Главная / Чамъият / Хабси воситаи наклиёт ва молу мулк

Хабси воситаи наклиёт ва молу мулк

Моддаи 74-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Хабси воситаи наклиёт ва молу мулк  

  1. Хабси воситаи наклиёт ва молу мулки дар он буда, ки олоти содиркунии хукуквайронкунии маъмури мебошанд,  дар тартиб додани руйхати ин молу мулк ифода гардида, ба шарте татбик карда мешавад, ки амнияту нигохдории онхоро бе гирифтан таъмин кардан гайриимкон бошад. Воситаи наклиёт ва молу мулки бахабсгирифташуда метавонанд барои нигохдории масъулиятнок ба шахсони дигаре супорида шаванд, ки аз тарафи шахсони мансабдори чораи хабсро татбиккунанда таъин шудаанд.
  2. Воситаи наклиёт ва молу мулки дар он буда аз тарафи шахсони мансабдори пешбининамудаи Кодекси мазкур дар хузури шахсе, ки айни хол молу мулк тахти ихтиёрдории у карор дорад ва дар хузури ду нафар шахсони холис ба хабс гирифта мешавад.
  3. Дар бораи хабси воситаи наклиёт ва молу мулки дар он буда протокол тартиб дода шуда, карор кабул карда мешавад. Дар протокол ва карори хабси воситаи наклиёт ва молу мулк сана ва махалли тартиб додани он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахсе, ки нисбати у чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик гардидааст ва дар бораи шахсе, ки сохиби эхтимолии молу мулк, воситаи наклиёт ва дигар молу мулки ба хабс гирифташуда мебошад, руйхат ва аломатхои хаммонандсозии онхо нишон дода мешаванд. Маводи хангоми хабс бо истифодаи суратгири ва навори кино, сабти видео, дигар усулхои мукарраргардидаи кайди далелхои шайъи гирифташуда ба протокол замима карда мешавад.
  4. Дар холатхои зарури воситаи наклиёт ва молу мулки бахабсгирифташуда борпеч ё мухр карда мешаванд.
  5. Нусхаи протокол ва карори хабси молу мулк, воситаи наклиёт ва дигар молу мулк ба шахсе, ки нисбати у ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик шудааст ё ба намояндаи конунии у супорида мешавад.
  6. Хангоми бегонакуни ё пинхон кардани молу мулк, воситаи наклиёт ва дигар молу мулки бахабсгирифташудаи шахсе, ки нисбати у ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик шудааст ё махфуздорандаи он молу мулк мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.
  7. Хабси воситаи наклиёт ва молу мулки дигар аз тарафи макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) дар боби 9 Кодекси мазкур пешбинигардида, бо ичозати суд амали карда мешавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Сиёсати хоричии Испания дар огози асри XX

Империализми Испания дар огози асри XX талаб мекард, ки хукумат дар сиёсати хоричии худ мавкеи …