Главная / Ҷамъият / Ҳабси воситаи нақлиёт ва молу мулк

Ҳабси воситаи нақлиёт ва молу мулк

Моддаи 74-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳабси воситаи нақлиёт ва молу мулк  

  1. Ҳабси воситаи нақлиёт ва молу мулки дар он буда, ки олоти содиркунии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд,  дар тартиб додани рӯйхати ин молу мулк ифода гардида, ба шарте татбиқ карда мешавад, ки амнияту нигоҳдории онҳоро бе гирифтан таъмин кардан ғайриимкон бошад. Воситаи нақлиёт ва молу мулки баҳабсгирифташуда метавонанд барои нигоҳдории масъулиятнок ба шахсони дигаре супорида шаванд, ки аз тарафи шахсони мансабдори чораи ҳабсро татбиқкунанда таъин шудаанд.
  2. Воситаи нақлиёт ва молу мулки дар он буда аз тарафи шахсони мансабдори пешбининамудаи Кодекси мазкур дар ҳузури шахсе, ки айни ҳол молу мулк таҳти ихтиёрдории ӯ қарор дорад ва дар ҳузури ду нафар шахсони холис ба ҳабс гирифта мешавад.
  3. Дар бораи ҳабси воситаи нақлиёт ва молу мулки дар он буда протокол тартиб дода шуда, қарор қабул карда мешавад. Дар протокол ва қарори ҳабси воситаи нақлиёт ва молу мулк сана ва маҳалли тартиб додани он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахсе, ки нисбати ӯ чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ гардидааст ва дар бораи шахсе, ки соҳиби эҳтимолии молу мулк, воситаи нақлиёт ва дигар молу мулки ба ҳабс гирифташуда мебошад, рӯйхат ва аломатҳои ҳаммонандсозии онҳо нишон дода мешаванд. Маводи ҳангоми ҳабс бо истифодаи суратгирӣ ва навори кино, сабти видео, дигар усулҳои муқарраргардидаи қайди далелҳои шайъӣ гирифташуда ба протокол замима карда мешавад.
  4. Дар ҳолатҳои зарурӣ воситаи нақлиёт ва молу мулки баҳабсгирифташуда борпеч ё мӯҳр карда мешаванд.
  5. Нусхаи протокол ва қарори ҳабси молу мулк, воситаи нақлиёт ва дигар молу мулк ба шахсе, ки нисбати ӯ ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ шудааст ё ба намояндаи қонунии ӯ супорида мешавад.
  6. Ҳангоми бегонакунӣ ё пинҳон кардани молу мулк, воситаи нақлиёт ва дигар молу мулки баҳабсгирифташудаи шахсе, ки нисбати ӯ ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ шудааст ё маҳфуздорандаи он молу мулк мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
  7. Ҳабси воситаи нақлиёт ва молу мулки дигар аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) дар боби 9 Кодекси мазкур пешбинигардида, бо иҷозати суд амалӣ карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …