Главная / Ҷамъият / Додани дастур ба кормандон оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор

Додани дастур ба кормандон оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор

Моддаи 336-и Кодекси Меҳнат. Додани дастур ба кормандон оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор

  1. Корфармо уҳдадор аст ба кормандоне, ки ба кор қабул мешаванд ва ё ба кори дигар гузаронида мешаванд, оид ба ҳифзи меҳнат ва омўзиши усулҳои бехатари кор дастур диҳад.
  2. Барои кормандони дар истеҳсолоти шароити корашон махсусан хатарнок бояд таълими ҳифзи меҳнат ба роҳ монда, онҳо баъд аз хатми таълим имтиҳон супурда, минбаъд давра ба давра аз нав имтиҳон карда шаванд.
  3. Дастурдиҳӣ, таълим ва санҷиши давра ба давраи дониши кормандон, аз ҷумла мутахассисон ва роҳбароне, ки барои ҳолати ҳифзи меҳнат масъуланд, бо тартиб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи санади меъёрии дахлдор ба роҳ монда мешаванд.
  4. Шахсоне, ки бо тартиби муқарраршуда аз ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатари кор дастур ва таълим нагирифтаанд, ба кор роҳ дода намешаванд.
  5. Донистани қоидаю меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат қисми таркибии талаботи ихтисосие мебошад, ки аз кормандон тақозо мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …