Главная / Маданият ва санъат / Бихишт ва бихиштиён ва рохати онхо

Бихишт ва бихиштиён ва рохати онхо

Бихишт ва бихиштиён ва рохати онхо

 

Расули акрам (с) фармуданд, ки шаби меъроч бихиштхоро низ дидам.

Мо, иншоаллох, аз гуфтахои у ба тарики мухтасар баён мекунем. Бихиштхо хаштоанд: бихишти аввалро Дорулхулд гуянд. Бихишти дуюмро Дорулмаком гуянд. Бихишти сеюмро Доруссалом ва бихишти чахорумро Чаннатулъадн гуянд. Бихишти панчумро Дорулкарор ва бихишти шашумро  Чаннатулнаъим гуянд. Бихишти хафтумро Чаннатулмаъво ва бихишти хаштумро Чаннатулфирдавс гуянд.

Расули акрам (с) фармуданд: – Вакте ки аз Арши мачид поён фаромада, ба макоми Чабраил (а) расидам, хитоб аз чониби хазрати Парвардигор ба Чабраил (а) даррасид, ки Мухаммад (с)-ро хашт бихишт ва хафт дузахро бинамо. Он чиро, ки аз барои у ва умматонаш тартиб додаам, уро як ба як нишон дех.

Чун Чабраил (а) ин нидоро шунид, Бурокро пеши ман овард ва ман бар Бурок савор шудам ва Чабраил (а) низ бар аспи  бихишти савор шуду ба суи бихишт равон шудем. Чун кариби бихишт расидем, маргзоре дидем аз анбар. Назди он девор  фуруд омада дарахтхои гуногуну гулхои букаламун дидам, ки сифати он бар забон рост наёяд. Агар як барги он дарахт  дар дунё бошад, тамоми халк аз хушбуии он бехуш мешаванд ва агар як гули онро ба дунё биёранд, тамоми олам ба ранги он шайдо ва ошик шаванд.

Гуфтам: – Худовандо, ин кадом бихишт аст?

Нидо даррасид, ки ё Мухаммад (с), хануз дар бихишт надаромадаи ва ин макоми ъилийин – чои чонхои некбахтон аст.

Чонхои некбахтон монанди чарогхо менамуданд. Чун аз ин чо пештар шудаму назар кардам, замине аз нукра дидам. Касрхои он замин хама аз нукраи хом буд. Аз Чабраили амин пурсидам, ки ин кадом бихишт аст?

Гуфт: – Эй хабиби Худо, ин макоми фариштахоеанд, ки бо хамрохии Ризвон ба хидмати бихишт мебошанд.

Чун аз пештар назар кардам, деворе аз тилло дидам ва баландии он маълум набуд ва ба гирди он девор фариштагонеро дидам, ки бенихоят бузург буданд. Хама фариштагон назар бар хаво доштанд. Аз Чабраили амин пурсидам, ки инхо киёнанд?

Гуфт: – Инхо посбонони бихиштанд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун дар бихишт расидам, дарёе дидам сафедтар аз шир ва ширинтар аз ангубин ва бузургии он дарё хеч маълум набуд. Гуфтам: – Ё бародар, Чабраил, ин кадом дарёст?

Гуфт: – Ин дарёи Бахрулхайвон мебошад, ки дар рузи киёмат умматони ту дар ин дарё гусл мекунанд, чун берун оянд, аз мохи шаби чахордах тобонтар шаванд.

Сахрои киёматро масофат панчох хазор сола рох аст. Чун бандаи муъмин cap аз кабр бардорад, чашми вай бар айвоки бихишт афтад. Катьи он биёбон бар вай осон гардад. Гуянд. ки чун бандаи муъмин cap аз гур бардорад, хуронро бар болои он айвон бинад. Уро гуянд, ки шитоб кун. Удар мушохидан хурон ва шунидани сухани онхо он рохро чунон ба зудиву шитоб равад, ки ба андак фурсат ба манзили максуд расад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки бар дари бихишт навишта дидам, ки аксари ахли бихишт дарвешонанд. Ва боз гуфтанд, ки бар дари бихишт навишта дидам, ки савоби садака дах чандон ва савоби карз хаждах чандон аст.

Гуфтам, ки барои чи савоби карз аз савоби садака бисёр аст?

Гуфт, ки аз барои он ки талбанда ва дарвеш хар вакт садака талабад, хох мухточ бошанд, хох  не. Пас мумкин аст, ки садака дар гайри мавзеъи худ вокеъ шуда бошад, аммо карзро гайр аз вакти зарурат наметалабанд. Аз хамин чихат савоби карз аз савоби садака зиёдааст.

Расули акрам (с) фармуданд, ки бар дари бихишт навишта дидам, бо оби тилло, ки “Ло илоха илаллох Мухаммаду-р- расулуллох”. Хостам ба дохили бихишт дароям, Чабраил (а) гуфт: – Ё Расулаллох (с), бихиитро хашт дар аст аз тилло зинат додаанд. Ба хар даре чахор калима навишта шудааст, ки хар калима бехтар аст аз дунё ва он чи дар дунё аст:

Дарвозаи аввал дарвозаи шахидон аст.

Дарвозаи дуюм аз они намозгузорон аст.

Дарвозаи сеюм аз они амри ба маъруф ва нахи аз мункар кунандагон аст.

Дарвозаи чахорум аз они рузадорон аст.

Дарвозаи панчум аз они касоне аст, ки бозмедоранд шахвати нафсониро.

Дарвозаи шашум аз они хачкунандагон аст.

Дарвозаи хафтум аз они чиходкунандагон дар рохи Худои таъоло аст.

Дарвозаи хаштум аз они худошиносоне аст, ки пушида доштанд чашмхои худро аз харом ва накуи намуданд бо падару модари худ.

Расули акрам (с) фармуданд, ки баргаштам ва бо дархои бихишт омадам. Чун назар кардам бар дари бихишти аввал, навишта дидам, ки “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р- расулуллох”. Хар чиз хилае, яъне рупуше дорад. Ва хилаи некзиндагони чахор хислат аст: каноат ва тарки хасад, тарки гунох ва нишастан бо ахли хайр.

Баъд аз он омадам ба дари дуюм. Бар он дар навишта, ки

“Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р-расулуллох“. Хар чизеро хиллае аст ва хиллаи хурамии дунё ва охират чахор хислат аст: риояти ятимон ва риояти бевазанон ва caъй дар мусулмонон ва риояти дарвешон.

Баъд аз он бар дари сеюм рафтам: бар он дар навишта,  ки “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р-расулуллох”. Хар  чи хиллае дорад ва хилаи сихатии бадан чахор чиз аст: кам гуфтан ва кам хоб кардан ва камнафси ва кам хурдан,

Баъд аз он омадам бар дари чахорум; бар он дар навишта дидам, ки “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р-расуруллох”.  Он касе, ки имон ба Худо ва рузи киёмат дорад, бояд, ки  бо бародари мусулмони худ зиёда аз се руз кахр накунад.

Баъд аз он омадам бар дари панчум. Бар он дар навишта  шудааст, ки “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р-расулуллах”.  Он касе хохад бар вай зулм накунанд, бояд,  ки ба касе зулм накунад ва он касе хохад, ки дашном ба вай надиханд бояд дашном ба касе надихад. Он касе хохад, хори набинад ба касе хори накунад ва он касе хохад, дар дунё ва охират саломат бимонад, бояд, ки калимаи тавхид бигуяд.

Баъд аз он омадам бар дари шаштум ва бар он навишта дидам, “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р-расулуллох”. Он касе хохад Малакулмавт ба рахмат ва мехрубони бар вай биёяд, бояд рахмат ва мехрубони бо мардум бикунат. Ва он касе хохад баромадани рухи у осон шавад, бояд сухан бо мардум нарм ва неку гуяд. Ва он кас хохад кабри  фарох за васеь бошад, гарибонро некуи кунад. Ва он касе хохад дар зери хок пусида нашавад, бояд иморати масочид бикунад.

Баъд аз он омадам бар дари хафтум. Бар он дар навишта, ки “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р-расулуллох’. Сафедруй дар рузи киёмат чахор аст: аввал кафани мурдагонро кардан, дуюм кабрхои мусулмононро кандан. Сеюм дар адои карз ва дар адои фарзхои Худои таьоло чидду чахд кардан.

Ва боз омадам бар дари хаштум. Бар он дар навишта буд, ки “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р-расулуллох”. Он касе  хохад дар доруссалом бошад, бояд, ки садака бидихад. Ва сахиву некхислат бошад.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …