Главная / Чамъият / ФАЪОЛИЯТИ НОШИРИ ВА ПОЛИГРАФИ – КОНУНИ ЧТ

ФАЪОЛИЯТИ НОШИРИ ВА ПОЛИГРАФИ – КОНУНИ ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ НОШИРИ ВА ПОЛИГРАФИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2016, №7, мод. 607)

Конуни мазкур принсипхои асосии сиёсати давлати, хукук ва ухдадорихои субъектхои фаъолияти ношири ва полиграфиро дар Чумхурии Точикистон муайян намуда, ба танзими муносибатхои чамъияти дар сохаи мазкур равона карда шудааст.

poigraph

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

ношир (муассисаи нашрияви, нашриёт) – шахсе, ки интишори махсулоти чопиро амали мегардонад, аз чумла чихатхои ташкили, молияви, техники, технологи ва таъминоти дигари интишори онро ба ухда дорад;

– худношир – шахси вокеи, ки дастнависи махсулоти чопиро тахия ва тахрир намуда, аз хисоби маблагхои шахси ба чоп месупорад;

– муаллиф – шахси вокеи, ки асар дар натичаи мехнати эчодии у офарида шудааст;

корхонаи полиграфи (матбаа, истехсолкунандаи махсулоти чопи) -шахси хукуки, ки теъдоди муайяни махсулоти чопиро истехсол менамояд;

махсулоти  чопи– китоб, брошура, албом, матбуоти даври, плакат, буклет ва махсулоти дигари корхонаи полиграфи, новобаста аз адади чоп ва тарзи истехсоли он;

маводи нашри – мачмуи маълумот (нусхаи асли дастнавис, макола, такриз, шархи мухтасар, сарсухан, чадвал, тасвир, акс, диаграмма), ки барои тахияи дастнависи махсулоти чопи истифода мешавад;

фаъолияти ношири – фаъолият вобаста ба омодасозии дастнависи махсулоти чопи барои чоп;

фаъолияти полиграфи– фаъолият вобаста ба истехсоли махсулоти чопи;

– фармоишгари махсулоти чопи – шахси вокеи ва ё хукуки, ки хуччатгузории фармоиши махсулоти чопиро ба расмият дароварда, харочоти молиявии онро ба зимма мегирад ва сохиби махсулот мегардад;

фурушандаи махсулоти чопи – шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди, ки ба фуруши махсулоти чопи машгул мебошанд;

матбуоти даври– рузномаву хафтаномахо, мачаллахо, мохнома, солнома ва мачмуаву буллетенхое, ки номи доими ва раками чори дошта, дар вакту замони муайян (на камтар аз як маротиба дар як сол) ба чопмерасанд;

сензура – аз чониби макомоти давлати ё шахсони мансабдори онхо, дигар шахсони вокеи ва хукуки, новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон, аз ношир ё корхонаи полиграфи талаб намудани мувофикаи пешакии маводи нашри.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти ношири ва полиграфи

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти ношири ва полиграфи ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Максади фаъолияти ношири ва полиграфи

Максади фаъолияти ношири ва полиграфи:

конеъ намудани талаботи маънавии шахс, чомеа ва давлат;

– мусоидат намудан ба рушди фарханги милли бо рохи афзоиши номгуй, адади нашр ва хачми махсулоти чопи;

– баланд бардоштани сатхи фархангии ахли чомеа тарики дастраси ба махсулоти чопи, муаррифии арзишхои башардусти, дар асл ва тарчума чоп кардани асархои машхури адабиёти милли ва чахони;

– фарохамсозии имконот барои худифодасози хамчун муаллиф, сарфи назар аз миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи  сиёси, вазъи ичтимои, тахсил ва молу мулк.

Моддаи 4. Принсипхои асосии сиёсати давлати дар сохаи фаъолияти ношири ва полиграфи

Принсипхои асосии сиёсати давлати дар сохаи фаъолияти ношири ва полиграфи фарохам овардани шароити баробар ва бозори ракобатпазир чихати рушди сохибкори дар соха ва мусоидат ба пешрафти он мебошад.

Моддаи 5. Озодии фаъолияти ношири ва полиграфи

  1. Фаъолияти ношири ва полиграфи дар Чумхурии Точикистон озод буда, муассисахои нашрияви, корхонахои полиграфи ва фурушандагони махсулоти чопи дар муайян кардани самти фаъолият, доираи мавзуъ, интихоби муаллифон, адади нашр, нархи махсулоти чопи ва тахфифи он, мукаррар намудани шаклхои робита бо якдигар ва бо дигар ташкилоту корхонахо мустакил мебошанд.
  2. Ба сензураи дастнависи махсулоти ба чоп омодашуда ва инхисор дар фаъолияти ношири ва полиграфи рох дода намешавад, ба истиснои холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст.
  3. Хеч шахс хукук надорад, ки ношир, корхонаи полиграфи ва фурушандаи махсулоти чопиро вазифадор намояд, ки махсулоти чопи ва маводи дигари каблан радкардаи онхоро чоп намояд ва ба фуруш барорад, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 6. Маводи нашрие, ки чоп, фуруш ва пахнкунии онхо манъ аст

  1. Чоп, фуруш ва пахнкунии махсулоти чопии дорои сирри давлати ё сирри дигари бо конун хифзшаванда, ахборе, ки барои бо зури сарнагун сохтан ё тагйир додани сохтори конститутсиони, ба содир намудани чиноят, барангехтани кинаю адовати нажоди, милли, махалгарои, дини, забони, ташвикоти чанг, зулму зуровари, фаъолияти террористи ва экстремисти, халалдор кардани тамомияти арзи ва мустакилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметхои порнографиро таблиг ва ташвик мекунад, манъ аст.
  2. Чоп, фуруш ва пахнкунии маводи нашри ва махсулоти чопии дорои маълумоти бардуруг ё тухматомезу игвоангез, ки шаъну эътибори шахсони вокеи, макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти ва дигар ташкилотхоро паст мезананд, ба хаёти шахсии шахсони вокеи дахолат мекунанд, манъ аст.

Моддаи 7. Истехсол намудани хуччатхо ва варакахои бахисобгирию хисоботии катъи

Истехсоли хуччатхо ва варакахои бахисобгирию хисоботии катъи, субъектхои ба чопрасонандаи ин гуна махсулоти чопи ва пахн намудани онхо бо тартиби макаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

Моддаи 8. Хифзи хукуки моликияти зехни

Ношир ва корхонаи полиграфи хангоми истифодаи маводи нашри ухдадоранд мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилали оид ба хифзи хукуки моликияти зехниро, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, риоя намоянд.

Моддаи 9. Маълумотномаи махсулоти чопи

  1. Нусхаи китоби чопшуда бояд маълумоти зеринро дошта бошад:

– номи китоб (асоси, киёси, асли, алтернативи);

– ном ва сурогаи хукукии ношир, нашриёт;

– макон ва соли чопи китоб;

– ному сурогаи хукукии корхонаи полиграфи;

– раками фармоиш ва адади чоп;

– индексхои таснифоти, таснифоти фаъолияти универсалии раками байналмилалии стандартии китоб;

– нарх ё ишораи «нархи озод» ё «ройгон».

  1. Нусхаи махсулоти чопи бояд дорои маълумоти зерин бошад:

– ном ва сурогаи хукукии ношир, нашриёт;

– макон ва соли чоп;

– ном ва сурогаи хукукии корхонаи полиграфи, санаи ба кайд гирифта шудан ва раками он;

– раками фармоиш ва адади чоп.

Моддаи 10. Субъектхои фаъолияти ношири ва полиграфи

  1. Субъектхои фаъолияти ношири ва полиграфи ношир, корхонаи полиграфи ва фурушандаи махсулоти чопи мебошанд.
  2. Муносибатхо байни субъектхои фаъолияти ношири ва полиграфи, хамчунин муносибатхои онхо бо дигар субъектхои фаъолият дар асоси оиннома ва шартнома (созишнома)-и тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон басташуда, танзим мешаванд.

Моддаи 11. Фаъолияти худношири

Шахсони вокеи хукук доранд, ки дастнавис ва ё маводи дигари худро, дар тахрири бевоситаи худ ва аз хисоби маблаги шахси чоп намоянд, агар мухтавои он хилофи мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон набошад.

БОБИ 2. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ НОШИРИ ВА ПОЛИГРАФИ 

Моддаи 12. Таъсиси муассисаи нашрияви, корхонаи полиграфи ва фуруши махсулоти чопи

  1. Шахсони вокеи ва хукуки хукук доранд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон муассисаи нашрияви, корхонаи полиграфи ва фуруши махсулоти чопи таъсис диханд.
  2. Ба таъсиси муассисаи нашрияви, корхонаи полиграфи ва фуруши махсулоти чопи хукук надоранд:

– шахсони то хаждахсола ва шахсоне, ки бо хукми суд чазоро дар намуди махрум сохтан аз озоди дар муассисахои ислохи адо мекунанд ё аз хукуки машгул шудан бо фаъолияти мазкур махрум гаштаанд, ё бо халномаи суд гайри кобили амал ё кобилияти амалашон махдуд эътироф карда шудаанд;

– хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти, ташкилотхо ва шахсони хукукие, ки фаъолияташон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон махдуд ва ё манъ карда шудааст.

Моддаи 13. Макоми идоракунии фаъолияти муассисаи нашрияви, корхонаи полиграфи ва фуруши махсулоти чопи

  1. Макоми идоракунии фаъолияти муассисаи нашрияви, корхонаи полиграфи ва фурушимахсулоти чопи муассисони онхо мебошанд.
  2. Муассис самтхои фаъолияти муассисаи нашрияви, корхонаи полиграфи ва фурушимахсулоти чопиро муайян ва оинномаи онхоро тасдик мекунад.
  3. Муассис хукук дорад хамчун ношир, истехсолкунанда ва фурушандаи махсулоти чопи амал намояд.
  4. Муассис вазифадор аст:

– барои фаъолияти муътадили муассисаи нашрияви, корхонаи полиграфи ва фуруши махсулоти чопи шароит мухайё созад;

– барнома ва самтхои асосии фаъолияти муассисаи нашрияви, корхонаи полиграфи ва фуруши махсулоти чопиро муайян намояд;

– бо рохбарияти муассисаи нашрияви, корхонаи полиграфи ва фуруши махсулоти чопии таъсисдодааш шартнома бандад;

– талаботи санадхои меъёрии хукукиеро, ки фаъолияти сохаро танзим менамоянд, риоя намояд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи макомоти ваколатдори давлати хисобот ва маълумотро оид ба фаъолияти худ пешниход намояд.

Моддаи 14. Бакайдгирии давлатии ношир, корхонаи полиграфи ва фурушандаи махсулоти чопи

  1. Бакайдгирии давлатии ношир, корхонаи полиграфи ва фурушандаи махсулоти чопи бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» амали мегардад.
  2. Макомоти давлати, суди, прокуратура, муассисахои таълими ва илми хукук доранд маводхои расми, санадхои меъёрии хукуки, маводи таъиноти истифодаи хизматиро бе кайди давлати чоп намоянд.
  3. Катъ гардидани фаъолияти ношири ва полиграфи мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Моддаи 15. Бахисобгирии давлатии фаъолияти ношири, корхонаи полиграфи ва пешбурди Фехристи ягонаи давлати

Бахисобгирии давлатии фаъолияти ношири, корхонаи полиграфи ва пешбурди Фехристи ягонаи давлати бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи фарханг амали карда мешавад.

БОБИ 3. ХУКУК ВА УХДАДОРИИ НОШИР, КОРХОНАИ ПОЛИГРАФИ

ВА ФУРУШАНДАИ МАХСУЛОТИ ЧОПИ 

Моддаи 16. Хукукхои ношир, корхонаи полиграфи ва фурушандаи махсулоти чопи

  1. Ношир ва корхонаи полиграфи хукук доранд:

– накшаи чопи махсулоти чопиро мустакилона тахия ва тасдик намоянд;

– барои омодасозии махсулоти чопи ба чоп ва фуруши он аз макомоти давлати ва чамъияти, ташкилотхо ва шахсони вокеи фармоиш кабул намоянд;

– дар хусуси истифода ва чопи асархои муаллифони ватани дар хорича ва асархои муаллифони хоричи дар Чумхурии Точикистон бо шахсони вокеи ва хукукии хоричи шартномахо банданд;

– аз муаллиф ва ё вориси у дар мавриди чопи асархояш хукук ва ваколатхои дахлдор ба даст оранд;

– асархои илми, бадеи ва санъатро дар мувофика бо муаллиф барои дарёфти мукофотхои давлати, чамъияти ва байналмилали пешниход намоянд;

– дар чорабинихои байналмилалии нашрияви иштирок карда,  махсулоти чопии худро дар мувофика бо муаллиф ба намоишгоххо, озмунхои милли ва байналмилали пешниход намоянд.

  1. Фурушандаи махсулоти чопи хукук дорад аз шахсони вокеи ва хукуки махсулоти чопиро барои фуруш кабул намояд ва бо онхо шартнома бандад.

Моддаи 17. Ухдадорихои ношир, корхонаи полиграфи ва фурушандаи махсулоти чопи

  1. Ношир ухдадор аст:

– фаъолиятро танхо дар асоси бакайдгири ва бахисобгирии давлати ба рох монад;

– махсулоти чопиро мутобики стандартхои байналмилали ва милли ба чоп тахия созад;

– ба вокеият чавобгу ва ба мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон мутобик будани мухтавои махсулоти чопиро риоя намояд;

– талаботи санадхои меъёрии хукукиеро, ки фаъолияти сохаро танзим менамоянд, риоя намояд;

– дастнависи махсулоти чопиро хатман бо рамзи (грифи) ношир, маълумоти чопи ва бо раками стандарти байналмилалии китоб ба чоп пешниход намояд;

– дастнависи махсулоти чопии дорои мохияти илми, таълими ва диниро танхо пас аз гирифтани тавсиянома ва ичозати расмии макомоти ваколатдори давлати ба чоп омода созад.

  1. Корхонаи полиграфи ухдадор аст:

– фаъолиятро танхо дар асоси бакайдгири ва бахисобгирии давлати ба рох монад;

– махсулоти чопиро мутобики стандартхои байналмилали ва милли  чоп намояд;

– талаботи санадхои меъёрии хукукиеро, ки фаъолияти сохаро танзим менамоянд, риоя намояд;

– махсулоти чопиро хатман бо розигии ношир, фармоишгари махсулоти чопи хамчунин бо рамзи (грифи) ношир ва маълумотномаи махсулоти чопи чоп намояд;

– бо тавсия ва ё ичозати расмии макомоти ваколатдори давлати махсулоти чопии дорои мохияти илми, таълими ва диниро чоп намояд;

– бо ичозати муаллиф (мураттиб) ва ношир, нусхаи аслии маводи нашриро пурра ё кисман чоп ё нусхабардори намояд;

– нусхахои хатмии махсулоти чопиро ба макомот ва ташкилотхои дахлдори давлати, ки номгуйи онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд, саривакт ва ройгон дастрас намояд.

  1. Фурушандаи махсулоти чопи ухдадор аст, ки махсулоти чопиеро, ки дар он мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон, талаботи стандартхои байналмилали, милли ва санадхои меъёрии хукуки риоя нашудаанд, бе рамзи (грифи) ношир, маълумотномаи махсулоти чопи ба чоп расидаанд, инчунин бар хилофи тартиби мукаррарнамудаи конунгузори ба Чумхурии Точикистон ворид шудаанд, ба фуруш набарорад.

БОБИ 4. ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСАИ НАШРИЯВИ,

КОРХОНАИ ПОЛИГРАФИ ВА ФУРУШИ МАХСУЛОТИ ЧОПИ 

Моддаи 18. Хамкорихои байналмилали

  1. Хамкорихои байналмилалии муассисаи нашрияви, корхонаи полиграфи  ва фуруши махсулоти чопи бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, амали карда мешаванд.
  2. Шахсони вокеи ва хукуки дар якчояги бо сармоягузорони хоричи бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон метавонанд муассисаи нашрияви, корхонаи полиграфи ва фуруши махсулоти чопи таъсис диханд.

Моддаи 19. Содирот ва воридоти махсулоти чопи

Содирот ва воридоти махсулоти чопи аз чониби ношир, корхонаи полиграфи ва фуруши махсулоти чопи бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 20. Тартиби баррасии бахсхо оид ба фаъолияти ношири ва полиграфи

Бахсхо вобаста ба фаъолияти ношири ва полиграфи бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хал карда мешаванд.

Моддаи 21. Чавобгарибарои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкурбо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 22. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни  Чумхурии Точикистон «Дар бораи табъу нашр»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи  табъу нашр» (Ахбори  Шурои  Олии  Чумхурии  Точикистон, с. 1994, № 1,  мод. 28; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.1996, № 3, мод. 48; с. 1997, № 9, мод. 117; с. 1999, № 12, мод. 329; с. 2002, №11, мод.726; с. 2004, №5, мод. 338; с. 2005, №12, мод.656) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе,

23 июли соли 2016, №1327

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисчумхури Точикистон, Владимир Путинро бо зодрузаш табрик намуд

Эмомали Рахмон, раисчумхури Точикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрузаш табрик намудааст.  Бино …