Главная / Илм / ГЛИТСЕРИН

ГЛИТСЕРИН

gliserinГЛИТСЕРИН (юн. glykeros – ширин), соддатарин спирти сеатома. Г. моеи берангу буй ва шарбатмонанд; t гуд. 17,90С, t чуш 2900С, зичиаш 1260 кг/м3 (250С); хангоми 1000С хунук кардан, ба массаи шишамонанд табдил меёбад. Бо об, атсетон, спирти этил ва метил омехта мешавад. Бештари пайвастхои органики ва ноорганики (намак, ишкор, канд ва г.)-ро хал мекунад. Бо металлхо глитсерат, бо кислотахои органики глисерид, хангоми оксид шудан, алдегиди глитсерин, диоксиатсетон, кислотаи глитсерат ва г. хосил мекунад. Хангоми дегидрататсияи Г. полиглитсерин ё акролеин хосил мешавад. Дар холати озод дар хун, чарбуи табии ва фосфатидхо вучуд дорад. Дар саноат онро асосан аз пропилен, инчунин дар натичаи гидролизи ишкории чарбухо хангоми собунпази ва аз партовхои истехсолоти спирт хосил мекунанд. Г. барои хосил кардани нитроглитсерин ва зифтхои синтези, дар саноати хуроквори, бофандаги ва атриёт, махлули обии он чун антифриз истифода мешавад. Г.-ро дар тиб чун воситаи мулоим сохтани пуст, хамчунин дар таркиби шамъакхо ва хукна барои рафъи кабзият кор мефармоянд. Г. хангоми истехсоли мархамхо, ланиментхо ва г. низ истифода мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …