Главная / Гуногун / ХУКУМАТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ХУКУМАТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Мафхуми хокимияти ичроия ва накши он дар хокимияти давлати Мувофики принсипи тачзияи хокимияти давлати хокимияти ичроия баъд аз хокимияти конунгузор омадааст. Дар моддаи 9-уми Конститутсия омадааст, ки дар Чумхурии Точикистон хокимияти давлати дар асоси тачзияи он ба хокимияти конунгузор, ичроия ва суди амали мегардад. Чунин таснифот асоси мустахками илми дорад, яъне хокимияти ичроия дар киёс бо хокимияти конунгузор характери зерконуни дорад. Хама гуна фаъолият ва санадхои макомоти ичроия бо конун асоснок карда мешаванд ва набояд бо конун мухолиф бошанд. Худи калимаи ичроия маънои ичро кардан ва анчом додани амалеро дорад.

Яке аз аломатхои хокимияти ичроия универсали, ё худ кулли будани он аст. Яъне макомоти хокимияти ичроия дар тамоми каламрави давлат, дар хама чо вучуд доранд ва онхо махз бо хамин хусусияташон аз хокимияти конунгузор ва суди фарк мекунанд.

Хокимияти ичроия неруи бузурге буда, аз мансабдорон, маъмурон, дастахои мусаллах – артиш, макомоти амният, милиса иборат аст. Хамин тавр, хокимияти ичроия шохаи дуввум ва зерконунии хокимияти давлати буда, кудрату тавоноии он ба таъмини ичрои конунхо ва дигар санадхои хокимияти конунгузор равона шудааст. Хокимияти ичроияро давлат ба воситаи Хукумат ва макомоти он дар махалхо амали мегардонад. Хукумат (Президент) рохбарии олии сиёси ва идораи корхои чамъиятиро ба сомон мерасонад. Рохбарии Хукумат метавонад дар ихтиёри як нафар – дар чумхурихои шакли идоракуниашон президенти ё ин ки макомоти коллегиали (дастачамъи) – дар чумхурихои шакли идоракуниашон парламенти бошад.

binoi-hukumati-tojikiston

Дар чумхурихои президенти Хукумат аз гурухи мушовирони сарвари давлат – Президент иборат буда, салохияти Хукумат аз салохияти сарвари давлат вобаста мебошад. Дар чумхурихои парламенти бошад, Хукумат бо иштироки аъзои парламент ва бо тарзу усули хос ташкил карда мешавад.

Дар ин холат Хукумат бояд аз чонибдории аксарияти аъзои парламент бархурдор бошад. Хокимияти ичроия дар Чумхурии Точикистон ба мазмуну мундаричаи аслиаш танхо баъди кабули Конститутсияи соли 1994 ташаккул ёфт. Холо чигунагии хокимияти ичроияро дар асоси Конститутсияи Чумхурии Точикистон дида мебароем.

Дар Конститутсия зикр шудааст, ки Президент сарвари давлат ва хокимияти ичроия (Хукумат) аст.

Шархи оддии ин чумла хамин аст, ки Президент чи дар дохили мамлакат ва чи дар сатхи байналмилали намояндаи олии кишвар аст. Таъкид бояд кард, ки тамоми сохахои фаъолияти давлати танхо ба Президент бор нашуда, дар амали гардонидани онхо дигар шохахои хокимият низ бо усулу воситахои ба худашон хос иштирок мекунанд. Президент хамоханги ва мураттабии фаъолияти хама макомоти давлатиро таъмин мекунад.

Президент намояндаи олии давлат аст ва ин хукукро ба у халк ба воситаи интихоботи умуми ва мустаким додааст. Дар самти хамкори бо парламент Сарвари давлат ваколатхои зиёде дорад. Вай интихоботи Мачлиси Олиро таъйин мекунад, хукуки ташаббуси конунгузори дорад, лоихаи конунхоро метавонад барои баррасии такрори баргардонад, конунхоро имзо кунад ва нашр намояд. Яъне Президент ба кори парламент таъсири хеле фаъол мерасонад, вале онро иваз карда наметавонад, чунки у конун кабул карда наметавонад.

Санадхои меъёрие, ки Президент кабул мекунад, набояд бо Конститутсия мухолиф бошанд. Президент дар сохаи идоракунии давлат ваколатхои хеле зиёд дорад. Вай Сарвазир, муовинони у, вазирону раисони кумитахои давлатиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Аммо барои махдуд кардани таъсир ва дахолати Президент ба Хукумат аз руи принсипи «боздори ва муковимат» якчанд монеахо вучуд доранд.

Принсипи «боздори ва муковимат» барои он зарур аст, ки байни се шохаи хокимият мувозинат бошад, яке бар дигаре таъсири аз хад зиёд нарасонад, яке чои дигарро ишгол накунад. Агар хамин принсип риоя нашавад, он гох давлатхои демократи зуд ба давлатхои худкома ё тоталитари ё ин ки яккахукмрони – авторитари табдил меёбанд ва хокимияти халки, ки асоси демократия аст, аз байн меравад.

Тавре ки гуфтем, Президент мувофики моддаи 69-уми Конститутсия Сарвазир, муовинони у ва аъзои Хукуматро таъин мекунад. Фармони Президент барои тасдик ба ичлосияи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон фиристода мешавад. Агар парламент фармонро тасдик кунад, он гох ин санад эътибори конуни пайдо мекунад, агар не, Президент онро дубора мефиристад ва ё шахси дигарро таъин мекунад. Бубинед, ки иродаи Сарвари давлат аз карори дастчамъонаи аъзои парламент вобастаги доштааст. Ё худ мисоли дигар. Парламент наметавонад, ки Президентро мачбуран ба истеъфо фиристад.

Вале ин харгиз чунин маъно надорад, ки Президент аз нишондодхои Конститутсия берун баромада метавонад.

Агар дар фаъолияти Сарвари давлат кирдори мухолифи Конститутсия ба мушохида расад, он гох усули махсуси ба чавобгари кашидан ва ба истеъфо фиристодани у ба кор медарояд, ки дар ин сурат хулосаи Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон мавкеи мухим дорад. Мувофики моддаи 72-уми Конститутсия дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи у содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсиони ва бо тарафдории аз се ду хиссаи шумораи умумии аъзои Мачлиси милли ва вакилони Мачлиси намояндагон, ки хар якеаз онхо дар алохидаги овоз медиханд, бекор карда мешавад.

  1. Тарзи ташкил, сохтор ва таркиби Хукумати Чумхурии Точикистон Тавре ки дар мавзуи пешина кайд карда будем, Хукумати Точикистон макомоти олии хокимияти ичроия буда, рохбарии бевоситаи он ба ухдаи Президент ва хамзамон Раиси Хукумати Чумхурии Точикистон вогузор шудааст.

Мувофики моддаи 73-уми Конститутсия Хукумати Чумхурии Точикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони у, вазирон ва раисони кумитахои давлати иборат аст. Ба зиммаи Хукумат вазифахои нихоят зиёд вогузор шудаанд, ки хамаи онхоро номбар кардан гайриимкон аст. Хама гуна муваффакият ва норасоихое, ки дар хаёти харрузаи мо ба амал меоянд, аз фаъолияти Хукумат вобаста мебошад.

Масалан, кори наклиёт, вазъи сохтмон, тахсил, тандурусти, амният, тартиботи чамъияти ва садхо масъалахои дигар. Бо вучуди ин, дар Конститутсия ба таври умуми чунин вазифахо хамчун салохияти бевоситаи Хукумат муайян карда шудаанд:

  1. Рохбарии самаранок ба сохахои иктисоди, ичтимои ва фарханги.
  2. Ичрои конунхо, карорхои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон, карорхои Мачлиси милли, карорхои Мачлиси намояндагон, фармону амрхои Президенти Чумхурии Точикистон.

Сохтори Хукумати Чумхурии Точикистон аз вазоратхо ва кумитахои давлатии Чумхурии Точикистон иборат аст, ки онхоро Президенти Чумхурии Точикистон таъсис ва бархам медихад.

Алокаи Хукумати Чумхурии Точикистон бо Президент хеле зич буда, он танхо дар мухлати ваколати Президент фаъолият мекунад. Хукумат ваколатхои худро дар назди Президенти навинтихобшудаи Чумхурии Точикистон вомегузорад ва мутобики фармони Президенти Чумхурии Точикистон вазифахои худро то тасдик шудани хайати нави Хукумати Чумхурии Точикистон ичро менамояд.

Хукумат дар холати гайриимкон будани ичрои фаъолияти худ метавонад ба Президенти Чумхурии Точикистон дар бораи ба истеъфо баромадан мурочиат намояд. Хар як узви Хукумат низ хукуки ба истеъфо рафтан дорад.

Дар Конуни конститутсиони «Дар бораи Хукумати Чумхурии Точикистон» аз 12 майи соли 2001 номгуи фаъолияте, ки ба ичрои вазифаи аъзои Хукумати Чумхурии Точикистон мувофик нест, муайян карда шудааст (моддаи 11).

Мувофики конуни номбурда узви Хукумат ба ичрои чунин амалхо хукук надорад:

  • – вакили макомоти намояндаги бошад;
  • – вазифаи дигарро ичро кунад;
  • – шахсан ё ба воситаи шахсони боваринок бо фаъолияти сохибкори машгул шавад;
  • – гайр аз фаъолияти омузгори, илми ва эчоди бо дигар фаъолияти музднок машгул шавад.

Конуни мазкур, инчунин муайян кардааст, ки узви Хукумати Чумхурии Точикистон наметавонад аз воситахои техники, молияви ва иттилоотии хизмати бо максадхои гайрихизмати истифода намояд, барои осори нашршуда ва суханронихои худ, хамчун узви Хукумати Чумхурии Точикистон хакки калам гирад.

Узви Хукумат вазифадор аст, ки хангоми ба вазифа таъин шудан мутобики конунхо дар бораи даромад ва молумулкии худ маълумот пешниход намояд.

Дар сохтори Хукумати Чумхурии Точикистон Раёсати Хукумат накши мухим дорад. Раёсати Хукумати Чумхурии Точикистон чузъи таркибии Хукумат аст ва мувофики моддаи 24 Конуни номбурда барои пешаки тайёр кардани масъалахое, ки дар мачлисхои Хукумати Чумхурии Точикистон барраси мегарданд, Раёсати Хукумат хамчун макоми машварати таъсис дода мешавад. Хайати Раёсат аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони у иборат аст. Мачлисхои Раёсати Хукуматро Сарвазир ва хангоми набудани у муовини якуми Сарвазир мегузаронад. Раёсати Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба тахияи рузномаи мачлиси Хукумат карорхо кабул мекунад.

Макоми Сарвазири Чумхурии Точикистон ва муовинони у дар ташкили фаъолияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар конуни номбурда пешбини шудааст.

Бо супориши Раиси Хукумат Сарвазири Чумхурии Точикистон кори Хукуматро ташкил мекунад, яъне вазифахоро дар байни муовини якум ва муовинони худаш таксим мекунад, мачлисхои Раёсати Хукуматро мегузаронад, Хукумати Чумхурии Точикистонро дар муносибатхои байналмилали намояндаги мекунад ва созишномахои байнихукуматиро имзо менамояд, оид ба таъмини ичрои карорхо ва фармоишхои Хукумати Чумхурии Точикистон супоришхо медихад, инчунин ваколатхои дигареро, ки конун пешбини намудааст, ичро мекунад. Хангоми набудани Сарвазири Чумхурии Точикистон вазифахои уро муовини якум ичро менамояд. Тартиби баррасии масъалахо дар Раёсати Хукумат дар боби чоруми Дастури Хукумати Чумхурии Точикистон, ки бо карори Хукумат аз 7-уми сентябри соли 2001 тасдик шудааст, мукаррар гардидааст.

Хукумати Чумхурии Точикистон бо максади татбики саривактии санадхои Хукумат, назорат аз болои ичрои карорхо ва хамохангсозии фаъолияти вазоратхо, кумитахои давлати, идорахо ва макомоти хокимияти ичроия дар махалхо комиссияхои доими таъсис медихад.

Конун ваколатхои муовини якум ва муовинони Сарвазирро мукаррар кардааст. Онхо мувофики таксими вазифахо фаъолияти вазоратхо, кумитахои давлати ва дигар макомоти идораи давлатии мамлакатро танзим намуда, ба фаъолияти онхо назорат мекунанд, ба онхо барои ичрои карору фармоишхои Хукумат ва доир ба дигар масъалахои фаъолияташон супоришхои фаври медиханд.

Дар ташкили кори Хукумат ва ба амал баровардани ваколатхои он хиссаи аъзои Хукумат низ калон аст. Онхо хам ба сохахое, ки худашон рохбари мекунанд ва инчунин ба кори умумии Хукумат масъуланд.

Аъзои Хукумат дар баррасии масъалахои мачлиси Хукумат иштирок карда, хукуки ба мухокимаи мачлиси Хукумат масъала гузоштан доранд, метавонанд лоихаи карорхои Хукумат, инчунин дигар лоихаи санадхои конунгузориро тахия карда, ба мухокимаи мачлиси Хукумат пешниход намоянд.

  1. Салохияти Хукумат ва шаклхои фаъолияти он Дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон бобби панчум пурра ба Хукумат бахшида шудааст ва моддаи 75-уми ин боб салохияти Хукуматро дар бар мегирад.

Дар ин модда гуфта мешавад, ки «Хукумат барномахои иктисодиву ичтимои, сиёсати додугирифти карзи давлати ва кумаки иктисоди ба дигар давлатхо, лоихаи бучети давлати, масъалаи андозаи имконпазири касри бучети давлати ва манбаи чуброни онро ба Мачлиси намояндагон пешниход менамояд».

Конуни конститутсиони «Дар бораи Хукумати Чумхурии Точикистон» муайян мекунад, ки Хукумати Чумхурии Точикистон дар татбики сиёсати дохили ва хоричии Чумхурии Точикистон иштирок мекунад, рохбарии самараноки сохахои ичтимоиву иктисоди ва фархангиро таъмин мекунад, низоми макомоти хокимияти ичроияро рохбари мекунад, барномахои максадноки давлатиро тахия намуда, татбики онхоро таъмин мекунад (моддаи 13).

Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон сохахои иктисодиёт, бучет, молия, пул, карз ва андоз, сохаи ичтимои, илм, фарханг, маориф ва тандурусти, истифодабарии табиат ва мухофизати мухити зист, таъмини конуният, хукук ва озодихои шахрвандон, мубориза бар зидди чинояткори, таъмини мудофиа ва амнияти давлати, сиёсати хоричи ва муносибатхои байналмилали ва сохахои дигарро дар бар мегирад (моддахои 14-22).

Хукумати Чумхурии Точикистон ба кори вазоратхо, кумитахои давлати ва дигар макомоти идораи давлати рохбари менамояд ва фаъолияти онхоро назорат мекунад. Муовинони вазирхо, муовинони раисони кумитахои давлати, рохбарони кумитахо ва дигар макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва муовинони онхо, рохбарони макомоти идораи давлати ва муассисахоеро, ки дар санадхои меъёриву хукуки пешбини шудаанд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад, аъзои коллегияи вазоратхо, кумитахои давлати ва дигар макомоти идо-

раи давлатиро тасдик мекунад. Хукумат инчунин ваколатхои дигареро, ки конун пешбини кардааст, амали мегардонад.

Баъзе ваколатхои худро, агар онхо ваколатхои истиснои набошанд, ба ихтиёри дигар макомоти ичроия вомегузорад. Дар доираи маблаги дар бучет мукарраргардида сарраёсатхо, кумитахо ва комиссияхо, бозрасихои давлати ва дигар макомоти назди худро таъсис медихад.

Хукумат низомномаи вазоратхо, кумитахои давлати ва дигар макомоти ичроияи худро тасдик намуда, сохтори онхоро муайян ва маблаги заруриро чудо намуда, аз болои фаъолияти онхо назорат мекунад.

Салохияти Хукумат бо салохияти Президент алокаманд буда, ба шохаи ичроияи хокимияти давлати мансуб будани онхоро нишон медихад.

Хукумат инчунин хукуки ташаббуси конунгузори дорад, яъне оид ба масъалахои салохияти худ лоихаи конуну карорхои Мачлиси Олиро тайёр ва барои мухокима пешниход мекунад.

Шакли асосии фаъолияти Хукумат мачлисхои он мебошад. Мачлиси Хукумат мохе камаш як маротиба гузаронида мешавад ва дар холате салохиятнок хисоб мегардад, ки агар дар он камаш аз се ду хиссаи аъзои Хукумати Чумхурии Точикистон иштирок дошта бошанд. Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад

мачлисхои пушида низ гузаронад.

Мачлиси Хукуматро Раиси Хукумат ё бо супориши у Сарвазири Чумхурии Точикистон мегузаронад.

Фаъолияти Хукумат мувофики накшаи тасдикгардидаи он, ки дар тахияи онхо вазоратхо, кумитахои давлати, раисони вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхои тобеи чумхури, вохидхои сохтории Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон иштирок менамоянд, амали гардонида мешавад.

Ба накшахои кори Хукумат мувофики тартибе, ки Дастури Хукумати Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, тагйироту иловахо даровардан мумкин аст.

Доир ба масъалахои ба баррасии Хукумат пешниходшаванда аъзои Хукумат, рохбарони идорахо, Дастгохи ичроияи Президент ва вохидхои сохтрии он, макомоти ичроияи хокимияти давлати дар махалхо лоихаи карорхои (фармоишхои) Хукумат ва маводи барои кабули ин санадхо заруриро пешниход

менамоянд. Дар ташкили мачлисхои Хукумат накши Раёсати он калон буда, масъалахое, ки барои барраси дар мачлисхои Хукумат тахия мегарданд, пешаки дар мачлиси Раёсати Хукумат мухокима карда мешаванд.

Раёсати Хукумат оид ба рузномаи мачлиси навбатии Хукумат карор кабул менамояд. Дар мачлисхои Хукумат хамаи масъалахои мавриди салохияти он халлу фасл мегарданд ва карорхои Хукумат факат дар мачлис кабул карда мешаванд.

Хукумати Точикистон дар асоси моддаи 74-и Конститутсия ва конунхои мамлакат карор мебарорад ва фармоиш медихад. Карорхо аз руи масъалахои таъчили ва дигар масъалахои чори дар шакли фармоишхои Хукумати Чумхурии Точикистон кабул карда мешаванд.

Ба карору фармоишхо Раиси Хукумати Чумхурии Точикистон имзо мегузорад. Карору фармоишхои Хукумат дар сурати бо Конститутсия ва конунхо мувофик набуданашон метавонанд аз тарафи Президент ё Суди конститутсиони бекор карда шаванд ё амали онхо боздошта шавад. Аз болои карорхои Хукумат шахсони вокеи ва хукуки метавонанд дар асоси конун ба суд шикоят намоянд.

Дар карорхое, ки хусусияти меъёри доранд, мухлати эътибор пайдо кардани онхо нишон дода шуда, дар холатхои дигар бошад, онхо ва аз чумла фармоишхои Хукумати Чумхурии Точикистон аз рузи ба имзо расиданашон эътибор пайдо мекунанд.

Мувофики Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи Хукумати Чумхурии Точикистон» тартиби ташкили фаъолият, тахия ва кабули карорхои Хукумати Точикистонро Дастури Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Дар холатхои зарури, танхо бо ичозати Раиси Хукумат аз руи масъалахои алохида бе гузаронидани мачлис бо рохи пурсиши хаттии аъзои Хукумат дар асоси тартиби мукараргардида метавонанд карорхои Хукумат кабул карда шаванд.

4.Муносибати Хукумати Чумхурии Точикистон бо Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, макомоти суди ва иттиходияхои чамъияти Хукумати Чумхурии Точикистон хамчун макоми олии хокимияти ичроия бо дигар шохахои хокимияти давлати, аз чумла Мачлиси Оли ва макомоти суди робитаи зичи хамкори дорад. Алокаи Хукумат бо Мачлиси Оли дар он ифода меёбад, ки Хукумат мувофики Конститутсия дар фаъолияти конунгузори

иштирок мекунад, яъне аз хукуки ташаббуси конунгузори бархурдор аст. Ин хукук дар чунин шаклхо амали мешавад: якум, пешниходи лоихаи конунхои нав; дуюм, лоихаи конунхо дар бораи тагйир додан ё бекор кардани конунхои чори; сеюм, пешниходи хатти дар бораи кабул кардани конунхои нави Чумхурии Точикистон ё дохил намудани тагйиру иловахо ба конунхои чории Чумхурии Точикистон, ки онро таклифи конунгузори низ меноманд.

Инчунин аъзои Хукумати Чумхурии Точикистон хукук доранд, ки дар чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, инчунин чаласахои алохидаи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон, кумитахо ва комиссияхои онхо иштирок кунанд ва суханрони намоянд.

Муносибати Хукумати Чумхурии Точикистон бо макомоти суди дар асоси Конститутсия ва конунхои Чумхурии Точикистон сурат мегирад. Миёни ин ду шохаи хокимият аз нигохи талаботи давлати демократи набояд хеч гуна дахолат ва таъсиррасони вучуд дошта бошад.

Иттиходияхои чамъияти ва хизбхои сиёси низ танхо дар асоси конунхо бо Хукумат хамкори мекунанд. Бояд гуфт, ки дар тули 15 соли истиклолият дар Чумхурии Точикистон пояхои чомеаи шахрванди гузошта шудаанд ва чунонки вокеияти имрузаи ичтимоию сиёсии кишварамон гувохи медихад, инкишофи озодонаи хар гуна иттиходияхои шахрвандон, муассисахои гайрихукумати ва ташкилотхои чамъияти, махфилхои касби ва ассосиатсияхо танхо ба манфиати пешрафти мамлакат хизмат мекунад.

Иттиходияхои чамъияти хукуки комил доранд, ки дар асоси конун ба фаъолияти Хукумат таъсир расонида, ба ислохи камбудиву норасоихои фаъолияти Хукумат мусоидат кунанд. Ин гуна хамкори дар шакли пешниходоти гуногун ба макомоти хокимияти ичроия сурат мегирад.

Саволхо:

  1. Хукумати Чумхурии Точикистон ба кадом шохаи хокимияти давлати дохил мешавад?
  2. Сарвазир ва аъзои Хукуматро кадом макомот хукуки таъин

кардан дорад?

  1. Ваколатхои Хукуматро тибки Конститутсия номбар намоед. 4. Мувофики конун аъзои Хукумат кадом амалхоро ичро карда наметавонанд?
  2. Сохтори Хукумат чи гуна аст?
  3. Накши Раёсати Хукумат дар сохтори Хукумат чи тавр аст?
  4. Ваколатхои Сарвазирро номбар намоед.
  5. Фаъолияти Хукуматро гайр аз Конститутсия боз кадом конун ба танзим медарорад?
  6. Салохияти Хукумат кадом сохахои хаёти кишварро фаро мегирад?
  7. Хукуки ташаббуси конунгузории Хукумат чи гуна сурат мегирад?
  8. Шакли асосии фаъолияти Хукумат кадом аст? 12. Санадхои Хукуматро номбар кунед.
  9. Муносибати Хукуматро бо дигар шаклхои хокимият шарх дихед.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

buxoro

ВОКЕАХОИ НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVI

Муборизахои Бобур Мирзо бе окибат монданд. Сарзамини Осиёи Миёна ба зери тасарруфи Шайбониён даромад. Вале …