Главная / Гуногун / ҶАЗБИ АШЁ БА ЗАМИН

ҶАЗБИ АШЁ БА ЗАМИН

Ҳамаи ашё ( ҳатто одамон), ки моро иҳота кардаанд, ба Замин ҷазб мешаванд. Ҳар қадар одамон кӯшиш ба боло ва дур ҷаҳидан накунанд, боз ҳам онҳо ба замин мефароянд. Ба Замин биноҳо, дарахтон, ҳайвонот, об дар кӯл, дарёҳо, баҳрҳо, уқёнусҳо ҷазб мешаванд. Метавон дид, ки як чиз ба чизи дигар монда шудааст, ба он фишор меоварад. Ба ибораи дигар онҳо ба Замин ҷазб мешаванд. Сангҳои тарозу ба паллаи тарозу, бачаи нишаста ба курсй фишор меоваранд. Гоҳо мебинем, ки такягоҳ дар бисёр мавридҳо қат шудааст. Ҳатто оби зарф бинобар ҷозибаи Замин ба қаъри (таги) зарф фишор меоварад. Агар таги зарфи моеъдор бо пленкаи борику эластикй пӯшида шудааст, пас ба осонӣ ҷазби обро ба Замин метавон дид. Бубинед: ҳар кадар об ба зарф бисёртар рехта бошад, ба ҳамон андоза вай ба таги зарф бепггар фишор меоварад ва пленка бештар дароз мешавад.

zamon

Қабати атмосферии дарозияш чанд километр дар натиҷаи ҷазб шудан ба Замин ба ашё ва организмҳои зинда фишор меоварад.

Дар нимаи асри XVII олими итолиёвӣ Эванджелиста Торричелли бори нахуст исбот кард, ки фишори атмосферӣ мавҷуд мебошад. Вай чунин таҷрибаро дойр кард. Вай як нӯги найчаи шишагини дарозияш 1 метраро каф- шер карда, онро аз нӯги дигараш бо симоб пур карда, бо ангишташ маҳкам кар- дааст. Сипас онро чаппа намуда, сӯрохияшро ба поён карда, зарфи симобдорро ба замин гузошт. Вақте вай эҳтиёткорона сӯрохиро кушод, як қисм симоби ба найча рехташуда ба зарф гузаштааст. Дар найча сутунчаи симобии баландияш 760 мм мондааст. Чй монеа барои пурра рехта шудани симоб ба зарф шудааст? Ин фишори берунӣ аст. Х,аво ба сатҳи болоии симоби зарф фишор оварда, монеаи пурра рехтани он аз найча шудааст. Агар пайваста ба баландии сутуни симобй мушоҳида намоем, пас метавон дид, ки сатҳи он тағйир ёфтааст. Пас фишори атмосферӣ низ тағйир меёбад. Фишори атмосферии баробар бо 760 мм сутуни симобй аз сатҳи баҳр фишори атмосферии муътадил шуморида мешавад.

Зарфи симобдор ва найча қисмҳои асосии асбоби одни муайянкунандаи фи­шори атмосферй ба шумор мераванд.

Чунин асбобро барометри симобй меноманд. («барос» – дар тарҷума аз юнонй маънии вазниниро, яъне борро дорад.

Бо баланд шудан дар сатҳи Замин, фишори атмосферй паст мешавад. Дар таҷриба муайян шудааст, ки ҳангоми баланд шудан ба ҳисоби миёна дар ҳар як 12 метр, фишор ба андозаи 1мм сутуни симобй кам мешавад. Мо медонем, ки Қирғизистони баландкуҳ, ки мо дар он зиндагй мекунем, дар кадом баландй аз сатҳи баҳр қарор дорад. Аз ин фишори атмосфериро ҳисоб кардан мумкин аст. Дар натиҷаи таҷрибаҳои сершумор муайян карда шудааст, ки растаниҳо фишор, ҳарорат ва рутубатро хеле тез дарк мекунанд. Таври мисол, шохҳои дарахтони сӯзанбарг пеш аз борон авезон шуда, пеш аз ҳавои мусаффо боло мешаванд. Чу­нин хусусиятро метавон дар арчаҳо мушоҳида кард. Дарахтони хушкидаю беҷон низ метавонанд қобилияти эҳсоси тағйирёбии ҳаворо ҳифз кунанд.

Ин хосиятро Шумо метавонед ҳангоми мустақилона тайёр кардани барометр ис- тифода намоед. Барой ин шохаи хушки арчаро ба пораи тана бибуред. Танаи шоха бояд дорой 10-15 мм ва дарозии 30-50 см бошад. Пусти шохаро тоза карда онро ба боқимондаи тана дар девор тақрибан дар он ҳолат, ки дар дарахт қарор дошт, бибан- дед. Акнун танҳо шкала сохтан мондааст. Вай барои муайян кардани ҳолати нӯги шоха лозим аст. Барометр тайёр шуд. (расми 71).

Аз картон ва ё коғаз секторро бибуред, ки радиуси он ба дарозии шохча баробар буда, кунҷи он баробари 90°аст. Гирди секторро ба андозаи 5 мм тақсим кунед. Шохи арча вазифаи ақрабакро, ки аз ҳолати атмосфера вобаста аст, ичро мекунад. Вобаста ба обу ҳаво ба вазъи шохчаҳо назора карда, Шумо метавонед градусы шкалаи баро- метри мустақилона сохтаатонро муайян кунед. Мо ба Шумо илова бар мушоҳида, ҳамчунин навиштани аҳамияти ҳолати шохчаро аз рӯи шкала ва вазъи обуҳаворо дар дафтари худ маслиҳат медиҳем.

АСОСИТАРИН НУҚТАҲОИ МАВЗУЪ:

Ҳама ашё ба Замин ҷазб туда, ба такягоҳ фишор меоваранд. Атмосфера низ ба Замин фишор меоварад. Фишори атмосферӣ аз баландӣ аз сатҳи баҳр вобаста аст. Фишор тавассути барометр чен карда мешавад.

Супориш. Вазифа. Ҳикояи фантастики: дар мавзӯи» Агар дар Замин қувваи кашиш намебуд…» нависед.

Пурсишҳо

  1. Чй тавр аз таҷриба метавон бовар кард, ки ҷисм ба Замин ҷазб мешавад?
  2. Дар мавзуи «Агар дар Замин ҷозиба вуҷуд намедошт…» ҳикояи фантастики нависед.
  3. Фишор дар кудо зиёд аст: дар соҳили баҳр. дар кони жарф, ё қуллаи куҳ?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …