Главная / Илм / ДОРУХОИ МУКАВВи

ДОРУХОИ МУКАВВи

analeptikaДОРУХОИ МУКАВВи (Analeptica), аналептикхо, моддахое, ки ба системаи асаби маркази, махсусан ба марказхои нафасгири ва харакатдихандаи рагхо таъсири ангезишовар мерасонанд. Дар натича фаъолияти бахри хаёт мухими организм – нафасгири ва гардиши хун таквият меёбад. Ба Д. м. бемегрид, камфора, сулфокамфокаин, кордиамин, кофеин, этимизол мансуб мебошанд.
Самараи Д. м. хусусан дар мавриди заъфи фаъолияти системаи асаби маркази возех ба мушохида мерасад. Д. м. хассосияти маркази нафасро ба ангезахои гуморави (карбонат) ва асабхо афзун мегардонад. Бештари Д. м. ба маркази нафас факат таъсири бевосита мерасонанд. Дар мавриди зери таъсири Д. м. ангезиш ёфтани маркази нафас басомад ва амплитудаи нафасгири зиёд мешавад. Д. м. хамчунин ба маркази харакатовари рагхо таъсир расонда, муковимати умумии онхоро меафзоянд ва фишори артерияро (ФА) баланд мекунанд.
Кофеин нисбат ба диг. Д. м. бартарихо дорад. Кабл аз хама он таъсири рухнавоз мерасонад. Вай бевосита ба миокард таъсир расонда, неруи кашиши дилро зиёд мекунад. Кофеин дар сурати паст будани ФА (хангоми коллапс ё шок) онро баланд мебардорад, вале хангоми муътадил будани ФА вояи муоличавии кофеин онро чандон тагйир намедихад.
Д. м.-ро хангоми коллапс (бехолии дил), шок, захролудии сабук аз маводи харобсозандаи системаи асаби маркази (мас., дорухои наркози, хобовар, спирти этил ва г.), халал ёфтани нафасгири (буги шудани навзод, баъзе беморихои сирояти), хамчунин барои зуд ба хуш омадани бемор баъди наркоз кор мефармоянд.
Дар сурати зиёд кардани вояи Д. м. ё ба вена тез фиристодани онхо мумкин аст ихтилоч (судорога) рух намояд. Дар мавриди саръ истифодаи Д. м. манъ мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …