Главная / Маданият ва санъат / Дуст доштани мехмон

Дуст доштани мехмон

Дуст доштани мехмон

Расули акрам (с) фармудаанд, ки хар касе имон дорад ба Худо ва ба рузи киёмат мехмонро иззат кунад. Ва гуфтанд, хар ки як дирам барои мехмон сарф кунад, савоби хазор дирхами дар рохи Аллох таъоло сарф карданро дарёбад. Ва  низ фармуданд: хар ки мехмонро дуст дорад ва иззат кунад, Аллох таъоло ба руи вай дархои чаннатро кушода гардонад.

Овардаанд, ки хар вакте ба хонаи Хазрати Умар (р) мехмон меомад, худаш бархеста хизмати мехмонро менамуд ва мегуфт, ки ман аз Расул (с) шунидам, ки дар хонае мехмон бошад, фариштагон дар он хона рост истода бошанд, ман шарм медорам, ки фариштагон рост истода бошанду ман нишаста бошам.

Хикоят. Овардаанд, ки рузе як мачуси ба дари хонаи Иброхим Халилуллох алайхи салоту ва салом омад, ки шаб дар он чо мехмон шавад.

Иброхим алайхи-с-салом гуфт: ту габри мачуси аз дин бегонаи, агар аз дини мачуси бозгарди ва мусулмон шави, ман туро мехмон кунам.

Мачуси ин суханро шунида аспи худро гардонида ба рохи дигар рафт. Дархол вахйи Илохи омад, ки ё Иброхим, агар , он мачусиро мехмондори мекарди, дини мачусии у ба ту чи зарар дошт? Муддати хафтод сол аст, ки ман уро таъом ва  шароб медихам ва ягон руз нагуфтаам, ки аз дини мачуси баргард.

Хазрати Иброхим алайхи-с-салом аз вочиб Таъоло ин хитоби итобомезро шунида, аз паси он мачуси давида дар рох уро ёфта, гуфт:

  • Эй мехмон, баргард, ки туро мехмондори кунам.

Мачуси гуфт:

  • Во ачабо, хозир маро аз хона ронди, акнун ба назди ман аз рохи дур пиёда омада мегуи, ки баргард, ки туро мехмондори кунам. Иброхим алайхи-с-салом гуфтанд, ки аз барои рондани ту Аллох таъоло манро сарзаниш кард, бино бар он ба талаби ту омадам.

Мачуси худро аз болои асп партофта гуфт:

— Ачаб Худои мехрубону бехамто, ки аз барои душмане ба дусти худ итоб кунад ва дархол калимаи “ Ашхаду ан ло илоха илаллох ва иннака Расул Аллох”- гуфта, мусулмон шуд.

Хикоят. Овардаанд, ки Аллох таъоло ба Мусо алайхи-с- салом вахй кард, ки ё Мусо, мехмони худро дуст дор ва мехмони маро иззат кун. Агар мехмони худро иззат куни, бихишт ато кунам ва агар мехмони маро иззат куни, дидори худ ато мекунам.

Хазрати Мусо алайхи-с-салом муночот карданд, ки Илохо, мехмони ман кадом аст ва мехмони ту кадом аст?’

Вахй омад, ки ё Мусо, мехмони ту он аст, ки даъват карда биёри ва аз барои он таъом мухайё куни ва мехмони ман он аст, ки бехабар ба хонаи ту биёяду мехмони ту шавад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки мехмон баракат аст аз Аллох таъоло ва неъмат аст аз Аллох таъоло. Хар мусулмоне, ки мехмонро иззат ксунад, дар бихишт хамрохи ман бошад ва, хар ки мехмонро дуст надорад, аз уммати ман набошад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки хар ки хохад Худованд ва Расули акрам аз у рози бошанд, хамрохи мехмон таъом хурад.

Илохо, дар дили хамаи муъминон мухаббати мехмондори ато фармои ва аз савоби он махрум магардони, омин.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

firuza-tochka

Фируза ва Шон МС: Суруди Точка 2019

Суруди – мусикии аз тарафи сароянда/хофизаи номи Фируза Хафизова ва Шон МС хондашуда соли 2019-ум …