Главная / Чугрофия / ХАРОРАТИ ХАВО

ХАРОРАТИ ХАВО

Хаво чи тавр гарм ва сард мешавад? Дар тропосфера хаво нурхои Офтобро мисли шишаи тиреза аз худ мегузаронад ва аз он хаво кариб гарм намешавад (ба шишаи нурхои Офтоб афтида ва тахтаи зери он тиреза даст расонед).

Мукаррар шудааст, ки нурхои Офтоб аввал сатхи Заминро гарм мекунанд, аз гармии дар сатхи Замин пахншуда хавои атмосфера гарм мешавад. Бинобар ин хаво дар наздикии сатхи Замин хамеша нисбат ба кабатхои дуртари он гармтар аст.

Гармшавии сатхи Замин нобаста ба он аст, ки нурхои Офтоб бо кадом кунч ба сатхи Замин меафтанд. Кунчи афтидани нурхои Офтоб ба сатхи Замин хар кадар калон бошад (ба 90 дарача наздик). сатхи Замин хамон кадар бештар гарм мешавад.

Душаанбе озеро

Гармшавии сатхи Замин низ ба хосияти он вобаста аст. Сатхи хушки нисбат ба об тез гарм ва тез сард мешавад. Сатхи реги тез ва сатхи бо наботот пушида сусттар гарм ва хунук мешавад. Вобаста ба хамин хавои дар болои сатхи Замин буда ба кадри гуногун гарму сард мешавад.

Чен кардани хароратн хаво. Харорати хаво бо термометр (аз юнонй “термо” – харорат. ”метр” – ченак) чен карда мешавад. Барои чен кардани харорати хаво термометрро дар соя бояд гузошт. Зеро термометри дар офтобчой гузошта чанд дарача гарм шудани худи асбобро нишон медихад.

Дар стансияхои метеорологй аз хусуси дар давоми щабонаруз тагйир ёфтани харорати хаво маълумот мегиранд. дар он чо термометрро дар хоначаи махсуси чубин, ки дар балаидии 2 метр аз сатхи Замин гузоншта шудааст ва ба он хаво ба осонй медарояд, вале нури Офтоб намерасад, мегузоранд. Дар як шабонаруз харорати хаворо 8 маротиба (пас аз хар 3 соат) чен мекунанд. Дар худи хамон чо асбоби худнавис – гермограф (аз юнони” термо” – харорат, “графо” – менависам) гузошта шудааст. Донистани харорати хавои махал аз бисёр чихат мухим аст.

Равшании шабонарузии харорат. Дар хамаи арзхо, хам дар хамворию куххо, хам дар дашту биёбонхо хангоми хавои соф харорати пасттарин пеш аз баромадани Офтоб, харорати баланд бсшад, дар карибии нисфирузи (баъди соати 13) мешавад, чунки махз нисфирузи Офтоб дар киём буда, нурхояш ба сатхи Замин бо кунчи калонтар меафтад ва сатхи Заминро бештар гарм мекунад. Ин сатхро дар география сатхи густурда (ё сатхи фаъол) меноманд. Хавои болои ин сатх гарм шуда, васеъ мегардад ва баланд мебарояд. Ба чои вай хавои хунуктар омада, он хам гарм мешавад. Дар натичаи чойивазкунии доимии хаво гармй ба баландй пахн мешавад. Баъди нисфирузи Офтоб ба фурурави ба паси уфук cap мекунад, вале аз сатхи тафсида гармихоричкунй давом дорад ва он хаворо гарм мекунад. Хангоми гуруби Офтоб дар махалхои кухсор сатхи Замин нисбатан тезтар хунук мешавад ва пастшавии харорати хаво огоз меёбад.

Фаркияти байни харорати баландтарин ва пасттарини шабонарузиро амплитудаи (тагйироти) шабонарузии харорат меноманд.

Дар Точикистон ва арзхои миёна (муътадил) амплитудаи калони шабонарузии харорат бахорон ва тобистон дар хавои соф рух медихад. Хангоми хавои гирифта абр сатхи Заминро чун курпа аз гармшавии зиёд ва хунукшавй нигох медорад, аз хамин сабаб амплитудаи шабонарузии хаво кам аст.

Равиши дурусти шабонарузии харорати хаво баъзан халалдор мешавад: рузона хаво хунук ва шабона гарм мегардад. Чунин тагйирёбии гайричашмдошти харорат, масалан, бахор ва тобистон хангоми аз Укёнуси Яхбастаи Шимоли дохил шудани анбухи хавои хунук ва зимистон хангоми аз Укёнуси Атлантика, Бахри Миёназамин дохил шудани хавои гарм, рух медихад.

Харорати миёнан шабонарузи. Дар натичаи мушохидаи харорати баландтарин ва пасттарин харорати шабонарузй муайян карда мешавад. Дар статсияхои метеорологи одатан дар як шабонаруз харорати хаворо 8 марогиба санчида, аз руи хисоби миёнаи арифметикии онхо харорати миёнаи шабонарузии хаворо муайян мекунанд. Термометр баъзан (дар бахору зимистон) дар давоми шабонаруз хам харорати мусбат – аз 0° С баланд ва хам харорати манфи – аз 0” С пастро нишон медихад. Дар ин маврид барои муайян кардани харорати миёна хосили чамъи харорати баланд ва пастро дар алохидаги мегиранд. Сипас аз хосили чамъи зиёд хосили чамъи камро тарх карда, фаркиятро ба шумораи ченкунй таксим менамоянд. Ба раками хосилшуда аломати таксим мегузоранд.

Савол ва супориш

  1. Аз руи кайдхо дар дафтари хавосанчи дар давоми шабонаруз тагйир ёфтани харорати хаворо накл кунед.
  2. Амплитудаи шабонарузии харорат дар чи хел хаво (абрнок соф) зиед мешавад? Сабаб чист?
  3.  Мувофики харорати миёнаи харруза, ки дар дафтари хавосанчй навиштаед, дар муддати муайяи чй хел тагйир ёфтани хароратро накл кунед (паст шуд. баланд шуд, тагйир наёфт).

 

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …