Главная / Маданият ва санъат / «Баҳориёт»-и Сайидои Насафӣ

«Баҳориёт»-и Сайидои Насафӣ

«Баҳориёт» ва ё «Ҳайвонотнома» асари тамсилии Миробид Сайидои Насафӣ буда, дар рӯзгори Абдулазизхони аштархонӣ (1645-1680) соли 1091ҳ. (1680м.) дар муддати ду-се рӯз таълиф шудааст ва дар ин бора худи шоир чунин ишора дорад:

Ин нусха, Сайидо ба ду-се рӯз шуд тамом,

Дар рӯзгори ҳазрати Абдулазизхон.

Таърих аз ҳазору навад як гузашта буд,

Аз ҳиҷрати Расул-шаҳи охируззамон.

bahori-saydo

Асар ҳаҷман чандон калон набуда аз 184 байт иборат мебошад. «Баҳориёт» дар баҳри Музореи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф ё мақсур навишта шудааст ва афоъили он чунин аст:

ё худ:-У

яъне: мафъулу фоъилоту мафоъилу фоъилун ё фоъилон. Асар чун суннати устувор бо ҳамду санои Худо оғоз мешавад:

Аввал ба номи он ки муббарост аз макон,

Халлоқи ваҳшу тайру Худованди инсу ҷон.

Он сониъе, ки шоҳиди ӯянд ҳар вуҷуд,

Он қодире, ки дар сифати ӯст ҳар забон.

Асар аз муқаддима, қисмати асосӣ ва хотима иборат буда, муқаддимаи он ҳамди Худо ва наъти Расули акрам (с.) -ро дар бар мегирад:

Баъд аз санову ҳамди Худованди зулҷалол,

Миннат ниҳам зи наъти Расули Худо ба ҷон.

Баъд аз он, шоир қайд мекунад, ки баҳри рафъи хастагӣ ва парешонии табъи мардумон ният дорад, ки аз вуҳуш-ҳайвонот сухан бикунад. Шоир барои мушоҳида ба саҳро баромада сараввал мушакеро мебинад, ки назди дари хонаи худ нишаста хештанситоӣ дорад:

Мехоҳам аз вуҳуш замоне сухан кунам,

Дафъи малол то шавад аз табъи мардумон.

Рӯзе мани ғариб дар айёми навбаҳор,

Аз кунҷи хона ҷониби саҳро шудам равон.

Дидам нишаста бар дари сӯрох мушаке,

Мекард худ ба худ сифати хешро баён.

Худситоӣ ва таърифкугии муш то ба ҷое мерасад, ки боиси хашм гирифтани ҷонвари дигаре мешавад:

Аҷдоди ман ба мири мушон такя мекунад,

Имрӯз дар баробари ман кист дар ҷаҳон.

Гурбаи даргузаре инро шунида тоқаташ тоқ мегардад ва мушро сахт танқид намуда, худашро таъриф мекунад:

Ай беадаб, ту шарм надорӣ зи рӯи ман?

Аҷдоди ту шуданд ҳама пеши ман калон.

Обои олии[1] ту бувад кӯршабпарак

Абнои софили[2] ту ҳам аз ҷинси сифлагон.

Пур кардаӣ зи хок ба ҳар хона рафтаӣ,

Ай, хонаҳои халқ зи дасти ту хокдон!

Дандонзанист кори ту ҳар ҷо, ки дона аст,

Ҳастӣ ҳамеша душмани анбори мардумон.

Гурба худистоӣ намуда мегӯяд:

Бар ман бубину нек тамано бикун маро,

Яъне зи шер сурати ман медиҳад нишон.

Паррандае, ки бигзарад аз пеши чашми ман,

Уро ба чанги хеш дарорам ҳамон замон.

Азбаски дар миёнаи мардум мукаррамам,

Чоям ҳамеша ҳаст ва паҳлуи меҳмон.

Ба ҳамин тариқ, худтаърифкунии гурбаро шунида саг ба низоъ ҳамроҳ мешавад. Вай гурбаро сарзаниш намуда, худашро ситоиш мекунад. Яъне дар «Баҳориёт» ҳамагӣ 18 ҳайвон иштирок мекунад, ки яке пас аз дигаре зуҳур карда сифатҳои манфии тарафи муқобилро як-як номбар намуда, мазаммат менамояд ва пасон ва худситоӣ шурӯъ мекунад. Тартиби ширкати ҷонварон дар асар чунин аст: муш, гурба, саг, гӯсфанд, гург, гов, уштур, сангпушт, хорпушт, рӯбоҳ, харгӯш, маймун, оҳу паланг, фил, карк, шер ва мӯрча бо баёни хислатҳои бади ҳамдигар ва зикри сифатҳои хуби хеш мунозираи хеле тезутунд менамоянд.

Шоир дар тасвири мунозираи ҳайвонот хеле мушоҳидаҳои дақиқу нозук менамояд, зеро зиддиятҳои тибии ҷонваронро, ки ҳатто мардумон низ медонанд, қайд намуда нафъу зарари расонидаи онҳоро таъкидан баён мекунад: мушу гурба, гурба ва саг, гӯсфанду гург ва ғ.

Дар асар худситоии хеле зиёдеро шер дар бораи худ ва аҷдодаш раво мебинад, ки он боиси хашм гирифтани мӯрча мегардад. Шер каркро сарзаниш мекунад, ки:

Ай сахтрӯю сустқадам, чобӯкӣ макун,

Ҳастӣ ту пеш як қадам аз гови подабон

Тифлон аз забони ту парҳез мекунанд,

Бошӣ ту дар миёнаи ин қавм бадзабон.

Аҷдоди ман ба шерри Худо даст додаанд,

Аз чашми ман ва агар на кӣ меёфтӣ Амон.

Ҳаргиз шикории дигареро нахӯрдаам,

Як раҳ ба хуни мурда наёлудаам даҳон.

Дар бешае, ки мераваму мекунам қарор,

Берун зи қаҳтсол шаванд аҳли он макон.

Бо ҳар кӣ бингарам, ҷигараш об мешавад,

Аз мӯр камтаранд ба чашмам баҳодурон.

Сарзаниши шер, ки баҳодурон ба мӯрча муқоиса карда мешавад, таҳқир шудани мӯрча ба садои фахромези шер боиси хашм гирифтани мӯрча мешавад. Ҳадафи мӯрча аслам донпайдокунӣ буд, вале мазаммати шерро шунида ғазаб мекунад ва абнои ҷинси хешро мисол меорад, ки агар мо иттифоқ шавему сарҷамъ гардем, шерри ҷаҳонро пӯст хоҳем канд:

Дар фикри дона мӯрчае буд дар гузар,

Омад ба Шеру гуфт, ки:-Эй Рустами замон!

Аз иттифоқи мӯрчагон ғофилӣ магар,

В-арна чаро ҳақир шуморию нотавон?

Хӯроки аҳли байти ман аст аз нитоҷи ту,

Доим пур аст хонам аз шер баччагон.

Тифлони шермасти ман имрӯз шергир,

Хешони нотавони мананд аз ту комрон.

Таъсири суханони мӯрча то ба ҳадде мерасад, ки ҳамаи ҷонварон аз кирдори хеш пушаймон мешаванд ва онҳо ҳатто аз ҳамдигар узр хоста оштӣ мекунанд. Шоир лаҳзаи мазкурро чунин ба қалим овардааст:

Чун аз забони мӯрча ин ҳарф шуд баланд,

Таслим карда карда расиданд ваҳшиён.

Гуфтанд узрҳо зи таҳи дил ба якдигар,

Афтод пои оштиё андар он миён.

Мантиқан агар андеша карда шавад, «Баҳориёт» бо кибру ғурӯр оғоз шуда бо низоъҳои паёпай ҷараён гирифта то ба интиҳо қариб давом мекунад. Муҳим он аст, ки бо сулҳ ва оштӣ тамом мешавад ва ҳатто ҷонварон аз ҳамдигар узрпурсӣ менамоянд, ки мақсади эҷодкор табиши фалсафӣ мегирад. Яъне ҳама гуна ҷанг ба сулҳ хотима меёбад. Пас ин ҳамин маъниро низ дорад, ки ҷанг, кибру ғурур, ҳавобаландӣ, худхоҳӣ умри тӯлонӣ надорад ва ҳатман пушаймонӣ ба бор меорад.

Албатта, ба чунин натиҷаи фалсафӣ расидани Миробид Сайидои Насафӣ бесабаб нест. Шоир аз анъанаҳои адабии тоисломӣ ва асримиёнагӣ иттилооти комил дошта дар эҷодиёти худ аз онҳо кор гирифтааст. Сайидо дар ҳамин замина низ тозакориҳо карда метавонад ва ӯ чунин ҳам кардааст. Ӯ бо эҷоди ин асари худ ду ҷанбаи суннати адабии миллиро тақвият бахшидааст: яке осори тамсилиро таҳким бахшидаву дигаре адабиёти мунозиравиро эҳё кардааст. Намунаи комили асари тамсилӣ-мунозиравӣ «Дарахти Ассурик ва буз» аст, ки дар адабиёти асримиёнагӣ таъсири фаровон гузоштааст. Махсусан дар асри XI тавассути эҷодиёти Носири Хусрав ва бештар дар осори Асадии Тӯсӣ мунозира ҷилои тозае касб мекунанд. Намунаҳои комили мунозира панҷ қасидаи Асадии Тӯсӣ: «Замину осмон», «Тиру камон», «Шабу рӯз», «Габр ва мусулмон» «Арабу аҷам» ба ҳисоб меравад. Дар ин асарҳо интихоби мавзӯъ ва масъалагузорӣ, ҳалли масъала ва натиҷагирӣ аз он тамоман нав, ниҳоят муҳим ва арзишманд мебошад.

«Баҳориёт»-и Сайидо ҳамчун асари адабӣ, пеш аз ҳама дар нақши 18- ҷонвар нишон додани муносибатҳои табақавӣ дар ҷамъият аст. Дар рӯи замин агар пурқувваттарин ҷонвар шер бошад, ҳақиру нотавон мӯрча ба шумор меравад.

Шоир ҳушдор медиҳад, ки хисоли ҳамида фурӯтанӣ, хоксорӣ, шикастанафасӣ, ҳалимӣ, дурандешӣ, сабурӣ, хайрхоҳӣ, некӯкорӣ, дидароӣ, тавозӯъ барои солимии ҷомеъа ҳатмӣ ва ногузир мебошад. Дар муқобили хисоли ҳамида, ки номбар кардем, хислатҳои разила: кибр, ғурур, худхоҳӣ, кӯтоҳназарӣ, ҳавобаландӣ, сабӯкандешӣ, бузургманишӣ, ҷоҳталабӣ, нодилӣ, пастфитратӣ, сифлагӣ, дунҳимматӣ, разилӣ, ғаразхоҳӣ, фитнаангезӣ гузошта мешавад. Шоир ду паҳлуи хисоли инсониро (ҳамида ва разиларо) ҳатто дар ниҳоди як ҷонвар ҷой медиҳад. Аҷоиб он аст, ки зикри хислатҳои ҳамила ва дар ҳамин замина содир гардидани кибру ғурур ва ҳам тафохури бебунёд, аз забони худи ин ва ё он ҷонвар таъкид карда мешавад. Вале аз тарафҳои манфии ҳаёту фаъолияти худ он ҷонвар забон намекушояд.

Сифатҳои зишту носавоби он аз тарафи ҷонвари муқобили вай номбар гардида, сарзаниш карда мешавад. Вале аз тарафҳои манфии ҳаёту фаъолияти худ он ҷонвар забон намекушояд. Сифатҳои зишту носавоби он аз тарафи ҷонвари муқобили вай номбар гардида, сарзаниш карда мешавад, ки хеле хуб ва табиист. Ҷараёни хатти ҳаракати сюжет ва тезутунд гардидани муносибатҳо, гӯё ҷӯёи ҳақиқати воқеӣ аст. Ин аст ки шоир онро дар нақши табақаҳои басо беозору заҳматкаштарини рӯзгор мӯрча мебинад ва хеле хуб ҳам пайдо мекунад, зеро ҷараёни бархурдҳо, муқовимати низоъҳо, баҳамоии тазодҳо чунин роҳи ҳалли мушкилотро пеш меорад. Бузургии шоир, эҷодкор ва мафкурабардор ҳам дар ҳамин аст, ки роҳи баромадан аз вазъияти баамаломадаро пайдо карда тавонад. Ин мушкилотро Сайидо дар созгории табақаҳои иҷтимоӣ дар меёбад. Ӯ таъкид менамояд, ки ҳар як табақаи иҷтимоӣ дар ҷомеъа ҷой, мақоле ва мавқеи худро дорад.

[1]     Обои олӣ- падару бобоён

[2]     Софил-паст

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Мазори Махдуди Аъзам дар Ҳисор /соли 1547/.

Бинокорӣ ва меъморӣ дар асри XVI

Дар санъати меъмории нимаи аввали асри XVI анъанаҳои аҳди Темурӣ идома дошт. Дар ин аср …