Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни эхтиром кардани падару модар

Дар баёни эхтиром кардани падару модар

Дар баёни эхтиром кардани падару модар

Акнун бародару хохари азиз, бидон, ки хурмат кардани падару модар аз вочибот ва заруриёти ислом аст, чунончи Худои таьоло фармуда аст, ки “васият кардем инсонро ба некуи кардани падару модар”.

Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам фармудаанд: хар вакто ки падару модар фарзандро ба наздашон бихонанд, дархол хамаи корхои худро монда назди падару модари худ рафта, фармонбардории онхоро ба чону дил ба чо оварад. Агар сусти карда, фармони онхоро ба чо наёрад, ман безорам аз он шахс.

Овардаанд, ки шахсе назди Расули акрам ( салаллоху алайхи ва саллам) омаду гуфт; ё Расулаллох, маро панде дих, ки дар дунё ва дар охират маро фоида хосил шавад. Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам гуфтанд, ки падару модар дори?

Он шахс гуфт: – дорам.

Пайгамбар (салаллоху алайхи ва саллам ) фармуданд, ки падару модари худро эхтиром кун ва фармонбардории онхоро ба чо ор, аввал таомро бо онхо хурон. Худованд ба хар лукмаи таом бароят касре дар бихишт ато кунад.

Овардаанд, ки шахсе назди Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) омаду гуфт: падару модар дорам, фармонбардории онхоро мекунаму нафакаи онхоро медихам. Бо вучуди он маро дашноми бисёр дода, изо мерасонанд. Омадам, ки дар хакки онхо чи кор кунам?

Расул (салаллоху алайхи ва саллам) гуфтанд: агар падару модар гушти туро – пора пора кунанд, хануз чахоряки хакки онхоро сокит накарда боши. Бидон, ки бихишт дар зери кадами падару модарон бошад.

Он шахс гуфт:  Расулаллох, валлох, ки бар падару модари худ чизе намегуям, агарчи маро пора-пора кунанд. – ин гуфта ба хонаи худ омада, кадамхои падару модари худро буса карда, гуфт: эй кибла ва каъбаи ман, маро Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам ) инчунин фармуд.

Овардаанд, ки Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) дар бораи падару модар хадиси дароз гуфта дар охири сухан касам ёд карда гуфтаанд: ба хакки он Худое, ки маро ба рости ба халк пайгамбар фиристода аст, хар ки ба падару модари худ некуи карда, аз худ рози гардонад, он кас хамрохи ман дар бихишт бошад.

Марде аз он мачлис аз чои худ бархоста гуфт: ё Расулаллох, агар шахсеро дар овони хурди падару модар фавтида бошад, чи гуна онхоро фарзанд рози гардонад?

Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) гуфтанд, ки аз барои падару модари худ садака кунад ё мухточеро таом дихад ва кироати Куръон кунад ва намози фаризаро хонда дар акиби он аз барои магфирати падару модар дуо кунад, Аллох таъоло дуои уро кабул карда  магфират менамояд, агарчи онхо гунахгор бошанд. Агар фарзанд дар хакки падару модар дуо накунад, пас он фарзанд ок аст.

Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) фармуданд: хар ки ба зиёрати кабри падару модари худ равад, дар хар кадами он Аллох таъоло сад хасана, яъне сад неки ато намуда, сад хатогии уро аз номаи аъмолаш бардошта мекунад.

Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) фармуданд: хар ки назди падару модари худ бо одрб нишаста хамрохи онхо нарм сухан гуяд, Аллох  таъоло он бандаро магфират кунад.

Овардаанд, ки дар замони хилофати хазрати Умар (р) точире буд, ки ба хотири зани худ ба модараш хеч майле намекард. Рузе модараш барои таом ба хонаи писар омад.

Зани у гуфт: хар руз модари ту омада аз ин чо чизе мебарад.

Аз ин сухан писараш чизе ба модар надода аз хона берун кард. Модар гирякунон рафт. Вакте он точир хамрохи савдогарон ба сафаре баромад, дар рох аз хамрохони худ кафо монд. Рохзане баромада молхои он савдогарро батамом гирифт ва дасти уро бурида ба гарданаш овехта дар рох партофта рафт.

Корвоне омада уро бо он хол дида, ба у рахм намуда, уро ба манзилаш оварданд. Хешовандони у аз барои дидани у омада гуфтанд: ин чазои он касе аст, ки модари худро изо дода, чизе намедод. Агар ба модари худ тараххум мекарди, молхои ту нобуд намешуданд ва дасти ту бурида намегардид.

Хикоят. Овардаанд, ки шайхе буд, ба фазлу бузурги машхур. Рузе он шайх касди зиёрати Маккаи Муаззама намуд. Модаре дошт, ичозат талабид, модараш рози нашуд. Шайх майл накарда равонаи сафар гардид. Модараш гирякунон аз акиби писар афтода харчанд зора кард, писар аз рафтан бознаистод. Сухани модарро гуш накард. Модараш ба дарди дил дуо карду гуфт: Илохи, писарамро бо оташи чудои гирифтор кун ва азоби сахтеро гирифтори у гардон. Пас он шайх дар рохи Макка равон шуд. Шаб ба шахре расиду шабро дар масчиде ба намоз хондан гузаронид.

Дар он шаб дузде ба хонаи шахсе даромад. Сохиби хона хабардор гардид. Дузд баромада гурехт. Сохиби хона аз думболи дузд шитобид. Дузд ба тарафи масчид омада гоиб гардид. Мардумон чамъ омада чарог равшан карданд ва ба даруни масчид даромада диданд, ки шахсе истода намоз мехонад, пас шайхро баста назди подшохи он шахр бурданд. Подшох фармуд: дасту пои он шайхро буранду чашмони уро кованд ва уро бардошта дар бозорхо фарёд кунанд, ки ин чазои шахсе аст, ки дузди кунад.

Шайх гуфт: ин тариха фарёд накунед, балки гуед, ки ин чазои он касе аст, ки бе ичозати модар касди зиёрати Макка намояд.

Баъд аз он мардумоне, ки уро медонистанду мешинохтанд, вокеаро ба подшох хабар доданд. Подшох пушаймон шуда узр хост.

Шайх гуфт: шуморо хеч гунохе нест. Дуои бади модарам буд, ки бе ризои  баромада будам, маро ба ии бало гирифтор намуд. Агар хохед, ки аз шумоён хурсанд бошам, маро ба шахри худ, ба ибодатгохам расонед.

Пас уро дар халта андохта ба хонааш оварданд. Шайх

шунид, ки модараш дар дуо мегуяд: Илохо, писарамро бар балое гирифтор куни, ки ман ба чашми худ уро бубинам.

Шайх аз модари худ ин суханро шунида фарёд кард, ки эй зани порсо, ман мусофири гурусна хастам. Маро чизе дихед.

Модараш гуфт: пештар ой, туро ноне дихам.

Шайх гуфт: пой надорам, ки ба суи ту равам.

Модараш гуфт: дасти худро дароз кун.

Шайх гуфт: дасте надорам, ки ба суи ту дароз кунам. Модараш гуфт: ман номахрамеро надидаам, ки баромада ба ту таом дихам.

Шайх чавоб дод, ки ман чашм надорам, ки ба суи ту назар кунам.

Пас модар нонеро бо хамрохи косаи об гирифта аз хона баромада, назди писари худ омад. Шайх руи худро ба кадамхои модари худ молида пойхои уро буса карда гуфт: ман писари осии туам, ки аз дуои бади ту бо ин хол расидам.

Модараш донист, ки писараш аз норозигии у бо ин ахвол мубтало шудааст. Бисёр гиря карду гуфт: Илохо, ман аз писари худ рози шудам, аз даргохи ту металабам, ки чони маро ва чони писарамро дархол бигири, ки маро токати дидани у ва писарамро токати дидани мардум нест.

Дархол ба фармони Аллохтаъоло модару писар кабзи рух гашта ба олами хурсанди расиданд.

Овардаанд, ки чавоне буд дар замони Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам. Номи вай Алкама, хамеша тоат мекард ва хамаруза рузадор ва шабхо шабзиндадор буд. Баногох у бемор шуд. Чун баромадани чонаш наздик омад, забонаш дар гуфтани калимаи шаходат нагашт. Расули акрам салаллоху алайхи ва салламро хабар доданд. Али ва Умарро ба назди у фиристод. Онхо харчанд калимаи шаходат талкин карданд, забони у кор накард.

Амири муъминин Али разияллоху анху Билолро назди Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам фиристоду аз он хол хабар дод, Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам фармуданд, ки Алкама падару модар дорад? Гуфтанд модари пире дорад. Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам фармуданд, то модари уро оварданд.

Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам гуфт: – эй пиразан, маро аз холи Алкама хабар кун, ки зиндагонии вай бо ту чи гуна буд?

Гуфт: ё Расулаллох, бисёр неку ва пархезгор буд, аммо  ман аз вай рози нестам, ки у ризои зани худро аз ризои ман боло медонад.

Расули акрам ( салаллоху алайхи ва саллам) фармуд: аз хамин чихат аст, ки забони у дар банд шудааст, эй пиразан, уро бихил кун, то забони у кушодашавад.

Пиразан гуфт: ё Расулаллох, у дар хакки ман чафои бисёр  кардааст, уро бихил накунам.

Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам ) фармуд: ё Билол, рафта мардумро даъват кун, то хезум чамъ кунанд, Алкамаро бисузем, ки модараш аз вай рози нест.

Модараш гуфт: ё Расулаллох, фарзандамро дар пеши назарам бисузи, дилам токат намекунад.

Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам ) гуфтанд: эй пиразан, оташи дузах аз оташи дунё сузонтараст, чун ту аз вай рози нести, хеч тоати вай макбули даргохи Илохи нест.

Пиразан чун ин шунид, фарёд баровард, ки ё Расулаллох, ман аз вай рози шудаму уро бихил кардам.

Модар чун ба дари хона омад, овози Алкама шунид, ки калимаи шаходат мегуфт ва у хамон руз вафот ёфт.

Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) бар вай намоз кард ва уро дафн карду гуфт: эй гурухи мусулмонон, хар касе кадру кимати зани худро аз кадру киммати модараш зиёда кунад, дар лаънати Худои таъоло ва фариштагон бошад ва Худованд фарзу нафли вайро кабул накунад. Аз ранчонидану нохушнудии эшон пархез бояд кард, ки кори душвор аст ва азоби у бисёр.

Расули акрам ( салаллоху алайхи ва саллам) фармуданд: шахсеро падару модар рози набошад, Аллох таъоло чони уро ба гайри калимаи шаходат бароварда, рузи киёмат дар пешонааш навишта мешавад, ки ин банда оки падару модар аст.

Фармуданд Расули акрам ( салаллоху алайхи ва саллам), ки Худои таъоло аз он банда рози бошад, ки падару модар аз у рози бошад ва хар бандае, ки падару модари у рози набошад, Аллох таъоло он бандаро ба газаби худ гирифтор карда, бо оташи дузах андозад.

Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) фармуданд, ки ду гунох аст, ки инсон, албатта, азоби онро дар дунё мебинад ва хам дар охират: яке зулм кардан бар бандагони Худованд, дуюм озор додани падару модар. Бокии гунохонро мумкин аст, ки Худои таъоло даргузарад ё азоби онхоро дар киёмат бинад.

Хикоят. Шахсе назди Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) омаду гуфт: ё Расулаллох, модарам пири барчомонда шудааст, лукмаи таоми уро дар дахонаш мегузорам ва уро оби тахорат медихам. Уро бар гардани худ менихам ва ба тахоратчой мебарам. Магар хакки вайро ба чо оварда бошам, ё не?

Расули акрам (с салаллоху алайхи ва саллам) фармуданд, ки аз сад хакки вай яктоашро адо накарда боши.

Дар хадис омадааст, ки буи бихишт харгиз ба димоги озордихандаи падару модар намерасад ва буи дузах харгиз ба димоги некудорандаи падару модар нарасад.

Овардаанд, ки рузе шахсе вафот кард. Уро чун дар гур ниходанд, аз гураш овози хар меомад. Сабаби онро пурсиданд гуфтанд, ки рузе чун модараш сухан мегуфт, модарро: эй хар, хомуш бош,-гуфта буд.

Модараш аз ин сухан ранчида гуфта буд: Хак таъоло туро дар гур хар гардонад, акнун аз гураш овози хар меояд.

Агар ризои хак мехохи, дар ризои падару модар бикуш.

Чаннат, ки макоми сарварон аст,

Дар зери кудуми модарон аст.

Хохи, ки ризои Хак биёби.

Он кун, ки ризои модарон аст.

♦ * *

Волидайн аз хар касе хушнуд нест,

Он касаш шоистаи маъбуд нест.

* *

Илохо, ба хурмати ризои ту ва ризои падару модарон хамаи мусулмононро тавфики хушнуд кардан ва фармонбардори намудани фарзандон ато намои, ки дар зиндаги ризои падару модаронро ёбанд ва баъди маргашон арвохи онхоро бо фотиха ва тиловати курьону садака хушнуд гардонанд. Омин, ба хурмати хазрати сайиду-л-мурсалин салаллоху алайхи ва саллам.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

folbin

ФОЛБИН

Хурофот бештар зодаи чахолати инсон ва тарси у аз па- дидахои табиист. Одамон аз сабаби …