Главная / Илм / ДОРУҲОИ МУҚАВВӣ

ДОРУҲОИ МУҚАВВӣ

analeptikaДОРУҲОИ МУҚАВВӣ (Analeptica), аналептикҳо, моддаҳое, ки ба системаи асаби марказӣ, махсусан ба марказҳои нафасгирӣ ва ҳаракатдиҳандаи рагҳо таъсири ангезишовар мерасонанд. Дар натиҷа фаъолияти баҳри ҳаёт муҳими организм – нафасгирӣ ва гардиши хун тақвият меёбад. Ба Д. м. бемегрид, камфора, сулфокамфокаин, кордиамин, кофеин, этимизол мансуб мебошанд.
Самараи Д. м. хусусан дар мавриди заъфи фаъолияти системаи асаби марказӣ возеҳ ба мушоҳида мерасад. Д. м. ҳассосияти маркази нафасро ба ангезаҳои гуморавӣ (карбонат) ва асабҳо афзун мегардонад. Бештари Д. м. ба маркази нафас фақат таъсири бевосита мерасонанд. Дар мавриди зери таъсири Д. м. ангезиш ёфтани маркази нафас басомад ва амплитудаи нафасгирӣ зиёд мешавад. Д. м. ҳамчунин ба маркази ҳаракатовари рагҳо таъсир расонда, муқовимати умумии онҳоро меафзоянд ва фишори артерияро (ФА) баланд мекунанд.
Кофеин нисбат ба диг. Д. м. бартариҳо дорад. Қабл аз ҳама он таъсири рӯҳнавоз мерасонад. Вай бевосита ба миокард таъсир расонда, нерӯи кашиши дилро зиёд мекунад. Кофеин дар сурати паст будани ФА (ҳангоми коллапс ё шок) онро баланд мебардорад, вале ҳангоми мӯътадил будани ФА вояи муолиҷавии кофеин онро чандон тағйир намедиҳад.
Д. м.-ро ҳангоми коллапс (беҳолии дил), шок, заҳролудии сабук аз маводи харобсозандаи системаи асаби марказӣ (мас., доруҳои наркозӣ, хобовар, спирти этил ва ғ.), халал ёфтани нафасгирӣ (буғӣ шудани навзод, баъзе бемориҳои сироятӣ), ҳамчунин барои зуд ба ҳуш омадани бемор баъди наркоз кор мефармоянд.
Дар сурати зиёд кардани вояи Д. м. ё ба вена тез фиристодани онҳо мумкин аст ихтилоҷ (судорога) рух намояд. Дар мавриди саръ истифодаи Д. м. манъ мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …