Главная / Гуногун / ХУКУК ВА АХЛОК

ХУКУК ВА АХЛОК

Муносибатхои байни одамон на танхо ба воситаи меъёрхои хукуки, инчунин тавассути меъёрхои ахлоки низ ба танзим дароварда мешаванд. Аз даврахои кадим одамон рафтори худро бо меъёр ва коидахое, ки худи онхо дар хаёт санчидаанд ва он меъёру коидахо манфиати умумии онхоро ифода мекарданд, мувофик мекарданд. Онхо мефахмиданд, ки худсари, инкор намудани манфиати дигарон барои хамаи онхо номувофик ва хатарнок мебошад. Таърих гувох аст, ки ба хама гуна офатхо ва тохтутозхои дигарон хамон халкхое тоб оварда тавонистаанд, ки ба меъёрхои умуми, коидахо ва одатхо катъиян риоя намуда, тачрибаи бисёрасраи фаъолияти якчояи мехнати, молумулки, оилави ва амсоли инхоро дуруст истифода кардаанд.

huquqАхлок, одат, анъана, яъне меъёрхои ахлоки, тасаввурот оид ба неки ва бади, адолат ва беадолати, бовичдони ва бевичдони ва амсоли онхо коидахои аввалини рафтори одамон буданд. Одамон вайронкунандагони чунин коидахоро махкум мекарданд.

Бо мурури инкишофи чамъият ва мураккаб шудани муносибатхои байни одамон меъёрхои ахлоки имконияти пурра танзим кардани муносибатхои гуногуни чамъиятро аз даст доданд. Пайдоиши давлат ва синфхо, инкишофи муносибатхои хочаги боиси мураккабшавии ин муносибатхо гардид. Акнун меъёрхои ахлоки на хамаи муносибатхои байни одамон ва давлатро ба танзим дароварда метавонистанд. Ба ин сабаб, тадричан намудхои нави меъёрхои ичтимои меъёрхои хукуки ба вучуд омаданд. Барои вайрон намудани ин меъёрхо давлат чазо медод. Хамин тарик, хукук хамчун батартибдарорандаи рафтори одамон нисбат ба меъёрхои ахлоки дертар ба вучуд омад.

Ахлок ва хукук якчоя коидахои рафтори одамонро танзим мекунанд. Дар айни замон, баъзе рафтори одамон факат аз тарафи ахлок ва дигарашон аз тарафи меъёрхои хукуки ба танзим дароварда мешаванд.

Аммо дар аксар мавридхо хукук ва ахлок дар ягонаги муносибатхои чамъиятиро ба танзим медароранд.

Он рафторе, ки зидди талаботи меъёрхои хукуки мебошад, рафтори зиддиахлоки аст. Авбоши, дузди, дашном, тухмат, озор додани дигарон ва ба ин монанд рафтори ношоям на факат ба воситаи меъёрхои ахлоки махкум карда мешаванд, балки барои чунин рафтор шахсони гунахкор ба чавобгарии чинояти низ кашида мешаванд.

Хукук ва ахлок якдигарро пурра менамоянд. Хукук амали шудани ахлокро таъмин менамояд ва ахлок ба баландшавии самаранокии хукук мусоидат мекунад. Дар баробари хамин, меъёрхои хукуки нисбат ба меъёрхои ахлоки то дарачае аник ифода ёфта, дар конунхо, фармонхо, карорхо, низомномахо ва дигар санадхои зерконуни навишта мешаванд.

Онхо муносибатхои муайянро возеху равшан ва дар ягонаги ифода менамоянд.

Меъёрхои ахлоки нисбат ба меъёрхои хукуки до- ираи васеи муносибатхои чамъиятиро дар бар мегиранд. Чунин рафтори одамон, ба монанди дуруггуи, хасиси, хасуди, беэхтироми ба дигарон аз тарафи меъёрхои хукуки ба танзим дароварда намешаванд.

Асоси меъёрхои хукукиро меъёрхои ахлоки ташкил медиханд. Одамон хангоми кабули конунхои алохида ба меъёрхои ахлоки такя менамоянд. Хукук ба ахлок такя карда, муносибатхои чамъ- иятиро ба танзим медарорад. Ахлок дар танзими муносибатхои чамъияти ба хукук ёри мерасонад.

Онхо дар ягонаги берахми, дагали, дузди, хиёнат, зуровари, фиреб ва амсоли инхоро манъ менамо янд. Дар баробари хамин, ахлок мачмуи коида ва меъёрхои рафтори одамон нисбат ба якдигар ва чамъият мебошад.

Вале бояд кайд кард, ки меъёрхои ахлоки бар хилофи меъёрхои хукуки хислати хатми ва конуни надоранд. Аз ин ру, барои ичрои онхо макомоти давлати хукуки мачбур кардан надорад. Риояи меъёрхои ахлоки бо таъсири афкори чамъияти ва эътикоди худи шахс таъмин карда мешавад.

Дар баробари ин, раванди аз чихати маънави солим гардонидани чамъият нихоят мураккаб ва дурудароз мебошад.

Барои ин мо бояд ба хама гуна фиребгари, берахми, худписанди, бешарми, номувофикии сухан ва кор ва муносибати бадбинона ба инсон харчи зудтар хотима дихем. Эхтиром ба шахсият, хукук ва хаёти инсон, озодии вичдон, хисси сохибихтиёри, мустакилияти иктисоди метавонад ба пешрафти кишвари мо ёри

расонад. Тараххум, мехрубони, шарм, пушаймони, эхсонкори барин хислатхои хамидаи инсони, ки хусусияти умумибашари доранд, бояд рахнамои хар як шахс дар кору зиндаги бошанд. Зеро тавре ки шоири узурги точику форс Саъдии Шерози гуфтааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавхаранд.
Чу узве ба дард оварад рузгор,
Дигар узвхоро намонад карор.

Саволхо:

  1. Коидахои аввалини рафтори одамон аз чихо иборат буданд?
  2. Хукук ва ахлок кай пайдо шудаанд?
  3. Ягонаги, алокаманди ва фаркияти ахлок ва хукукро фахмонда дихед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

buxoro

ВОКЕАХОИ НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVI

Муборизахои Бобур Мирзо бе окибат монданд. Сарзамини Осиёи Миёна ба зери тасарруфи Шайбониён даромад. Вале …