Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни эҳтиром кардани падару модар

Дар баёни эҳтиром кардани падару модар

Дар баёни эҳтиром кардани падару модар

Акнун бародару хоҳари азиз, бидон, ки ҳурмат кардани падару модар аз воҷибот ва заруриёти ислом аст, чунончи Худои таьоло фармуда аст, ки “васият кардем инсонро ба некӯӣ кардани падару модар”.

Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: ҳар вақто ки падару модар фарзандро ба наздашон бихонанд, дарҳол ҳамаи корҳои худро монда назди падару модари худ рафта, фармонбардории онҳоро ба ҷону дил ба ҷо оварад. Агар сустӣ карда, фармони онҳоро ба ҷо наёрад, ман безорам аз он шахс.

Овардаанд, ки шахсе назди Расули акрам ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) омаду гуфт; ё Расулаллоҳ, маро панде диҳ, ки дар дунё ва дар охират маро фоида ҳосил шавад. Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд, ки падару модар дорӣ?

Он шахс гуфт: – дорам.

Пайғамбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам ) фармуданд, ки падару модари худро эҳтиром кун ва фармонбардории онҳоро ба ҷо ор, аввал таомро бо онҳо хӯрон. Худованд ба ҳар луқмаи таом бароят қасре дар биҳишт ато кунад.

Овардаанд, ки шахсе назди Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) омаду гуфт: падару модар дорам, фармонбардории онҳоро мекунаму нафақаи онҳоро медиҳам. Бо вуҷуди он маро дашноми бисёр дода, изо мерасонанд. Омадам, ки дар хаққи онҳо чӣ кор кунам?

Расул (салаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: агар падару модар гӯшти туро – пора пора кунанд, ҳанӯз чаҳоряки ҳаққи онҳоро соқит накарда бошӣ. Бидон, ки биҳишт дар зери қадами падару модарон бошад.

Он шахс гуфт:  Расулаллоҳ, валлоҳ, ки бар падару модари худ чизе намегӯям, агарчи маро пора-пора кунанд. – ин гуфта ба хонаи худ омада, қадамҳои падару модари худро бӯса карда, гуфт: эй қибла ва каъбаи ман, маро Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам ) инчунин фармуд.

Овардаанд, ки Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи падару модар ҳадиси дароз гуфта дар охири сухан қасам ёд карда гуфтаанд: ба ҳакқи он Худое, ки маро ба ростӣ ба халқ пайғамбар фиристода аст, ҳар ки ба падару модари худ некӯӣ карда, аз худ розӣ гардонад, он кас ҳамроҳи ман дар биҳишт бошад.

Марде аз он маҷлис аз ҷои худ бархоста гуфт: ё Расулаллоҳ, агар шахсеро дар овони хурдӣ падару модар фавтида бошад, чӣ гуна онҳоро фарзанд розӣ гардонад?

Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд, ки аз барои падару модари худ садақа кунад ё мӯҳтоҷеро таом диҳад ва қироати Қуръон кунад ва намози фаризаро хонда дар ақиби он аз барои мағфирати падару модар дуо кунад, Аллоҳ таъоло дуои ӯро қабул карда  мағфират менамояд, агарчи онҳо гунаҳгор бошанд. Агар фарзанд дар ҳаққи падару модар дуо накунад, пас он фарзанд оқ аст.

Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: хар кӣ ба зиёрати қабри падару модари худ равад, дар ҳар қадами он Аллоҳ таъоло сад ҳасана, яъне сад некӣ ато намуда, сад хатогии ӯро аз номаи аъмолаш бардошта мекунад.

Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: ҳар ки назди падару модари худ бо одрб нишаста ҳамроҳи онҳо нарм сухан гӯяд, Аллоҳ  таъоло он бандаро мағфират кунад.

Овардаанд, ки дар замони хилофати ҳазрати Умар (р) тоҷире буд, ки ба хотири зани худ ба модараш ҳеҷ майле намекард. Рӯзе модараш барои таом ба хонаи писар омад.

Зани ӯ гуфт: ҳар рӯз модари ту омада аз ин ҷо чизе мебарад.

Аз ин сухан писараш чизе ба модар надода аз хона берун кард. Модар гирякунон рафт. Вақте он тоҷир ҳамроҳи савдогарон ба сафаре баромад, дар роҳ аз ҳамроҳони худ қафо монд. Роҳзане баромада молҳои он савдогарро батамом гирифт ва дасти ӯро бурида ба гарданаш овехта дар роҳ партофта рафт.

Корвоне омада ӯро бо он ҳол дида, ба ӯ раҳм намуда, ӯро ба манзилаш оварданд. Хешовандони ӯ аз барои дидани ӯ омада гуфтанд: ин ҷазои он касе аст, ки модари худро изо дода, чизе намедод. Агар ба модари худ тараҳҳум мекардӣ, молҳои ту нобуд намешуданд ва дасти ту бурида намегардид.

Ҳикоят. Овардаанд, ки шайхе буд, ба фазлу бузургӣ машҳур. Рӯзе он шайх қасди зиёрати Маккаи Муаззама намуд. Модаре дошт, иҷозат талабид, модараш розӣ нашуд. Шайх майл накарда равонаи сафар гардид. Модараш гирякунон аз ақиби писар афтода ҳарчанд зора кард, писар аз рафтан бознаистод. Сухани модарро гӯш накард. Модараш ба дарди дил дуо карду гуфт: Илоҳӣ, писарамро бо оташи ҷудоӣ гирифтор кун ва азоби сахтеро гирифтори ӯ гардон. Пас он шайх дар роҳи Макка равон шуд. Шаб ба шаҳре расиду шабро дар масҷиде ба намоз хондан гузаронид.

Дар он шаб дузде ба хонаи шахсе даромад. Соҳиби хона хабардор гардид. Дузд баромада гурехт. Соҳиби хона аз думболи дузд шитобид. Дузд ба тарафи масҷид омада ғоиб гардид. Мардумон ҷамъ омада чароғ равшан карданд ва ба даруни масҷид даромада диданд, ки шахсе истода намоз мехонад, пас шайхро баста назди подшоҳи он шахр бурданд. Подшоҳ фармуд: дасту пои он шайхро буранду чашмони ӯро кованд ва ӯро бардошта дар бозорҳо фарёд кунанд, ки ин ҷазои шахсе аст, ки дуздӣ кунад.

Шайх гуфт: ин тариҳа фарёд накунед, балки гӯед, ки ин ҷазои он касе аст, ки бе иҷозати модар қасди зиёрати Макка намояд.

Баъд аз он мардумоне, ки ӯро медонистанду мешинохтанд, воқеаро ба подшоҳ хабар доданд. Подшоҳ пушаймон шуда узр хост.

Шайх гуфт: шуморо ҳеҷ гуноҳе нест. Дуои бади модарам буд, ки бе ризои  баромада будам, маро ба ии бало гирифтор намуд. Агар хоҳед, ки аз шумоён хурсанд бошам, маро ба шаҳри худ, ба ибодатгохам расонед.

Пас ӯро дар халта андохта ба хонааш оварданд. Шайх

шунид, ки модараш дар дуо мегӯяд: Илоҳо, писарамро бар балое гирифтор кунӣ, ки ман ба чашми худ ӯро бубинам.

Шайх аз модари худ ин суханро шунида фарёд кард, ки эй зани порсо, ман мусофири гурусна ҳастам. Маро чизе диҳед.

Модараш гуфт: пештар ой, туро ноне диҳам.

Шайх гуфт: пой надорам, ки ба сӯи ту равам.

Модараш гуфт: дасти худро дароз кун.

Шайх гуфт: дасте надорам, ки ба сӯи ту дароз кунам. Модараш гуфт: ман номаҳрамеро надидаам, ки баромада ба ту таом диҳам.

Шайх ҷавоб дод, ки ман чашм надорам, ки ба сӯи ту назар кунам.

Пас модар нонеро бо ҳамроҳи косаи об гирифта аз хона баромада, назди писари худ омад. Шайх рӯи худро ба қадамҳои модари худ молида пойҳои ӯро бӯса карда гуфт: ман писари осии туам, ки аз дуои бади ту бо ин ҳол расидам.

Модараш донист, ки писараш аз норозигии ӯ бо ин аҳвол мубтало шудааст. Бисёр гиря карду гуфт: Илоҳо, ман аз писари худ розӣ шудам, аз даргоҳи ту металабам, ки ҷони маро ва ҷони писарамро дарҳол бигирӣ, ки маро тоқати дидани ӯ ва писарамро тоқати дидани мардум нест.

Дарҳол ба фармони Аллоҳтаъоло модару писар қабзи рӯҳ гашта ба олами хурсандӣ расиданд.

Овардаанд, ки ҷавоне буд дар замони Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам. Номи вай Алқама, ҳамеша тоат мекард ва ҳамарӯза рӯзадор ва шабҳо шабзиндадор буд. Баногоҳ ӯ бемор шуд. Чун баромадани ҷонаш наздик омад, забонаш дар гуфтани калимаи шаҳодат нагашт. Расули акрам салаллоху алайҳи ва салламро хабар доданд. Алӣ ва Умарро ба назди ӯ фиристод. Онҳо ҳарчанд калимаи шаҳодат талқин карданд, забони ӯ кор накард.

Амири мӯъминин Алӣ разияллоҳу анҳу Билолро назди Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фиристоду аз он ҳол хабар дод, Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки Алқама падару модар дорад? Гуфтанд модари пире дорад. Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, то модари ӯро оварданд.

Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: – эй пиразан, маро аз ҳоли Алкама хабар кун, ки зиндагонии вай бо ту чӣ гуна буд?

Гуфт: ё Расулаллоҳ, бисёр некӯ ва парҳезгор буд, аммо  ман аз вай розӣ нестам, ки ӯ ризои зани худро аз ризои ман боло медонад.

Расули акрам ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: аз ҳамин ҷиҳат аст, ки забони ӯ дар банд шудааст, эй пиразан, ӯро биҳил кун, то забони ӯ кушодашавад.

Пиразан гуфт: ё Расулаллоҳ, ӯ дар ҳакки ман чафои бисёр  кардааст, ӯро биҳил накунам.

Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам ) фармуд: ё Билол, рафта мардумро даъват кун, то ҳезум чамъ кунанд, Алқамаро бисӯзем, ки модараш аз вай розӣ нест.

Модараш гуфт: ё Расулаллоҳ, фарзандамро дар пеши назарам бисӯзӣ, дилам тоқат намекунад.

Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам ) гуфтанд: эй пиразан, оташи дӯзах аз оташи дунё сӯзонтараст, чун ту аз вай розӣ нестӣ, ҳеҷ тоати вай мақбули даргоҳи Илоҳӣ нест.

Пиразан чун ин шунид, фарёд баровард, ки ё Расулаллох, ман аз вай розӣ шудаму ӯро биҳил кардам.

Модар чун ба дари хона омад, овози Алқама шунид, ки калимаи шаҳодат мегуфт ва ӯ ҳамон рӯз вафот ёфт.

Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) бар вай намоз кард ва ӯро дафн карду гуфт: эй гурӯҳи мусулмонон, ҳар касе қадру қимати зани худро аз кадру қиммати модараш зиёда кунад, дар лаънати Худои таъоло ва фариштагон бошад ва Худованд фарзу нафли вайро кабул накунад. Аз ранҷонидану нохушнудии эшон парҳез бояд кард, ки кори душвор аст ва азоби ӯ бисёр.

Расули акрам ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: шахсеро падару модар розӣ набошад, Аллоҳ таъоло ҷони ӯро ба ғайри калимаи шаҳодат бароварда, рӯзи киёмат дар пешонааш навишта мешавад, ки ин банда оқи падару модар аст.

Фармуданд Расули акрам ( салаллоҳу алайҳи ва саллам), ки Худои таъоло аз он банда розӣ бошад, ки падару модар аз ӯ розӣ бошад ва ҳар бандае, ки падару модари ӯ розӣ набошад, Аллоҳ таъоло он бандаро ба ғазаби худ гирифтор карда, бо оташи дӯзах андозад.

Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки ду гуноҳ аст, ки инсон, албатта, азоби онро дар дунё мебинад ва ҳам дар охират: яке зулм кардан бар бандагони Худованд, дуюм озор додани падару модар. Боқии гуноҳонро мумкин аст, ки Худои таъоло даргузарад ё азоби онҳоро дар қиёмат бинад.

Ҳикоят. Шахсе назди Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) омаду гуфт: ё Расулаллоҳ, модарам пири барҷомонда шудааст, луқмаи таоми ӯро дар даҳонаш мегузорам ва ӯро оби таҳорат медиҳам. Ӯро бар гардани худ мениҳам ва ба таҳоратҷой мебарам. Магар ҳаққи вайро ба ҷо оварда бошам, ё не?

Расули акрам (с салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки аз сад ҳаққи вай яктоашро адо накарда бошӣ.

Дар ҳадис омадааст, ки бӯи биҳишт ҳаргиз ба димоғи озордиҳандаи падару модар намерасад ва бӯи дӯзах ҳаргиз ба димоғи некӯдорандаи падару модар нарасад.

Овардаанд, ки рӯзе шахсе вафот кард. Ӯро чун дар гӯр ниҳоданд, аз гӯраш овози хар меомад. Сабаби онро пурсиданд гуфтанд, ки рӯзе чун модараш сухан мегуфт, модарро: эй хар, хомӯш бош,-гуфта буд.

Модараш аз ин сухан ранҷида гуфта буд: Ҳақ таъоло туро дар гӯр хар гардонад, акнун аз гӯраш овози хар меояд.

Агар ризоӣ ҳақ мехоҳӣ, дар ризоӣ падару модар бикӯш.

Ҷаннат, ки мақоми сарварон аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Хоҳӣ, ки ризоӣ Ҳақ биёбӣ.

Он кун, ки ризоӣ модарон аст.

♦ * *

Волидайн аз ҳар касе хушнуд нест,

Он касаш шоистаи маъбуд нест.

* *

Илоҳо, ба ҳурмати ризои ту ва ризои падару модарон ҳамаи мусулмононро тавфиқи хушнуд кардан ва фармонбардорӣ намудани фарзандон ато намоӣ, ки дар зиндагӣ ризои падару модаронро ёбанд ва баъди маргашон арвоҳи онхоро бо фотиҳа ва тиловати курьону садақа хушнуд гардонанд. Омин, ба ҳурмати ҳазрати сайиду-л-мурсалин салаллоҳу алайҳи ва саллам.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

bobo

Бобое Файз

Рамаҳои колхози Рӯдакӣ зимистон ба даштҳои Ӯзбакистон мерафтанду тобистон ба чарогоҳҳои худамон, ба Тоҷи- кистон …