Главная / Илм / ГИПОКСИЯ

ГИПОКСИЯ

gipoksiyaГИПОКСИЯ (Hypoxia; аз гипо… ва лот. ox ygenium – оксиген), камоксигени, холатеро гуянд, ки дар мавриди бо оксиген пурра таъмин нашудани бофтахои организм ё ихтилоли чаббиши он дар бофтахо ба вучуд меояд. Г. метавонад боиси сар задани беморихои гуногун шавад. Мувофики тасаввуроти хозира Г.-и кутохмуддат имкон дорад дар организми сихат низ рух намояд, мас., хангоми кори вазнини чисмони, бисёр зур задан, машкхои спорти ва г. Дар ин гуна холатхо эхтиёчи организм ба оксиген якбора меафзояд.
Г. шадид, баркосо (чанд сония) ва музмин (моххо ва солхо давом мекунад) мешавад. Сабабхои Г. гуногун мебошанд. Он аз нарасидани оксигени хаво, мас., хангоми баромадан ба баланди, пушидани либоси гаввоси, кор дар кон ва киштии зериоби руй медихад. Г. хамчунин дар аснои бо чисмхои бегона ё луоб баста шудани рохи нафас, ташаннучи бронххо, иллати шуш (обварам ё газак), ки боиси костани хачми нафасгирандаи шуш мешавад, ба вучуд меояд. Аз баста шудани рохи нафас холати вазнин – асфиксия ба амал меояд.
Г.-и шадид аз талафи зиёди хун, сактаи дил, инчунин хангоми захролуди аз оксиди карбон (дар натича хун кобилияти ба бофтахо бурда расондани оксигенро гум мекунад) руй медихад. Г.-и музмин дар мавриди нукси дил ва кардиосклероз, ки бо заъфи кори дил ва бо хун пурра таъмин нашудани бофтахо вобаста аст, инкишоф меёбад.
Г.-е, ки дар натичаи таъсири баъзе моддахои химияви (мас., сианидхо) ба вучуд меояд, хеле густариш ёфтааст. Дар натичаи ба фаъолияти ферментхои нафаскашии бофтаю хучайра халал ворид сохтани он кобилияти аз худ кардани оксиген гум шуда, Г.-и нихоят тез (баркосо) руй медихад. Нарасидани баъзе витаминхо низ мучиби Г. мешаванд.
Асабхо ба нарасидани оксиген хеле хассос мебошанд. Мас., баъди 2 – 3 дак. катъ гаштани таъмини оксиген аломатхои ихтилоли чиддии фаъолияти кишри магзи сар падид меоянд. Дар натичаи Г. мубодилаи моддахо дар бофтаю хучайрахои организм якбора тагйир меёбад, кори дил тез, сипас тадричан суст (бо ном «набзи риштавор») хохад шуд; ранги руи бемор мепарад, уро араки сард зер карда, дасту по хунук ва худ бехуш мешавад. Дар натичаи захролуди (мас., хангоми нафас кашидани гази метан ё бугхои кислотаи сианид) кори узвхои мухим (дил, магзча ва г.) зуд ва пурра катъ мегардад. Авзои минбаъдаи организм ба он вобаста аст, ки Г.-и шадид дар кишри нимкурахои калони майнаи сар чи тагйирот ба амал овардааст.
Хастагии зуд, нафастанги, дилзани (хатто аз кори сабуки чисмони) ва суст гаштани кобилияти кори аломатхои Г.-и музмин буда, онхо бинобар заъфи кори дил ва рагхои хунгард, узвхои нафаскаши ё баъзе беморихои бардавом ба вучуд меоянд.
Барои пешгирии Г.-е, ки аз норасоии оксиген сар задааст, машкхои махсус мавчуданд. Дар натичаи ичрои онхо организм ба Г. (барои кор кардан дар шароити баландкух, киштии кайхони ва г.) одат менамояд.
Дар аснои рух намудани Г. зарардидаро ба хавои тоза мебароранд ё ба у барои нафас кашидан, оксиген медиханд. Агар Г. ба организм таъсири амик нарасонида бошад, пас ин тадбир барои рафъи окибати он кифоя аст. Агар ба рохи нафас чисмхои бегона афтанд, барои дур сохтани онхо тадбирхои зарури меандешанд (ниг. Чисмхои бегона). Одами аз гази карбон захролудшударо ба хавои тоза бароварда, нафаси сунъи медиханд.
Дар хама гуна холатхои норасоии шадиди оксиген ёрии тибби зарур аст. Агар ба чафодида сари вакт ёри расонанд, окибати ногувори Г. бартараф мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …