Главная / Гуногун / ЧАЗБИ АШЁ БА ЗАМИН

ЧАЗБИ АШЁ БА ЗАМИН

Хамаи ашё ( хатто одамон), ки моро ихота кардаанд, ба Замин чазб мешаванд. Хар кадар одамон кушиш ба боло ва дур чахидан накунанд, боз хам онхо ба замин мефароянд. Ба Замин бинохо, дарахтон, хайвонот, об дар кул, дарёхо, бахрхо, укёнусхо чазб мешаванд. Метавон дид, ки як чиз ба чизи дигар монда шудааст, ба он фишор меоварад. Ба ибораи дигар онхо ба Замин чазб мешаванд. Сангхои тарозу ба паллаи тарозу, бачаи нишаста ба курсй фишор меоваранд. Гохо мебинем, ки такягох дар бисёр мавридхо кат шудааст. Хатто оби зарф бинобар чозибаи Замин ба каъри (таги) зарф фишор меоварад. Агар таги зарфи моеъдор бо пленкаи борику эластикй пушида шудааст, пас ба осони чазби обро ба Замин метавон дид. Бубинед: хар кадар об ба зарф бисёртар рехта бошад, ба хамон андоза вай ба таги зарф бепггар фишор меоварад ва пленка бештар дароз мешавад.

zamon

Кабати атмосферии дарозияш чанд километр дар натичаи чазб шудан ба Замин ба ашё ва организмхои зинда фишор меоварад.

Дар нимаи асри XVII олими итолиёви Эванджелиста Торричелли бори нахуст исбот кард, ки фишори атмосфери мавчуд мебошад. Вай чунин тачрибаро дойр кард. Вай як нуги найчаи шишагини дарозияш 1 метраро каф- шер карда, онро аз нуги дигараш бо симоб пур карда, бо ангишташ махкам кар- дааст. Сипас онро чаппа намуда, сурохияшро ба поён карда, зарфи симобдорро ба замин гузошт. Вакте вай эхтиёткорона сурохиро кушод, як кисм симоби ба найча рехташуда ба зарф гузаштааст. Дар найча сутунчаи симобии баландияш 760 мм мондааст. Чй монеа барои пурра рехта шудани симоб ба зарф шудааст? Ин фишори беруни аст. Х,аво ба сатхи болоии симоби зарф фишор оварда, монеаи пурра рехтани он аз найча шудааст. Агар пайваста ба баландии сутуни симобй мушохида намоем, пас метавон дид, ки сатхи он тагйир ёфтааст. Пас фишори атмосфери низ тагйир меёбад. Фишори атмосферии баробар бо 760 мм сутуни симобй аз сатхи бахр фишори атмосферии муътадил шуморида мешавад.

Зарфи симобдор ва найча кисмхои асосии асбоби одни муайянкунандаи фи­шори атмосферй ба шумор мераванд.

Чунин асбобро барометри симобй меноманд. («барос» – дар тарчума аз юнонй маънии вазниниро, яъне борро дорад.

Бо баланд шудан дар сатхи Замин, фишори атмосферй паст мешавад. Дар тачриба муайян шудааст, ки хангоми баланд шудан ба хисоби миёна дар хар як 12 метр, фишор ба андозаи 1мм сутуни симобй кам мешавад. Мо медонем, ки Киргизистони баландкух, ки мо дар он зиндагй мекунем, дар кадом баландй аз сатхи бахр карор дорад. Аз ин фишори атмосфериро хисоб кардан мумкин аст. Дар натичаи тачрибахои сершумор муайян карда шудааст, ки растанихо фишор, харорат ва рутубатро хеле тез дарк мекунанд. Таври мисол, шоххои дарахтони сузанбарг пеш аз борон авезон шуда, пеш аз хавои мусаффо боло мешаванд. Чу­нин хусусиятро метавон дар арчахо мушохида кард. Дарахтони хушкидаю бечон низ метавонанд кобилияти эхсоси тагйирёбии хаворо хифз кунанд.

Ин хосиятро Шумо метавонед хангоми мустакилона тайёр кардани барометр ис- тифода намоед. Барой ин шохаи хушки арчаро ба пораи тана бибуред. Танаи шоха бояд дорой 10-15 мм ва дарозии 30-50 см бошад. Пусти шохаро тоза карда онро ба бокимондаи тана дар девор такрибан дар он холат, ки дар дарахт карор дошт, бибан- дед. Акнун танхо шкала сохтан мондааст. Вай барои муайян кардани холати нуги шоха лозим аст. Барометр тайёр шуд. (расми 71).

Аз картон ва ё когаз секторро бибуред, ки радиуси он ба дарозии шохча баробар буда, кунчи он баробари 90°аст. Гирди секторро ба андозаи 5 мм таксим кунед. Шохи арча вазифаи акрабакро, ки аз холати атмосфера вобаста аст, ичро мекунад. Вобаста ба обу хаво ба вазъи шохчахо назора карда, Шумо метавонед градусы шкалаи баро- метри мустакилона сохтаатонро муайян кунед. Мо ба Шумо илова бар мушохида, хамчунин навиштани ахамияти холати шохчаро аз руи шкала ва вазъи обухаворо дар дафтари худ маслихат медихем.

АСОСИТАРИН НУКТАХОИ МАВЗУЪ:

Хама ашё ба Замин чазб туда, ба такягох фишор меоваранд. Атмосфера низ ба Замин фишор меоварад. Фишори атмосфери аз баланди аз сатхи бахр вобаста аст. Фишор тавассути барометр чен карда мешавад.

Супориш. Вазифа. Хикояи фантастики: дар мавзуи» Агар дар Замин кувваи кашиш намебуд…» нависед.

Пурсишхо

  1. Чй тавр аз тачриба метавон бовар кард, ки чисм ба Замин чазб мешавад?
  2. Дар мавзуи «Агар дар Замин чозиба вучуд намедошт…» хикояи фантастики нависед.
  3. Фишор дар кудо зиёд аст: дар сохили бахр. дар кони жарф, ё куллаи кух?

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …