Главная / Ҷамъият / Боздошт кардани воситаи нақлиёт

Боздошт кардани воситаи нақлиёт

Моддаи 71-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Боздошт кардани воситаи нақлиёт 

  1. Воситаи нақлиёт дар ҳолатҳои зерин боздошт карда мешавад:

– бо худ надоштани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;

– бо худ надоштани ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳуқуқи идоракунӣ ё истифодаи воситаи нақлиёт ё гузаштани мӯҳлати эътиборнокии онҳо;

– идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахс дар ҳолати мастӣ;

– бидуни иҷозати дахлдор ё гузаштани мӯҳлати эътиборнокии онҳо идоракунии  воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, идоракунии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои ойинагӣ, ба истиснои пардачаҳо дар шишаҳои автобусҳо, инчунин ба истиснои воситаҳои нақлиёти хизматии шахсони мансабдоре, ки рӯйхати  онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;

– идора кардани воситаҳои нақлиёте, ки рақамҳои қисмҳо ва агрегатҳо ё аломатҳои бақайдгирии давлатии онҳо бо ягон усул пинҳон, сохтакорӣ ё тағйир дода шудаанд ва ё рақамҳои қисмҳо ва агрегатҳояшон бо навиштаҷоти ҳуҷҷатҳои бақайдгирии зикргардида мутобиқат намекунанд ё бар хилофи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд ё  аломатҳои бақайдгирӣ надоранд;

– халалдор кардани ҳаракат дар роҳ тавассути вайрон кардани қоидаҳои истгоҳи воситаҳои нақлиёт ҳангоми дар ҷойи ҳуқуқвайронкунӣ ҳозир набудани ронанда.

  1. Кормандони мақомоти назоратии истифода ва ҳифзи табиат, назорати хоҷагии ҷангал ва шикор дар мавзеъ ва ҳолатҳои зерин метавонанд воситаҳои нақлиётро манъ намоянд:

– дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

– дар ҳудуди шикоргоҳҳо, минтақаҳои моҳидорӣ, ҷойи зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандаҳо;

– дар ҳудуди фонди захираи давлатии ҷангал ва замин;

– дар ҳолатҳои мавҷуд будани маълумот оид ба истифодаи нақлиёти мазкур барои вайрон кардани ҳудудҳои зикргардида ва моҳидорию шикори ғайриқонунӣ.

  1. Оид ба боздошт кардани воситаи нақлиёт, манъ кардани истифодаи он дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қайди дахлдор карда ё протоколи алоҳида тартиб дода мешавад. Нусхаи протокол дар бораи боздошт кардани воситаи нақлиёт ё манъи истифодаи он ба шахсе, ки нисбати ӯ ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда шудааст, супорида мешавад. Протокол дар бораи боздошт кардани воситаи нақлиёт, ки барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасонад, дар сурати набудани ронанда, инчунин ҳангоми халалдор кардани ҳаракат дар роҳ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои истгоҳи воситаҳои нақлиёт дар ҳолати ҳозир набудани ронанда дар ҷойи ҳуқуқвайронкунӣ ё истгоҳи махсуси нигоҳдошти муваққатии маъмурӣ дар ҳузури ду нафар шахсони холис тартиб дода мешавад.
  2. Боздошт намудани воситаи нақлиёт ё манъ кардани истифодаи он, мумкин аст то бартараф кардани камбудиҳо идома ёбад, ба истиснои ҳолатҳое, ки сабаби боздошт ё манъ кардани истифодаи он дар ҷояш бартараф карда шавад. Дар ин ҳолат дар бораи боздошт кардани воситаи нақлиёт ё манъ кардани истифодаи он протокол тартиб дода намешавад. Пас аз баррасӣ гардидани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор нақлиёти боздоштшуда ба соҳиби ӯ ва ё шахси идоракунанда баргардонида мешавад.
  3. Воситаи нақлиёти боздоштшуда дар истгоҳҳои махсуси нигоҳдошти муваққатӣ аз ҷониби шахсони ваколатдор бо сабти муайян дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нигоҳ дошта мешавад.
  4. Мӯҳлати боздошт кардани воситаи нақлиёт аз лаҳзаи дар истгоҳи махсус гузоштани воситаи нақлиёт ҳисоб карда мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …