дарак меларзид ошик.

– Заргуш барин меларзи… Пушти дар ист! – гуфт зан ва то балкон рафту бо сатили партов баргашт. Ба ошикаш як чашмак зада, дарро кушод.

– Ох, чонакам, туро Худо расонд. Хамин партовро партофта биё.

Шавхар сатилро гирифта, кафо гашт.

– Баро! – ба ошик амр кард зан.

“Ух бало-э! Ух маккора-э!” – аз хилаи маъшукааш рохравон ба вачд омада, худ ба худ мегуфт Самад.

Ба дари хонааш расида, у тугмаи зангро пахш кард. Аммо дар кушода нашуд.

– Ин танбали худозада хоб аст магар? – гуфта, боз даст ба тугма бурд.

Пас аз занги дахум дар кушода шуда, занаш бо чехраи хандон:

– Ох, чонакам, туро Худо расонд. Хаминро партофта биё, – гуён сатили партовро  ба дасташ капонд.

Самад, сатил дар даст, аз зинахои бетони поин мешуду бо газаб гур-гур мекард:

– Сугури лаънати, рузи дароз дар хона мешинаду хатто партовашро бароварда наметавонад… Мур-э!

Т А Р С

Дар яке аз рузхои бахори нозанин марде бо писарчааш аз назди як бинои нимсохта мегузашт.

– Дада, – ногох писар аз дасти падар кашиду бозистод.

– Чи шуд?

Писар хайрон-хайрон ба он бино нигаристу гуё бори аввал медида бошад, пурсид:

– Дада, вай чи?

Падар охе кашид, вале чизе нагуфт.

– Дада, диди, ха дада?!

– Ха, дидам, – гирех ба абру зад падар, – бас кун, айб аст.

– Чаро бас кунам? – хайрон шуд бача. – Чаро айб аст? О, вай чи?

– Бино! – бо зарда нидо намуд падар.

– Бино? – бештар хайрон шуд писар. – Чи хел бино?

– Бинои гуштишутурхурда! – бо зарда чавоб дод падар.

– И… и… и барои чи гуштиуштурхурда?

– Барои он ки сохтмонаш хеч анчом намеёбад, – бедимог чавоб дод падар.

– Кай ба сохтмонаш сар карда буданд? – боз пурсид писар.

– Оббо-э! – нолид падар.

Шигифтии писар афзуд.

– Чаро “оббо”?

– “Омад ба сарам аз он чи метарсидам”, – охи вазнин кашид падар.

– Аз чи метарсидед? – домани кунчкови сар намедод писар.

– Аз хамин суоли “кай ба сохтмонаш сар карда буданд?”

– Барои чи?

Падар гамгин шуд. Лахзае хомуш монд. Баъд чавоб дод:

– Барои он ки ман инро аз падарам пурсида будам. Вай чавоб дода натавонист. Метарсидам, ки бо хамин суол рузе писарам ба ман мурочиат мекунад. Ана, пурсиди. Боз метарсам…

– И… и… и аз чи метарсед?

– Аз он ки замоне писари худат хам ба ин суол туро девона мекунад.

С А Г О Д А Т

Троллейбуси пуродам базур харакат мекард. Аз гашти ин троллейбуси шалак, гармию бую таф мусофирон дилтанг шуда буданд. Болои сухта намакоб, духтаре бо дугонааш бегамона чак-чак мекард. Вай баланд-баланд гап мезад. Якеро гайбат мекард, дигареро сиёх менамуд, сеюмиро тахкир. Ба кавле почаки хамаро мехоид. Дар баробари ин баланд хандаи гушхарош мезад. Марде аз сергапию хандахои духтар ба дод омада, ру ба у овард:

– Духтари нагз, пастар гап занед.

Аммо духтар хеч чизро намешунид, гуё гуш надошта бошад.

– Уй!

– Чи-и?! Хой, ман ба ту: “Уй!” – не!

– О…

– Додом ба ман ном додаги!

– Хуш, мебахши, чи ном додаги?

Духтар бо фахру гурури беандоза нидо намуд:

– Саодат!

– Об-бо! Дар номмони ё дадот шитоб кардаги, ё котибахо хато.

– Чи-и? Чи хел хато?

– Баъди “Са” харфи “Г”-ро партофтаанд.

– Харфи “Г”-ро партофтаанд? Наход?! Агар хато намекарданд чи мешуд?

– Чи мешуд – Сагодат-дия!

М Е Г А З А Д

Рузе ду дусти дерин ру ба ру заданд. Пас аз ахволпурси яке ба дигаре гилаомез гуфт:

– Ин вактхо камнамо шуда рафти, мегуям?

– Не-ку?…

– Ё ба ягон чо рафта буди?

– Не, ба хеч кучо нарафтаам.

– Пас, чаро чанд хафта шуд, ки ба магозаи мо намедарои?

– Дуруст, – гуфт у, – намедароям.

– О, чаро?

– Аз даромадан метарсам.

  • Метарси? Аз чи?

– Аз он ки мегазад.

– Мегаза-а-ад? Ачоиб-ку? Охир, дар магозаи мо на саг хасту на гурбаву на муш! Туро чи мегазад?

– Нарху наво!

АВВАЛ ШУТА ТАЪМИР КУН

– Алло!… Алло!…

– Э, гап зан-е! Ки ту?

– Ин хона, хонаи Бадахлок Бадрашков?

– Ха-ха! Бале, бале! Ту ки? Гушам ба ту!

– Ман аз “Голубой экран”. Устои таъмири телевизор. Чег зада будед?

– Ха-ха! Бале, бале! Усто кай меояд?

– Усто субхи чоршанбеи соли … меояд. Фахмидед?

– Ха… Э, не-не! Ой, факат субх не. Аз хамаи трубахо об фаввора мезанад. Субх аз ЖЭУ сантехник меояд.

– Хмм-м!… Хуб, нимрузи равон мекунем. Мешавад?

– Ха… Э, не-не! Ой, факат нимрузи не. Яхдонамон чанд вакт боз вайрон. Нимрузи устои таъмири яхдон меояд.

– Хмм-м!… Хайр… ана бегох мефиристем. Мешавад?

– Ха… Э, не-не! Ой, факат бегохи не. Шкафу шифонерамон титу валангор. Бегохи устои таъмири шкафу шифонер меояд.

– Об-бо! Ягон чизи обод надоштаед-ку-а?! Хайр, ана шаб равон мекунем. Рози? Шуд?!

– Ха… Э, не-не! Ой, не-не! Шаб наояд!

– Бу, аная!

– Чи-чи?

– Пфф-ф!… Чаро мегуям!

– Шавхарам бехад бадрашку бадчахл. Билло ба худо кушта мемонад…

– Киро?

– Хам усторо хам маро!

– Хмм-м!… Хамааш фахмо. Ту аввал шавхаратро таъмир кун, ана баъд усто чег зан!

– А?!.

– Б!..

ДАРБОН  ВА  ВАЗИР

Тифоко ду марди хушсарулибос дар назди даромадгохи вазорати баобруе калла ба калла заданд.

Марди 1. Ассалому алайкум!

Марди 2. Воалейкат барсалом!

Марди 1. Хуш омадед! Нури дида, точи сар!

Марди 2. Шумо хам хуш омадед! Нури дида, точи сар!

Марди 1. Кани мархамат! Дароед!

Марди 2. Не-не! Аввал шумо дароед!

Марди 1. Не-не! Хеч гох! Ман чи хел аз шумо пеш медароям?!

Марди 2. Хеч гап не, дароед!

Марди 1. Харгиз! Гунох мешавад-а?

Марди 2. Илтимос, дароед!

Марди 1. Не-не! Танхо пас аз шумо!

Марди 2. Надароед, биллои азим хафа мешавам-а!

Марди 1. Ман хам, билло ба худо хафа мешавам! Кани, мархамат!

Марди 2. Не ва боз не! Охир, шумо мехмон. Мехмон атои Худо. Ва иззати у аз хама болост. Кани, мархамат, дароед!

Марди 1. О, ман мехмон не, сохиби хона.

Марди 2. Чи хел сохиби хона?

Марди 1. Вазир.

Марди 2. Вазир? Ана дидед?! Шумо барои пеш даромадан хак доред. О, ман ки? Хамаги як дарбон.

Марди 1. Чи-и?! Дарбон?!

Марди 2. Ха, дарбони наватон.

Марди 1. Эъ, мур дарбон нашуда! Мембри чома ё челак пуши?! Ин кару фара бинеду! Боз ман гумон кардам, ки аз Девони Вазирон…

Х А С Т А Г И

– Уф-фф-е!

– …?

– Ох, дилу чигарум-е!

– …?

– Ох, миёну мангалум-е!

– …?

– Вох, пову парум-е!

– Э, хой! Худаш чи гап? Ин кадар оху вох мекуни? Тинчияй?

– Э, уф-фе! Чунон хаста шудам, ки устухонхоям зиринг-зиринг месузанд-е!

– Наход? Санги хоро шикасти-чи?

– Эъ, кошки санги хоро мешикастам!

– Ха-а, замин побел карди?

– Эъ, содда. О, дар шахр замин аз кучо!

– Ха-а… Ё ба кух-пух баромади-чи?

– Эъ, не-е!

– О, пас ту чи кор карди?

– Дар сессия нишастам, сессия!

Х О Д И М

– Сардори мо дар тарбияи мадании ахоли хиссаи беназир дорад. Аз ин ру ба у унвони “Ходими хизматнишондодаи маданият” доданд.

– Чи, у адиб аст?

– Не, адиб нест!

– Ха, у санъаткор аст?

– Не, наёфти!

– Пас у кист?

– Сардори ЖЭУ!

– Сардори ЖЭУ? О, сардори ЖЭУ ба маданият чи алока дорад?

– Алокаи роппа-рост дорад! Бовар кун!

– О, чи хел?

– Корафтодагон дар кабулгохи у интизори кабул нишаста, хикоя, кисса ва хатто роман мехонанд.

МЕХРУБОНИ

Бо суръати тезу садои гушхарошу вохиманок мошини ёрии таъчили пайдо гашт. Мардум хама дар чойхои худ мехкуб гаштанд. Мошин дар назди магоза карор гирифт. Лахзае пас аз магоза марди бехушеро бароварда ба мошин бор карданд. Яке аз дигаре мепурсад:

– Бечора инфаркт шуд магар?

Мард даст афшонда:

– Не, – мегуяд.

Аввали боз суол медихад:

– Инсулт шуд-ми?

Дуюми боз даст афшонда:

– Э не, – мегуяд.

Аввали боз суол медихад:

– Дар навбат таги по монд-ми?

Дуюми боз даст афшонда:

– Не, не, – мегуяд.

Аввали боз суол медихад:

– Задандаш-ми?

Дуюми боз даст афшонда:

– Э не-е, – мегуяд.

Аввали боз суол медихад:

– Пулхояшро дуздиданд-ми?

Дуюми боз даст афшонда:

– Э не охир, – мегуяд. – Бечора харидор аз мехрубони аз хуш рафтааст.

Аввали бо хайрат мепурсад:

– Аз мехрубони?!

Дуюми посух медихад:

– Ха, фурушанда бакияи пулашро баргардонда бо табассуми малех: «Барои харидатон рахмат, боз биёед!» – гуфтааст.

ДАР МОШИН

Ду рафик – Али бо Вали лаб – лаби дарё сайр мекарданд. Ногох Али ба Вали гуфт:

– Хо-о ба он “Волга” нигар.

Вали орому бепарво гуфт:

– Хайр-чи?

Али бо хайрони гуфт:

– Магар “Волга”-ро нашинохти?

Вали бо хамон ороми гуфт:

– Шинохтам, аз сардорамон. Хайр-чи?

Али бо хамон хайрони гуфт:

– Охир, ба дараи Варзоб рафт.

Вали бо хамон оханг посух дод:

– Хайр-чи? Хар руз меравад.

Али бо тааччуб гуфт:

– Охир, дарунаш хамсари ту буд.

Вали бо кахр гуфт:

– Палид! Мехости ки даруни мошини ту бошад?!

МУВАФФАКИЯТ ПАЙДО НАКАРД

– Хуй, Салим! Чи гап шуд?!

– Чи шуд?

– О, ин вактхо тамоман бехавсала шуда рафти-ку-а?!

– Не-е! Хавсала бад не!

– О-о чи хел бад не? Дигар дар рузномахо латифахои намакину сермурчу каланфуратро намехонем. Пеш рузномахо аз навиштахои ту гул мекард. Ба ту чи шуд?

– Хм-м… Ха-а, латифанависиро бас кардам!

– Бас карди? Чаро?!

– Э, биё напурс: гап занам, забон месузад, гап назанам, магзи устухон!

– Билло ба худо хеч чизро намефахмам. Охир, дар латифанависи муваффакият пайдо карда буди-ку?!

– Рост! Аммо… Вале… Лекин…

– Чи?! Гуй!

– … гонорараш хеч муваффакият пайдо накард!

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …