Главная / Гуногун / ДУСТЕ  ДОРАМ  ЧОНИ -Хикоя

ДУСТЕ  ДОРАМ  ЧОНИ -Хикоя

– Ох, ин чи балое буд?!

Ин бало рузи шанбе рух дод.

Дар уфук абрхои сиёхтоб, хокистари ва аргувони туда-туда болои хам чамъ мешуданд. Мехмонон паси хам ба хонаи Хочи Бобо меомаданд. Не, номи у Кайк аст. Вале хама уро Песак мегуфтанду хатто бо у салом намекарданд. Аз рузе ки писараш Алоуддин раиси бонк шуд, номи Хочи Боборо гирифту одами муътабар гашт. Акнун хама бо у култук ба култук салом карда, аз лабонаш мебусиданд.

– Зодруз муборак! – бо табассуму тамаллук тухфа месупориданд.

– Худо муборак, худо муборак! – гуён, Хочи Бобо гул-гул шукуфта, бо табассум тухфахоро кабул мекард.

Тухфахо намегузошт, ки лахзае лабу лунчашро чамъ намояд.

Мехмонон чавонмардии писарро тахсин мегуфтанд:

– Офарин!

– Кам нашав!

– Фарзанди кобил хамин хел мешавад!

– Укобчуча аз тухми укоб меруяд!

Зиёфати зодрузи падар, ки писар махсус ташкил карда буд, хеле бохашамат огоз ёфт. Ногох падар:

– Ха-а?! – хитоболуд овоз бароварду аз чояш хеста, ба чор су чашм давонд. Мехмонон парво надоштанд, ба хурдану нушидан банд буданд.

– И-е-е?! – Хочи Бобо теги нигохашро ба писараш равон карда, уро бад-бад песонд.

Алоуддин дар сари сузан нишастаги барин бетокат гашт. Хочи Бобо як ба мехмонон назар афканду сипас ба писар руй овард:

– Уй, хурусчуча барин киг гуфта нагарду, наздам биё!

Писараш хичолат кашиду безобита гашт. Зуд аз мехмон узр хоста, назди падар хозир шуд. Ва ба назди гуши у хам шуда, хавотирангез пурсид:

– Чи шуд, дадо?

– Кора расво карди-ку! – бо димоги сухтаю хотири гирифта нидо намуд Хочи Бобо.

Алоуддин маънои гапи падарро нафахмида, мутахайирона ба дахонаш нигарист. Чи гуфтанашро надониста, базур гурунгос зад:

– Ин хел нагуед…

– Биди-биди накун! – ба газаб омада, дуг зад Хочи Бобо. – Ин хел нагу-а? Боз чи хел гуям?! Хурусчуча барин киг гуфта, мегардию аз холи падарат бехабари.

Аз кинояи падар писар дасту по хурд. Вале тез худро ба даст гирифта, пурсид:

– Охир, чи гап шуд?

– Боз чи мешуд? – ба писараш чашм ало карда, бо зарда пурсид Хочи Бобо. – Ха, боз чи мешуд?

Писар сабаби чахли падарро нафахмида, хичолат кашид, гунахгорона табассум кард. Ва гирехи галстукашро андаке сусттар гардонд.

– Чаро нест? – боз ба чор су чашм давонд Хочи Бобо. – Кани вай?

Хочи Бобо бо кахр суи писар нигарист. Нигохи падару писар ба хам бархурд. Писар хичолат кашида, табассум кард.

– Наханд!

Дар пешонии Хочи Бобо чинхо дамиданд. Маълум буд, сахт ба газаб омадааст.

– Кани?!

Алоуддин аз нав дасту по гум кард. Дилаш ба таппиш даромад. Чанд лахза лол монд.

– Кани мегуям?! – боз сиёсат кард Хочи Бобо.

Алоуддин дар холати ногувор монд.

– Кани?!

– Ки? – писар, гуё гунохи азиме карда бошад, ларзид.

– Ки, ки?! – бо зарда гуфт падар ва баъд хитоб намуд: – Дусти чонии ман!

– Дусти чониатон? – бо хайрони пурсид писар.

Писар бо ин савол ба оташи падар равган рехт.

– Медони, ки дуст чи гуфтани гап аст?! – шурида рафт Хочи Бобо.

Алоуддин аз ин итоби падар дар назди мехмонон ранчид, гашаш омад. “Кудак нестам, медонам” – гуфтани шуду боз лаб газида, аз ноилочи:

– Албатта, – гуфт.

Газаби Хочи Бобо чунон боло гирифт, ки агар мехмонон намебуданд, осмонро ба сари писар чаппа мекард.

Алоуддин ба газаб омадани падарро дида, холати чидди гирифт ва ба илтичо даромад.

– Хафа нашавед, падар, илтимос…

– Ман бог гуям, ту рог мегуи! – сухани писарро бо газаб кайчи зад Хочи Бобо. – То кай ту бепарвои мекуни?!

Яке аз мехмонон ба химояи Алоуддин лаб во намуд:

– Тавба кард, дигар такрор намеёбад.

– Не, сад тавба кунад хам, бахшиш нест. Вай дусти чонии маро аз зиёфат махрум сохт. Мефахмед?!

– Ки будааст вай ноосуда? – гуё бо дилсузи пурсид мехмони харобу логар.

– Ки? – абру кашид Хочи Бобо. – Одам!

– Зан аст ё мард? – пурсид як мехмони пасткади тоссар.

– Зан ё мард – чи ахамият дорад! – лукма партофт мехмони харобу логар. – Дуст чинс надорад!

– Рост! – чанд кас уро тарафдори кард.

– Не, дорад! – эътироз намуд кадпасти тоссар. – Зан дуст шуда наметавонад!

– Чаро?! – чанд кас баробар пурсиданд.

– Чаро будааст! – гуё гунохи азиме карда бошад, якбора ба руи хароби логар тег кашида, нигарист у. – Кадом дуст ба дусташ чимоъро раво мебинад?!

Кох-кохи хандаи мехмонон ба шифт дакка зад.

– Оббо, мо дар чи хаёлу фалак дар чи хаёл, – норозиёна абру гирех кард сохибчашн. – Дусти ман мард. Марди бузург, академик! Тамоми чумхури уро мешиносад, бо у ифтихор дорад. Дар хама чо у нури дида, точи сар! Мефахмед?!

– Шояд гуфта бошам… – забон хоида, гур-гур кард Алоуддин. – Шояд…

– Дарро задам, девор кафид! – боз ба шур омад Хочи Бобо. – Шояд, шояд! Э тасаддукат шавам, хурусчуча! Агар мегуфти, у аз хама пеш давида меомад. Ха, ха! Ва бо дасти холи не, бо тухфаи киматбахо меомад ба маърака.

Алоуддин тачанг шуда бошад хам, табассум карду бо мулоимати гуфт:

– Хайр, хеч гап не…

– Чи хел хеч гап не?! – бо пуписа сухани писарашро бурид Хочи Бобо. – Чи хел забонат мегардад-а? Эх-х, Худо-о!

Сипас бо нафрат ба писараш нигариста, идома дод:

– Гумон карди, ки ман пир шудам-а?! Не-е, тушберая хом шумурди! Ха-а, шукри Худо холо шуш, чигар, гурда, шикам, майна – хамааш дар чояш, сип-сихат! Ха, склероз хам нестам!

– Не, не, падар, – саросема гуфт Алоуддин. – Ман хеч гох чунин гумон накардаам…

– Бас! – сухани уро кайчи зад Хочи Бобо. – Шуд! Ин ту склероз! Ха, агар склероз намешуди, дусти чонии маро аз ёд намебароварди?! Хамин хам одамгари шуд магар?! Э, бачахои инзамона на ба кадри падар мерасанд, на ба кадри хешу табор, на ба кадри ёру дуст. Хай дарегу сад дарег! Медони, ман бо у як пуд намак хурдаги! Фахмо?!

– Фахмо! – нидо намуд писараш чун сарбози вафодор. – Фахмо падар!

– Хоки хунук! – тахкиромез нидо намуд Хочи Бобо. – Фахмо-а?! Ин афсонаатро ба об гуй!

Писар безобитаву музтар монда, чунон хичолат кашид, ки аъзои баданаш лавви дар гирифта, сурхи дамид дар чехрааш.

– Чи, аз кавокат барфу борон меборад?! – бо карохату истехзо ба писар назар афканд Хочи Бобо. – Гапи хак намефорад-а?! Э, кай акл ёд мегири?! Кай мисли одам рафтор мекуни?! Хурусчуча барин киг гуфта, гаштаната медонию халос!

Аз шарму хаё замин намекафид, ки писар дарояд. Вале падар – падар аст! – дандон ба дандон монду токат кард.

– Уй! – дод зад Хочи Бобо. – Чи кок шуди?!

Алоуддин худро ба даст гирифта, базур пурсид:

– Кист у?

– Ки кист?! – бо шиддат пурсид Хочи Бобо.

– Дустатон, – охиста гуфт писар.

– Чи-и-и?! – чашмони Хочи Бобо калон кушода гаштанд. – Эххе-е-е, нагуфтам, ки…

Алоуддин боз шармиду дасту по хурд.

– Хай-хай, хай-хай! – бо таассуф ба чапу рост кала чунбонд Хочи Бобо. – Ту холо дусти чонии маро намедони? Ана халос! Боз шикваю нолиш мекуни, ки туро бахудаю бехуда нах мезанам. Э, уй, саратро чор палак кунам хам, хаки ман меравад!

– Ин хатои ман, падар, – худро ба даст гирифта, узхохона гуфт Алоуддин.

– Албатта аз ту! – голибона нидо зад Хочи Бобо. – Боз аз Хоча Ахрори Вали мешуд?!

– Бубахшед падар, – забон хоид Алоуддин. – Бубахшед.

– Бахшиш-пахшиш нест! – дуг зад Хочи Бобо. – Ха, нест!

Алоуддин суп-сурх шуда, ба падар ру овард:

– Охир, “аз хурд хато, аз калон ато” – гуфтаанд-ку…

– Ин гунохи кабир! – боз сухани уро кайчи зад Хочи Бобо.

Сар ба зер афканд писар ва ба ногох тадбире чун барк ба хотираш расиду хамоно сар бардошта, ба падараш руй овард:

– Худи хозир хатоямро ислох мекунам, падар.

– Ислох мекуни? Чи хел? – бо шубхаи ошкоро пурсид Хочи Бобо.

– Сим мезанам! – хурсандона нидо намуд Алоуддин. – Сим!

– Чи-и-и? – чашмони Хочи Бобо калон кушода шуданд. – Чи мезани? Си мезани? Холо – худоё тавба! – боз картаву кимор хам мезани ту?!

– Э, не-е! – таконе хурд Алоуддин. – Сим, яъне занг мезанам.

– Занг мезани? – писханд зад Хочи Бобо. – Чи, у ба ту талаба, ки занг мезани?!

– Э, не, охир, телефон мекунам, – таъчилан фахмонд писар.

– Ха-а-а, ин хел гуй… Э, туя забонат хам вайрон шудааст. Чи, хода барин истодаи?! Тез телефон кун, охир!

– Ба чашм! – гуфт писар. – Телефонашро дихед.

– Чи-и?! – чашм ало кард Хочи Бобо. – Чияшро дихам?

– Раками телефонашро дихед, мегуям, – дафъатан гуфт Алоуддин.

Хочи Бобо бо пуписа пурсид:

– Раками телефони киро?

– Дусти чониатонро.

– Ха-а… телефон?.. телефон…, – Хочи Бобо ба андеша рафт. Сипас ба шифт нигарист.

– Ха-а-а… Э-э-э… Лекин телефонашро намедонам. Охир, ман ягон бор ба у телефон накардаам. Шояд телефон хам надошта бошад. Не, дорад, хатман дорад! Охир, у одами калон, намоён, чи хел бе телефон мешудааст. Не, телефон хам медошт, занг заданро эб намедидам.

– Хайр хеч гап не…

– Боз хеч гап не?! – песонд писарашро Хочи Бобо. – Барои ту дунё чаппа шавад хам, хеч гап не.

– Ман гуфтани, ки, – саросема гуфт Алоуддин. – Телефонашро надонед, сурогаашро дихед.

– Чи? Сурохашро? Кадом сурохашро? – чашмони Хочи Бобо боз калон кушода шуданд. – Ту чинни шуди магар?

– Сурохи не, сурога, – бо табассум гуфт Алоуддин. – Яъне адресашро.

– Адресашро? – гашта пурсид Хочи Бобо. – Хамин хел фахмо пурс-дия. Сурогая?! Як гапхое бофта мебарорад, ки – худоё! – забонат намегардад-е!

– Ха, адресашро дихед, бо чону дил рафта меорамаш, – хурсандона гуфт Алоуддин.

– Адрес?.. Адрес?.. – Хочи Бобо даст ба каллаи бемуяш бурда, ба андеша рафт. Сипас боз ба шифт нигарист.

– Адрес?.. Ад-ре-с?.. Эх-х… Ха… не, афсус… Не, намедонам.

– Чи хел? – хайратзада ба падар нигарист писар.

– Чи хел, чи хел! – ба сари у бо дагдага дуг зад Хочи Бобо. – Ана, хамин хел! Охир, ягон бор ба хонааш нарафта бошам, аз кучо донам? Як саволхои бемаъни дода, одамро дар як холати нохинчор мемони, ки, Худоё тавба! Эх-х, кай акл ёд мегири?! Кай мисли одам рафтор мекуни?! Хурусчуча барин киг гуфта, мегардию халос! Э, себ аз дарахташ дур намеафтад, мегуянд, ки рост будааст!

Кох-кохи хандаи як мехмони гардангафсу шикамкалони галстукдор ба шифт дакка зад. Дигар мехмонон як-як ба хандаи у чур гаштанд.

Хи–хи–их!..

Хо–хо–хо!..

Уха–ха–хааааа!..

Бобои Хочи хам кох-кох хандид. Бо як халовати хоса хандид. Тамоми баданашро чунбонда, хандид.

Алоуддин лолу пакар монд. Чехрааш ранги лоларо гирифт. Дар руи сурхшудааш донахои арак медурахшиданд. Гуиё ба мехмонон чашмак мезаданд. Гуиё ба чои писар ханда мезаданд.

Ин дам барк ханчар кашиду ба дили абри сиёх халид. Раъд чунон гуррид, ки замину осмон ларзид. Мехмони асабхаробе нидо зад:

– Ох, ин чи балое буд?!

10 январи соли 2002

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …