Дуст доштани меҳмон
Расули акрам (с) фармудаанд, ки ҳар касе имон дорад ба Худо ва ба рӯзи қиёмат меҳмонро иззат кунад. Ва гуфтанд, ҳар ки як дирам барои меҳмон сарф кунад, савоби ҳазор дирҳами дар роҳи Аллоҳ таъоло сарф карданро дарёбад. Ва низ фармуданд: ҳар ки меҳмонро дӯст дорад ва иззат кунад, Аллоҳ таъоло ба рӯи вай дарҳои ҷаннатро кушода гардонад.
Овардаанд, ки ҳар вақте ба хонаи Ҳазрати Умар (р) меҳмон меомад, худаш бархеста хизмати меҳмонро менамуд ва мегуфт, ки ман аз Расул (с) шунидам, ки дар хонае меҳмон бошад, фариштагон дар он хона рост истода бошанд, ман шарм медорам, ки фариштагон рост истода бошанду ман нишаста бошам.
Ҳикоят. Овардаанд, ки рӯзе як маҷусӣ ба дари хонаи Иброҳим Халилуллоҳ алайҳи салоту ва салом омад, ки шаб дар он ҷо меҳмон шавад.
Иброҳим алайҳи-с-салом гуфт: ту ғабри мачусӣ аз дин бегонаӣ, агар аз дини маҷусӣ бозгардӣ ва мусулмон шавӣ, ман туро меҳмон кунам.
Маҷусӣ ин суханро шунида аспи худро гардонида ба роҳи дигар рафт. Дарҳол ваҳйи Илоҳӣ омад, ки ё Иброҳим, агар , он маҷусиро меҳмондорӣ мекардӣ, дини маҷусии ӯ ба ту чӣ зарар дошт? Муддати ҳафтод сол аст, ки ман ӯро таъом ва шароб медиҳам ва ягон рӯз нагуфтаам, ки аз дини маҷусӣ баргард.
Ҳазрати Иброҳим алайхи-с-салом аз воҷиб Таъоло ин хитоби итобомезро шунида, аз паси он маҷусӣ давида дар роҳ ӯро ёфта, гуфт:
- Эй меҳмон, баргард, ки туро меҳмондорӣ кунам.
Маҷусӣ гуфт:
- Во аҷабо, ҳозир маро аз хона рондӣ, акнун ба назди ман аз роҳи дур пиёда омада мегӯӣ, ки баргард, ки туро меҳмондорӣ кунам. Иброҳим алайҳи-с-салом гуфтанд, ки аз барои рондани ту Аллоҳ таъоло манро сарзаниш кард, бино бар он ба талаби ту омадам.
Маҷусӣ худро аз болои асп партофта гуфт:
— Аҷаб Худои меҳрубону беҳамто, ки аз барои душмане ба дӯсти худ итоб кунад ва дарҳол калимаи “ Ашҳаду ан ло илоҳа илаллоҳ ва иннака Расул Аллоҳ”- гуфта, мусулмон шуд.
Ҳикоят. Овардаанд, ки Аллоҳ таъоло ба Мусо алайҳи-с- салом ваҳй кард, ки ё Мусо, меҳмони худро дӯст дор ва меҳмони маро иззат кун. Агар меҳмони худро иззат кунӣ, биҳишт ато кунам ва агар меҳмони маро иззат кунӣ, дидори худ ато мекунам.
Ҳазрати Мусо алайҳи-с-салом муноҷот карданд, ки Илоҳо, меҳмони ман кадом аст ва меҳмони ту кадом аст?’
Ваҳй омад, ки ё Мусо, меҳмони ту он аст, ки даъват карда биёрӣ ва аз барои он таъом муҳайё кунӣ ва меҳмони ман он аст, ки бехабар ба хонаи ту биёяду меҳмони ту шавад.
Расули акрам (с) фармуданд, ки меҳмон баракат аст аз Аллоҳ таъоло ва неъмат аст аз Аллоҳ таъоло. Ҳар мусулмоне, ки меҳмонро иззат ксунад, дар биҳишт ҳамроҳи ман бошад ва, хар ки меҳмонро дӯст надорад, аз уммати ман набошад.
Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар ки хоҳад Худованд ва Расули акрам аз ӯ розӣ бошанд, ҳамроҳи меҳмон таъом хӯрад.
Илоҳо, дар дили ҳамаи мӯъминон муҳаббати меҳмондорӣ ато фармоӣ ва аз савоби он маҳрум магардонӣ, омин.