Биҳишт ва биҳиштиён ва роҳати онҳо
Расули акрам (с) фармуданд, ки шаби меъроҷ биҳиштҳоро низ дидам.
Мо, иншоаллоҳ, аз гуфтаҳои ӯ ба тариқи мухтасар баён мекунем. Биҳиштҳо ҳаштоанд: биҳишти аввалро Дорулхулд гӯянд. Биҳишти дуюмро Дорулмақом гӯянд. Биҳишти сеюмро Доруссалом ва биҳишти чаҳорумро Ҷаннатулъадн гӯянд. Биҳишти панҷумро Дорулқарор ва биҳишти шашумро Ҷаннатулнаъим гӯянд. Биҳишти ҳафтумро Ҷаннатулмаъво ва биҳишти ҳаштумро Ҷаннатулфирдавс гӯянд.
Расули акрам (с) фармуданд: – Вақте ки аз Арши маҷид поён фаромада, ба мақоми Ҷабраил (а) расидам, хитоб аз ҷониби ҳазрати Парвардигор ба Ҷабраил (а) даррасид, ки Муҳаммад (с)-ро ҳашт биҳишт ва ҳафт дӯзахро бинамо. Он чиро, ки аз барои ӯ ва умматонаш тартиб додаам, ӯро як ба як нишон деҳ.
Чун Ҷабраил (а) ин нидоро шунид, Буроқро пеши ман овард ва ман бар Бурок савор шудам ва Ҷабраил (а) низ бар аспи биҳиштӣ савор шуду ба сӯи биҳишт равон шудем. Чун қариби биҳишт расидем, марғзоре дидем аз анбар. Назди он девор фурӯд омада дарахтҳои гуногуну гулҳои букаламун дидам, ки сифати он бар забон рост наёяд. Агар як барги он дарахт дар дунё бошад, тамоми халқ аз хушбӯии он беҳуш мешаванд ва агар як гули онро ба дунё биёранд, тамоми олам ба ранги он шайдо ва ошиқ шаванд.
Гуфтам: – Худовандо, ин кадом биҳишт аст?
Нидо даррасид, ки ё Муҳаммад (с), ҳанӯз дар бихишт надаромадаӣ ва ин мақоми ъилийин – ҷои чонҳои некбахтон аст.
Ҷонҳои некбахтон монанди чароғҳо менамуданд. Чун аз ин ҷо пештар шудаму назар кардам, замине аз нуқра дидам. Қасрҳои он замин ҳама аз нукраи хом буд. Аз Ҷабраили амин пурсидам, ки ин кадом биҳишт аст?
Гуфт: – Эй ҳабиби Худо, ин мақоми фариштаҳоеанд, ки бо ҳамроҳии Ризвон ба хидмати биҳишт мебошанд.
Чун аз пештар назар кардам, деворе аз тилло дидам ва баландии он маълум набуд ва ба гирди он девор фариштагонеро дидам, ки бениҳоят бузург буданд. Ҳама фариштагон назар бар ҳаво доштанд. Аз Ҷабраили амин пурсидам, ки инҳо киёнанд?
Гуфт: – Инҳо посбонони биҳиштанд.
Расули акрам (с) фармуданд, ки чун дар биҳишт расидам, дарёе дидам сафедтар аз шир ва ширинтар аз ангубин ва бузургии он дарё ҳеҷ маълум набуд. Гуфтам: – Ё бародар, Ҷабраил, ин кадом дарёст?
Гуфт: – Ин дарёи Баҳрулҳайвон мебошад, ки дар рӯзи қиёмат умматони ту дар ин дарё ғусл мекунанд, чун берун оянд, аз моҳи шаби чаҳордаҳ тобонтар шаванд.
Саҳрои қиёматро масофат панҷоҳ ҳазор сола роҳ аст. Чун бандаи мӯъмин cap аз қабр бардорад, чашми вай бар айвоқи биҳишт афтад. Қатьи он биёбон бар вай осон гардад. Гӯянд. ки чун бандаи мӯъмин cap аз гӯр бардорад, ҳӯронро бар болои он айвон бинад. Ӯро гӯянд, ки шитоб кун. Ӯдар мушоҳидан ҳӯрон ва шунидани сухани онҳо он роҳро чунон ба зудиву шитоб равад, ки ба андак фурсат ба манзили максуд расад.
Расули акрам (с) фармуданд, ки бар дари биҳишт навишта дидам, ки аксари аҳли биҳишт дарвешонанд. Ва боз гуфтанд, ки бар дари биҳишт навишта дидам, ки савоби садақа даҳ чандон ва савоби қарз ҳаждаҳ чандон аст.
Гуфтам, ки барои чӣ савоби қарз аз савоби садақа бисёр аст?
Гуфт, ки аз барои он ки талбанда ва дарвеш ҳар вақт садақа талабад, хоҳ мӯҳтоҷ бошанд, хоҳ не. Пас мумкин аст, ки садақа дар ғайри мавзеъи худ вокеъ шуда бошад, аммо қарзро ғайр аз вакти зарурат наметалабанд. Аз ҳамин ҷиҳат савоби қарз аз савоби садақа зиёдааст.
Расули акрам (с) фармуданд, ки бар дари биҳишт навишта дидам, бо оби тилло, ки “Ло илоха илаллоҳ Мухаммаду-р- расулуллох”. Хостам ба дохили биҳишт дароям, Ҷабраил (а) гуфт: – Ё Расулаллоҳ (с), биҳиитро ҳашт дар аст аз тилло зинат додаанд. Ба ҳар даре чаҳор калима навишта шудааст, ки хар калима беҳтар аст аз дунё ва он чӣ дар дунё аст:
Дарвозаи аввал дарвозаи шаҳидон аст.
Дарвозаи дуюм аз они намозгузорон аст.
Дарвозаи сеюм аз они амри ба маъруф ва нахӣ аз мункар кунандагон аст.
Дарвозаи чаҳорум аз они рӯзадорон аст.
Дарвозаи панҷум аз они касоне аст, ки бозмедоранд шаҳвати нафсониро.
Дарвозаи шашум аз они ҳаҷкунандагон аст.
Дарвозаи ҳафтум аз они ҷиходкунандагон дар роҳи Худои таъоло аст.
Дарвозаи ҳаштум аз они худошиносоне аст, ки пӯшида доштанд чашмҳои худро аз ҳаром ва накӯӣ намуданд бо падару модари худ.
Расули акрам (с) фармуданд, ки баргаштам ва бо дарҳои биҳишт омадам. Чун назар кардам бар дари биҳишти аввал, навишта дидам, ки “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р- расулуллоҳ”. Ҳар чиз ҳилае, яъне рӯпуше дорад. Ва ҳилаи некзиндагони чаҳор хислат аст: қаноат ва тарки ҳасад, тарки гуноҳ ва нишастан бо аҳли хайр.
Баъд аз он омадам ба дари дуюм. Бар он дар навишта, ки
“Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ“. Хар чизеро ҳиллае аст ва ҳиллаи хурамии дунё ва охират чаҳор хислат аст: риояти ятимон ва риояти бевазанон ва caъй дар мусулмонон ва риояти дарвешон.
Баъд аз он бар дари сеюм рафтам: бар он дар навишта, ки “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ”. Хар чи хиллае дорад ва хилаи сиҳатии бадан чаҳор чиз аст: кам гуфтан ва кам хоб кардан ва камнафсӣ ва кам хӯрдан,
Баъд аз он омадам бар дари чаҳорум; бар он дар навишта дидам, ки “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расуруллоҳ”. Он касе, ки имон ба Худо ва рӯзи қиёмат дорад, бояд, ки бо бародари мусулмони худ зиёда аз се рӯз каҳр накунад.
Баъд аз он омадам бар дари панҷум. Бар он дар навишта шудааст, ки “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллаҳ”. Он касе хоҳад бар вай зулм накунанд, бояд, ки ба касе зулм накунад ва он касе хоҳад, ки дашном ба вай надиханд бояд дашном ба касе надиҳад. Он касе хоҳад, хори набинад ба касе хорӣ накунад ва он касе хохад, дар дунё ва охират саломат бимонад, бояд, ки калимаи тавҳид бигӯяд.
Баъд аз он омадам бар дари шаштум ва бар он навишта дидам, “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ”. Он касе хоҳад Малакулмавт ба раҳмат ва меҳрубонӣ бар вай биёяд, бояд раҳмат ва меҳрубонӣ бо мардум бикунат. Ва он касе хоҳад баромадани рӯхи ӯ осон шавад, бояд сухан бо мардум нарм ва некӯ гӯяд. Ва он кас хоҳад кабри фарох за васеь бошад, ғарибонро некӯӣ кунад. Ва он касе хоҳад дар зери хок пӯсида нашавад, бояд иморати масоҷид бикунад.
Баъд аз он омадам бар дари хафтум. Бар он дар навишта, ки “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ’. Сафедрӯй дар рӯзи қиёмат чаҳор аст: аввал кафани мурдагонро кардан, дуюм қабрҳои мусулмононро кандан. Сеюм дар адои қарз ва дар адои фарзҳои Худои таьоло ҷидду ҷаҳд кардан.
Ва боз омадам бар дари ҳаштум. Бар он дар навишта буд, ки “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ”. Он касе хохад дар доруссалом бошад, бояд, ки садақа бидиҳад. Ва сахиву некхислат бошад.