Главная / Гуногун / ХАЁТИ ОДАМОНИ КАДИМТАРИН

ХАЁТИ ОДАМОНИ КАДИМТАРИН

ОДАМОНИ ИБТИДОИ. Бостоншиносон бисёр нишонахои одамони кадимтаринро дар Африко, Осиё, Аврупо ва Америка пайдо намуда, аз руи устухонпорахояшон шаклу андоми онхоро муайян кардаанд. Дар натичаи ин маълум гардид, ки одамони ибтидои аз одамони имруза фарки калон дошта, ба маймунхои калончусса монанд буданд. Пешонаапюн тангу хамида, майнаашон аз майнаи маймун калонтар, вале аз майнаи одами замони мо хурдтар буд. Онхо на ба мисли хайвон бо чор пой, балки бо ду пой рох мегаштанд ва аз хамин сабаб коматхамида буданд. Дастонашон хеле дароз буда, кариб то ба зонухояшон мерасиданд. Бо дастонашон корхои оддиро ба чо меоварданд: ягон чизро гирифта, заминро меканданд, худро мухофизат мекар- данд.

odamoni-qadim

Дар аввал одамони ибтидой мис­ли мову шумо хам зада наметавонистанд, яъне нутк надоштанд. Дар бораи пайдоиши одамони ибтидой то имруз фарзияхои гуно- гун пешниход шудаанд. Яке аз ин фарзияхо аз маймун пайдо шудани одам мебошад.

Одамони ибтидои мисли хайвонхои дарранда панчаю нохунхои бокувват ва дандонхои сахт надоштанд. Онхо ба замми сангхои нугтезу тегадор барои кофтани замин, шикор, афшоидани мева ва корхои дигар калтакро хам истифода мебурданд.Факат якчанд овози канда-канда мебароварданд, ки онхо ба нутк монанд набуданд. Бо ин овозхо онхо хурсандиву хашму газаб ва тарсу хароси худро ифода ме- намуданд, хамдигарро аз хавфу хатар огох мекарданд ва ё дар мавриди тахдиди хатар хамчинсони худро ба ёри чег мезаданд.

ОЛОТИ АВВАЛИНИ МЕХНАТИ  ОДАМОН И ИБТИДОИ. Олоти ко­рни асосии одамони чамоаи ибти­дои сангхои тегадор буданд. Дар натичаи хафриёт бостоншиносон онхоро хамрохи устухонхои одамони кадимтарин пайдо намудаанд. Бо ин сангхои тегадор одамони ибтидои чуб метарошиданд, пусти хайвони шикоркардаро аз танаш чудо мекарданд, корхои дигари рузгорро ба чо меоварданд.

Сангхои нугтез, калтак ва чуби заминкани аз олоти аввалини мехнати одамони ибтидои ба шумор мерафтанд. Бо ёрии онхо одамони асри санг барои худ хурок ба даст медароварданд ва худро мухофизат хам мекарданд.

Махз ба туфайли сохтан ва истифода бурда тавонистани хамин гуна олоти мехнат, ки харчанд хеле оддию номукаммал буданд, одамони ибтидои аз хайвонот фарк мекарданд. Маълум аст, ки хайвонхо олоти оддитарини кориро хам сохта наметавонанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …