Главная / Чамъият / Боздошт кардани воситаи наклиёт

Боздошт кардани воситаи наклиёт

Моддаи 71-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Боздошт кардани воситаи наклиёт 

  1. Воситаи наклиёт дар холатхои зерин боздошт карда мешавад:

– бо худ надоштани хуччатхои пешбининамудаи коидахои харакат дар рох;

– бо худ надоштани хуччатхо дар бораи хукуки идоракуни ё истифодаи воситаи наклиёт ё гузаштани мухлати эътиборнокии онхо;

– идора кардани воситаи наклиёт аз тарафи шахс дар холати масти;

– бидуни ичозати дахлдор ё гузаштани мухлати эътиборнокии онхо идоракунии  воситахои наклиёт бо пардахои пахлуи ва яклухти акиб, ки дар сохтори воситахои наклиёт аз тарафи истехсолкунанда пешбини нашудаанд, бо шишахои сиёху хира, ки нургузарониашон ба меъёрхои мукарраршудаи стандартхои давлати (ГОСТ) мутобикат намекунад, идоракунии воситахои наклиёт бо шишахои ойинаги, ба истиснои пардачахо дар шишахои автобусхо, инчунин ба истиснои воситахои наклиёти хизматии шахсони мансабдоре, ки руйхати  онхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад;

– идора кардани воситахои наклиёте, ки ракамхои кисмхо ва агрегатхо ё аломатхои бакайдгирии давлатии онхо бо ягон усул пинхон, сохтакори ё тагйир дода шудаанд ва ё ракамхои кисмхо ва агрегатхояшон бо навиштачоти хуччатхои бакайдгирии зикргардида мутобикат намекунанд ё бар хилофи тартиби мукарраршуда ба кайд гирифта шудаанд ё  аломатхои бакайдгири надоранд;

– халалдор кардани харакат дар рох тавассути вайрон кардани коидахои истгохи воситахои наклиёт хангоми дар чойи хукуквайронкуни хозир набудани ронанда.

  1. Кормандони макомоти назоратии истифода ва хифзи табиат, назорати хочагии чангал ва шикор дар мавзеъ ва холатхои зерин метавонанд воситахои наклиётро манъ намоянд:

– дар худуди мамнуъгоххо, парваришгоххо ва худудхои табиии махсус мухофизатшаванда;

– дар худуди шикоргоххо, минтакахои мохидори, чойи зисти хайвоноти вахши ва паррандахо;

– дар худуди фонди захираи давлатии чангал ва замин;

– дар холатхои мавчуд будани маълумот оид ба истифодаи наклиёти мазкур барои вайрон кардани худудхои зикргардида ва мохидорию шикори гайриконуни.

  1. Оид ба боздошт кардани воситаи наклиёт, манъ кардани истифодаи он дар протоколи хукуквайронкунии маъмури кайди дахлдор карда ё протоколи алохида тартиб дода мешавад. Нусхаи протокол дар бораи боздошт кардани воситаи наклиёт ё манъи истифодаи он ба шахсе, ки нисбати у ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик карда шудааст, супорида мешавад. Протокол дар бораи боздошт кардани воситаи наклиёт, ки барои харакати дигар воситахои наклиёт халал мерасонад, дар сурати набудани ронанда, инчунин хангоми халалдор кардани харакат дар рох дар натичаи риоя накардани коидахои истгохи воситахои наклиёт дар холати хозир набудани ронанда дар чойи хукуквайронкуни ё истгохи махсуси нигохдошти муваккатии маъмури дар хузури ду нафар шахсони холис тартиб дода мешавад.
  2. Боздошт намудани воситаи наклиёт ё манъ кардани истифодаи он, мумкин аст то бартараф кардани камбудихо идома ёбад, ба истиснои холатхое, ки сабаби боздошт ё манъ кардани истифодаи он дар чояш бартараф карда шавад. Дар ин холат дар бораи боздошт кардани воситаи наклиёт ё манъ кардани истифодаи он протокол тартиб дода намешавад. Пас аз барраси гардидани парвандаи хукуквайронкунии маъмури ва эътибори конуни пайдо кардани карор наклиёти боздоштшуда ба сохиби у ва ё шахси идоракунанда баргардонида мешавад.
  3. Воситаи наклиёти боздоштшуда дар истгоххои махсуси нигохдошти муваккати аз чониби шахсони ваколатдор бо сабти муайян дар протоколи хукуквайронкунии маъмури нигох дошта мешавад.
  4. Мухлати боздошт кардани воситаи наклиёт аз лахзаи дар истгохи махсус гузоштани воситаи наклиёт хисоб карда мешавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Cortes_de_cadiz-1

Харакати милли дар Испания дар огози асри XX

Аз даст додани мустамликахои америкои зарбае буд бар буржуазияи Каталония ва Басконияи Испания. Дар баробари …