Главная / Чамъият / Додани дастур ба кормандон оид ба коидахои хифзи мехнат ва усулхои бехатарии кор

Додани дастур ба кормандон оид ба коидахои хифзи мехнат ва усулхои бехатарии кор

Моддаи 336-и Кодекси Мехнат. Додани дастур ба кормандон оид ба коидахои хифзи мехнат ва усулхои бехатарии кор

  1. Корфармо ухдадор аст ба кормандоне, ки ба кор кабул мешаванд ва ё ба кори дигар гузаронида мешаванд, оид ба хифзи мехнат ва омузиши усулхои бехатари кор дастур дихад.
  2. Барои кормандони дар истехсолоти шароити корашон махсусан хатарнок бояд таълими хифзи мехнат ба рох монда, онхо баъд аз хатми таълим имтихон супурда, минбаъд давра ба давра аз нав имтихон карда шаванд.
  3. Дастурдихи, таълим ва санчиши давра ба давраи дониши кормандон, аз чумла мутахассисон ва рохбароне, ки барои холати хифзи мехнат масъуланд, бо тартиб ва дар мухлатхои мукаррарнамудаи санади меъёрии дахлдор ба рох монда мешаванд.
  4. Шахсоне, ки бо тартиби мукарраршуда аз хифзи мехнат ва усулхои бехатари кор дастур ва таълим нагирифтаанд, ба кор рох дода намешаванд.
  5. Донистани коидаю меъёрхои бехатари ва хифзи мехнат кисми таркибии талаботи ихтисосие мебошад, ки аз кормандон такозо мешавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …