Главная / Маданият ва санъат / САЙИДОИ НАСАФӢ

САЙИДОИ НАСАФӢ

Дар фикри дона мӯрчае буд даргузар,
Омад ба шеру гуфт, ки: Ай Рустами замон!
Аз иттифоқи мӯрчагон ғофилӣ магар
В-арна чаро ҳақир шуморию нотавон?
(Сайидои Насафӣ)

Тарчумаи ҳол

saydoi-nasafiНасаф мулки ободе буд. Дар он диёр аз касбҳои ҳунармандӣ пешаи бофандагӣ ривоҷ дошт. Бофандагон, ки барои мардум либосвориҳои арзонбаҳое тайёр мекарданд, дар он рӯзгор соҳибиззат буданд. Касби бофандагӣ меҳнати душворро талаб мекард. Бесабаб нест, ки халқ бо дили пурдард дар бораи сахтию душвориҳои бофандагӣ сурудҳо эҷод кардааст:

Дилакам зардоб шуд аз чақ-чақи бофандагӣ,

Чашмакам пуроб шуд аз риштаҳои кандагӣ.

Аз саҳар то шом почак мезанам дар чаҳ-чаҳак,

Қоматам дар тоб шуд аз кору бори зиндагӣ.

Миробид Сайидои Насафӣ барои таъмини рӯзгори хеш пайваста нозукиҳои касби меросии бофандагиро меомӯзад ва дар баробари касбомӯзӣ Сайидо дар мактаб низ таҳсил мекард. Ин буд, ки тадриҷан хату савод бароварда, эҷодиёти пешиниёнро меомӯхт. Ашъори Саъдӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасан, Ҳофизу Камол ва бисёр дигаронро ҳифз мекард ва худ низ аҳён-аҳён шеър мегуфт. Муҳаббат ба мероси маънавии гузаштагон, санъати волои суханварӣ, ҳунари нотакрори ҳар як эҷодкор ӯро кайҳо мафтун намуда буд. Ҳамин дилбастагӣ ӯро водор сохт, ки роҳи Бухороро пеш гирад. Ӯ ба Бухоро омада, таҳсили олии худро дар мадрасаи Лаби Ҳавзи Нодир – девонбегӣ пеши олимону донишмандони бузурги замон давом медиҳад.

Пас аз дарс Сайидо бештари вақти худро барои омӯхтани ашъори пешгузаштагону муосиронаш сарф намуда, нозукиҳои каломи бадеъ, сирри ҳунари эҷодро меомӯхт. Илова бар ин, ба табақаҳои ҳунарманди ҷомеаи онрӯзаи Бухоро пайваста дар иртибот буд. Аз миёни тоифаи мазкур дӯстони зиёде пайдо мекунад ва он ёрону дӯстонаш дар мавридҳои зарурӣ ва Сайидо ёрии моддӣ мерасонанд, то ки ӯ таҳсилашро давом бидиҳад. Чун вазъи зиндагӣ имконият дод, ки Сайидои Насафӣ таҳсили мадрасаро бомуваффақият ба анҷом расонад ва дар айни замон маҳорати суханварию нуктасанҷии худро такмил диҳад. Беш аз ин дар ҳаёти адабии шаҳр ширкат варзад.

Сонитар ҳаёти оилавӣ Сайидои Насафиро маҷбур месозад, ки дар рӯзгори ҷавонӣ пешаи бофандагиро давом бидиҳад. Ӯ дар ғазали «Мекунам бофандагӣ» аз ноҷӯриҳои аҳди худ шикоят менамояд:

Дар баҳор аз фоқа ранги заъфарон бошад маро,

Пораҳо бар дӯш аз барги хазон бошад маро.

Баҳри рӯзӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут,

Хона ҳамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.

Гаштаам аз фоқа ҳамчун тири бепар гӯшагир,

Хонаҳои хушку холӣ чун камон бошад маро.

Чун фалак аз меҳру маҳ бар суфра дорам нони қоқ,

Рӯзу шаб шармандагӣ аз обу нон бошад маро.

Сайидои Насафӣ бо мақсади раҳоёбӣ аз мушкилоти рӯзгор бо баъзе соҳибмансабони замонааш Ҳоҷидодхоҳ ва Раҳимбӣ Юз наздикӣ пайдо мекунад. Шоир ҳатто бахшида ба ҳокимони давр Абдулазизхону Субҳонқулихон ва Убайдуллоҳхон бо нияти дарёфти инъому эҳсон чандин шеърҳо менависад. Сайидои Насафӣ ашъори ҳадафноки мадеҳавии худро камарзиш дониста, ба ин восита аз миёни сарватмандону соҳибмансабон дигар муттакоҷӯиву мураббикобӣ намекунад, зеро ба ӯ асрори дарбору дарбориён то андозае ошкор мегардад, ки зимомдорони давр камхираду бедонишанд. Аз ин рӯ, дур будан аз эшонро авлотар меҳисобад. Ин аст, ки Сайидо мегӯяд:

Дар аҳди мо ривоҷ ба аҳли ҳунар намонд,

Имрӯз обрӯй ба лаълу гуҳар намонд.

Аз ҳеҷ хонае набаромад садои ҷуд,

Дар рӯзгори мо зи каримон асар намонд.

Гардуни сифла беҳунаронро ривоҷ дод,

Азбаски эътибор ба соҳибҳунар намонд.

Ҳол он ки ашъори Сайидо ҳанӯз дар замони худи ӯ на танҳо дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон,ҳатто дар қаламрави Эрону Ҳиндустон паҳн гардида буд. Шоир ба ин маънӣ мегӯяд:

Ба мулки Исфаҳону Ҳинд мехонанд ашъорам,

Зи Туркистонаму ҳаргиз надорам эътибор ин ҷо.

Чун зимомдорон аз аҳли шеъру адаб, илму фарҳанг қадршиносӣ намекарданд, бисёре аз фарҳангиёни замони шоир ҷалои диёр карда буданд ва бештари онҳо ба сарзамини Ҳинд мерафтанд. Шоир ба ҳолати мазкур чунин ишора менамояд:

Ҳамраҳон рафтанду ман по дар ватан дорам ҳанӯз,

Такя чун сурат ба девори бадан дорам ҳанӯз.

Аз як тараф, заъфи пириву дурии роҳ ва аз тарафи дигар, бебизоатию тангдастӣ ба Сайидо имкони сафар карданро намедод, ки азми сафари Ҳиндро ихтиёр бикунад:

Аз тиҳидастӣ чу сарви боғ поям дар гил аст,

Рахт мебандам, агар зоди сафар бошад маро.

Кӯшишу такопӯҳои Сайидо бенатиҷа поён ёфт ва ин ҳолатҳо шоирро рӯҳан азият медод. Ин буд, ки шоир раҳоӣ аз ин ҳолати пешомадаро дар гӯшанишинӣ, канораҷӯӣ пайдо кардан хост ва ин роҳро низ пеш гирифт. Муддате узлатшинӣ намуд.

Гӯшанишинӣ аҳволи Сайидои Насафиро боз ҳам вазнинтар, ҳолоти рӯҳии ӯро заъифтар намуд. Чуноночи, шоир мегӯяд:

Он ки мегиряд ба ҳолам, чашми хунини ман аст
В-он ки бардорад Сарам аз хок, болини ман аст.

Ин буд, ки шоир аз рӯи эҳтиёҷоти рӯзгор боз рӯ ба миёни мардум меорад ва ғалати худро фаҳмида дар як муддати кӯтоҳ ислоҳ менамояд:

Ҳосил нашуд зи гӯшанишинӣ муроди ман,

Худро зи хона бар сари бозор мекашам.

Ӯ на танҳо азоби эҷодиро аз сар мегузаронду тоқат менамуд, балки меҳнати ҷисмонӣ-бофандагӣ мекард ва дар ин роҳ худро ба Фарҳоди кӯҳкан ҳамсангу монанд медонист. Ба ин маънӣ ишора намуда мегӯяд:

Ба зӯри дасту бозӯ мехӯрам, ай Сайидо, рӯзӣ,

Маро чун кӯҳкан хуни ҷигар бошад беҳ аз ширам.

Аз баъзе тасвирҳои иҷтимоии шоир бисёр лаҳзаҳои рӯзгори ӯро метавон пеши назар овард, ки барои барқарору пурра намудани зиндагиномаи Сайидо ёрӣ мерасонад. Масалан, ба ин тасвири иҷтимоии шоир агар таваҷҷӯҳ карда шавад, аҳволи иҷтимоии адиб боз ҳам равшантар мегардад:

Видоаш карда мерафтам ба хона,

Таваҷҷӯҳ зад қадам бар остона.

Даре дидам ба нокомӣ кушода,

Ба роҳам дидаи во истода.

Фиғон ногаҳ зи қуфли дар баромад,

Ки : «Имшаб турфа дузде бар сар омад.

Қавичангол гурге тезхашме,

Ба бозу филзӯру тангчашме.

Сари ӯро зи дор андешае не,

Ба ғайр аз дуздӣ ӯро пешае не».

Ман он ҷо то саҳар дар хоби роҳат,

Кушода дузд ин ҷо дасти ғорат.

Даруни хонаам ҷуз бӯрё не,

Ба зери пой ғайр аз нақши по не.

Зи беасбобиям дар сина чок аст,

Матои хонаи ман обу хок аст.

Чӣ гӯям ман ба рӯи хонаи худ,

Шудам шарманда аз кошонаи худ.

Шудаш тороҷи ӯ кунҷи фаромӯш,

Зи дасти дузд гаштам хонабардӯш.

Туро бод, ай фалак, даврон мусаллам,

Ба як шодӣ кунӣ омода сад ғам.

Дар ин ҷо асосан вазъи хонаводагии шоир, аҳволи иҷтимоии Сайидо рӯи тасвир омадааст. Зимни он норизоии шоир аз низоми давлатдории соҳибдавлатону мансабдорони даврони худ ҳатто бо қавитарин оҳангҳои эътирозӣ мушоҳида карда мешавад. Хусусан, берҳмию ҷафопешагии дуздон, ки онҳо аз низоми сустии давлатдорон истифода бурдаанду заррае тарсу ҳарос надоранд, хеле хуб ба тасвир гирифта шудааст.

Поёни умри Сайидои Насафӣ низ дар Бухоро гузаштааст ва ӯ тахминан соли 1711 дар ҳамон ҷо вафот кардааст.

Мероси адабии Сайидо

Осори адабии Сайидои Насафӣ, ки «Куллиёт»-и ӯро фароҳам овардааст, дорои 8500 байт мебошад. Дар осори маҳфузмондаи шоир ҷои аввалро ғазал ишғол менамояд, ки миқдори он 4600 байт аст. Мухаммас бошад пас аз ғазал дар ҷои дуюм буда, 1050 байтро ташкил медиҳад. Эҷоди онҳо низ хеле ҳунармандона аст.

Инчунин, Миробид Сайидои Насафӣ ба ҳунармандон, намояндагони ҳунарҳои мухталиф як силсила шеърҳо бахшидааст. Сайидо чанд маснавии дигар низ дорад, ки ҳаҷми онҳо аз 16 то 68 байтро дар бар мегиранд. Яке аз чунин маснавиҳои ӯ «Дар мазаммати дузде, ки хонаи шоирро ғорат кардааст»-ном дорад, хеле ҷолиб буда, дар баробари арзиши адабӣ – эстетикӣ аҳамияти иҷтимоию шарҳиҳолӣ низ дорад.

Дигар аз асарҳои Сайидо, ки то ба ҳадде шӯҳрати эҷодии шоирро таъмин мекунад, «Шаҳрошӯб»-и шоир аст, ки ӯ ба эҷоди ин асари худ, аз як тараф, анъанаи адабиро давом дода бошад, аз тарафи дигар, авзои ҳунару фарҳанги замони худ, ривоҷи касбу ҳунарҳо ва тарзи зиндагии муосирони хешро ба таври бадеӣ баён кардааст. Ин асари Сайидои Насафӣ оид ба ҳунару пешаи 212 нафар ҳамзамонони ӯ ва ҷузъиёти ҳунарию хусусиятҳои дигари фаъолияти мардуми меҳнаткаш маълумот медиҳад. Аз ҷумла, доир ба намояндагони касбу корҳои мухталифи давр: заргару бофанда, кӯлолу мӯзадӯз, деворзану кабобпаз ва ғайра васфу тавсифҳои рангин ба назар мерасад. Теъдоди ашъори мазкур низ басо ҷолиб буда аз як то се-чор байтро фаро мегирад.

Шеърҳои ба ҳунармандон бахшидаи Миробид Сайидои Насафӣ аз нигоҳи истифодаи авзон низ гуногун буда, аз «Шаҳрошӯб» бо он фарқ мекунанд, ки дар ашъори ба аҳли ҳунар ихтисосдода ҳаҷву ҳазв хеле малеҳ дида мешавад.

Маснавии тамсилии Сайидо, ки «Баҳориёт» ё «Ҳайвонотнома» ном доранд, шӯҳрати шоирро дар эҷоди ин навъи адабӣ таъмин менамояд.

Мавзӯъ ва мунДаричаи газалиёти СайиДо

Ғазал дар осори адабии Сайидо мақоми аввалиндаҷа дорад. Мавзӯи ғазалиёти ӯ ҳамоно ишқу ошиқӣ, дӯстдориву муҳаббат, эҳсосоти қалбӣ, шӯру исёнҳои ботинии инсонҳо ва ғайра буда, ин ҷанбаи анъанавии мундариҷавии ғазалиёти шоир аст. Ҳунари Сайидо дар сурудани мавзӯъҳои иҷтимоӣ-ситёсӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, ҷамъиятӣ-инсондӯстӣ, фардӣ-шарҳиҳолӣ ва монанди инҳо низ ҳаст. Албатта, ҷанбаъҳои мавзӯи мазкур бо оҳангҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ ҳанӯз аз Саъдии Шерозӣ шурӯъ шуда буд. Сайидо мавзӯъҳои ҳасбиҳол ва умуман адолати иҷтимоиро ба баландтарин нуқта расонида тавонист ва дар ҳамин замина тозакориҳову навовариҳо кард. Танқиди ноадолатиҳои замон, нобасомониҳои давр, хориву беқадрии инсон, зикри нодорию бенавоӣ, камбағаливу бечорагӣ, ҳимояи аҳли меҳнат ва фуқарову дармондагон, танқиди аҳли ҳусуд, золимон, соҳибмансабони бераҳм, риёкорону чоплусон, зоҳидони зоҳирбин, тасвири аҳволи бади хеш, мазаммати бухлу кинаварзӣ ва ғайра низ асоси мундариҷавии ғазалҳои Сайидоро ташкил медиҳанд.

Сайидо ҳатто ғазалҳое ҳам дорад, ки саропо арзиши шарҳиҳолӣ доранд:

Бо кӣ равшан созам аҳволи дили афгори хеш,

То ба кай чун шамъ сӯзам бар сари бемори хеш?

Баҳри осоиш гар аз ғамхона сар берун кунам,

Мениҳам чун соя паҳлу бар таҳи девори хеш.

Юсуфи ман аз харидорон касодӣ мекашад,

Бар дӯкон оташ занам аз сардии бозори хеш.

Бар сари ман осиё гардад, таҳаммул[1] мекунам,

Чун намебинам касеро зери гардун ёри хеш.

Бар бадан аз нолаи ҷонкоҳ дорам рахнаҳо,

Бастаам чун най камар, умрест бар озори хеш.

Аз баланду пасти олам гашт сӯҳон комёб,

Хасм[2] меболад ба худ аз вазъи ноҳамвори хеш.

Сайидо, бошад кудурат[3] рӯзии соҳибҳунар,

Шохи гул аз пой натвонад кашидан хори хеш.

Ҳолати мазкур, яъне ҷанбаи тамоман воқеии тасвир бахшидан ба ғазал яке аз хизматҳои Сайидо дар таърихи адабиёти тоҷик аст.

Инъикоси замон, вазъияти сиёсӣ – иҷтимоӣ Дар газалиёти СайиДо.

Оид ба мавзӯи мазкур Сайидо асари ҷудогонаи худ – «Баҳориёт» ё худ «Ҳайвонотнома»-ро навиштааст.

Гузориши масъалаи мазкур дар ғазалиёти шоир пурвусъаттар мебошад.

Яъне аз доираи мавзӯъҳои ишқӣ рӯ овардан ба рӯзгори иҷтимоии инсон ва ҷамъият яке аз хусусиятҳои ғазалиёти шоир ба шумор меравад:

Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хурад,

Теғи бедоди ту аз фарқи аҷал об хурад.

Аз ҷаҳон гум шуда меҳри падару фарзандӣ,

В-арна Рустам зи чӣ доде сари Сӯҳроб хурд.

Қатраи май сари Мансур баровард ба дор,

Вои он кас, ки ҳама умр майи ноб хурад.

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирбод хурад.

Сайидо, печиши он зулф ба он рух зи чӣ руст,

Мӯй бар шӯълаи оташ чу фитад, тоб хурад.

Мавзӯи ғазали мазкур асосан адолати иҷтимоӣ буда, шоир душманони халқро ҳушдор медиҳад, ки аз оҳи мазлумон ҳазар кунанд ва агар накунанд, онҳоро марг интизор аст. Сайидо бесарусомониҳои ҷамъиятро дар мансабталошиву ҷаҳонпарастии муосирон мебинад ва аз ин рӯ, ба ҳимояи мардумони оддӣ овоз баланд мекунад:

Дар талоши салтанат афтодаанд аз пой халқ,

Тоҷ агар ин аст, олам сарнагун хоҳад шудан.

Аз ин сабаб, ӯ аз ғами халқ, аз ҳоли мардумони оддӣ дилхуну ҷигаркабоб аст ва фиғону нолааш танҳо баҳри беҳбудии рӯзгори бечорагону дармондагон мебошад:

Ашки ман гар инчунин, к-аз дил бурун хоҳад шудан,

Доғҳои синаам гирдоби хун хоҳад шудан,

Дар ғазалиёти Сайидо оҳангҳои хеле амиқи фалсафӣ, бо мазмунҳои иҷтимоӣ дар ғояти ҳунариву ҷилои тозаи хаёлбофӣ рӯи кор омадаанд. Чунончи:

Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард,

Саг чу шуд девона, ӯро метавон занҷир кард.

Бемураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест,

Охир ин беиззатӣ бар Кӯҳкан таъсир кард.

Беибо натвон ба базми тундхӯён по ниҳод,

Бемуҳобо такя натвон бар дами шамшер кард.

То ба пои хум нарафтам соғарам ёрӣ надод,

Дастгирӣ бо мани афтода рӯҳи пир кард.

Мераванд аҳли тамаъ дар базмҳо девонавор,

Метавон дарҳои меҳмонхонаро занҷир кард.

Қомати хилватшинон мекунад кори камон,

Метавон мисвоки зоҳидро нишони тир кард.

Водии девонагӣ ҷои фароғат будааст,

Хоби роҳат пои мо дар хонаи зианҷир кард.

Сайидо, музди ҳунарвар мерасад дар хурди кор,

Рӯзии Фарҳодро гардун зи ҷӯи шир кард.

Ғазали зикршуда моҳияти амиқи панду андарзӣ, насиҳатӣ – тарбиявӣ дошта, олами сабаб – олами инсонҳо хеле нозуку ҳунармандона мавриди тасвир қарор гирифтааст ва ғазал аз оғоз то анҷом (байт-байт) ирсоли масал аст.

Ғазал дорои қофияву радиф буда, қофияҳои он бо ҳарфи равӣ «р» ба итмом мерасад, ки шакли он муқайяд аст ва радифи ғазал содда мебошад.

Ғазал чун мӯҳтавои ахлоқӣ дорад, дар баҳри Рамали мусаммани мақсур эҷод шудааст ва афоъили он чунин аст:

– V – – / – V –        – / – V –      – /    – V ~

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фаъилотун, фоъилон.

Ё худ ғазали дигари шоир, ки аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво, моҳияти қавитари иҷтимоӣ дошта, ҳасби ҳоли шоир ва ҳолати қаҳрамони лирикӣ аз оғоз то анҷоми ғазал давом мекунад, ки аз тангии маишӣ ва бенавоӣ ба сари шоир омадааст:

Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,

Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.

Аз фиребу ваъдаҳои ӯ шудам розӣ ба марг,

Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.

Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам,

Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.

Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд,

Сӯхтам чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.

Сайидо, дидам ба хок афтода барги лоларо,

Теғи ноҳақ хурда сайди бисмилам омад баёд.

Яъне интиҳои мақсади адиб ҳимояи адлу дод ва танқиди ноадолатиҳои замони шоир низ мебошад.

Ғазал хеле ҳунармандона буда, дорои қофияи мутлақ ва радифи мураккаб аст. Яке аз вазифаҳои радиф дар ин ғазал таъкиди маъно низ ҳаст, ки бори ғоявии онро дар ӯҳда мегирад, зеро тангии маишӣ ба шоир умре рӯ ба рӯ будааст.

Аз нигоҳи вазн бошад, ғазали мазкур дар баҳри рамали мусаммани мақсур эҷод шудааст ва афоъили он чунин аст:

***********************************************

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон.

Ҷиҳати ҷолиби ҳунарии ғазали Сайидо он аст, ки оҳангҳои иҷтимоӣ тору пӯди ғазалро ташкил намуда, рамзи хеле баландро ба миён меоранд, ки дарки мақсад каме мушкил ҳам мешавад. Вале ҷиҳати дигари характерноки ғазалиёти ин суханвар боз дар он аст, ки сар то по ғазали ӯ тасвирҳои воқеӣ, ҷузъиёти ҳаётиву мушаххас, вожаҳои маъмулӣ, хаёлбофиҳои рӯзгориву мушоҳидаҳои зиндагиро фаро мегиранд. Чунончи, далели қазовати мазкур ғазали зерин аст:

Шамъаму пайваста дар рагҳои ҷонам оташ аст,

Дар даҳонам мавҷи обу бар забонам оташ аст.

Золимон аз бекасӣ вайронаамро сӯхтанд,

Чуғзам аз бехонумонӣ, ошёнам оташ аст.

Булбулам, аммо мақоми дилнишинам гулхан аст,

Сабзаам хокистар асту бӯстонам оташ аст.

Аз сари кӯи бутон рахти сафар то бастаам,

Маҳмили ман гирдбоду корвонам оташ аст.

Ай, ки бо мо мекунӣ савдо, ба худ андеша кун,

Дар бисотам дуди оҳу бар дӯконам оташ аст.

Сӯҳбати ман бемаю бемутриб имшаб дар гирифт,

Хона равшан мекунам, то меҳмонам оташ аст.

Нест дилсӯзе ба мулки синаи ман ғайри доғ,

Сайидо, имрӯз ёри меҳрубонам оташ аст.

Ғазалиёти Сайидо боз бо он характернок аст, ки аслан ҳаҷман калон нест, 6-7 ва 10-12 байтист. Сайидо ғазале дар ҳаҷми 27 байт низ дорад.

Истиқлоли байтҳо аҳёнан манзур шаванд ҳам, аз доираи мавзӯи марказӣ ҷудо нест. Яъне муносибати Сайидо ба сиёсатмадорон, ҳокимон, аҳли мансаб, табақаҳои ҳунармандон, меҳнаткашон, бозоргонон, олимон, широн, толибилмону мударрисон ва ғайра ба мушоҳида мерасад. Дар ғазалиёти шоир қаҳрамони дирикӣ – ошиқ ё фарди соҳибтаҷриба, хирадманд, рӯзгорӣ, меҳнатқарин, соҳибҳунар аст, вале бенаво, беқадру манзалат, пурсабру пуртоқат ва боз бештар аз ин ростқавл, бовафо, адолатпараст, ҳақиқатхоҳ, дурандеш, покизазамиру софдил, самимиву некӯкор мебошад.

Ӯ дар ғазали зерин мегӯяд:

Бувад мунъим азизи кишвару озод хор ин ҷо,

Зи сарви боғ раънотар дарахти мевадор ин ҷо. Дар оғози муҳаббат ошиқ аз мурдан наяндешад,

Занад худро ба коми шер тифли найсавор ин ҷо.

Худоҷуро сарҳархезӣ шавад афзунтар аз пирӣ,

Дар айёми хазон гулдаста мебандад баҳор ин ҷо.

Аламҳои туро фардо гувоҳонанд дар маҳшар,

Макун озурда аз худ хотири лайлу наҳор ин ҷо.

Зи заҳри чашм арбоби тамаъро нест андеша,

Кунанд ин қавм майли сурма аз мижгони мор ин ҷо.

Зи заҳри чашм арбоби тамаъро нест андеша,

Кунанд ин қавм майли сурма аз мижгони мор ин ҷо.

Саводи беди маҷнун беҳтар аз занҷир Маҷнунро,

Бувад аз дасти гиро нозанинтар раъшадор ин ҷо,

Ба берӯӣ тавон аз аҳли дунё баҳрвар гаштан,

Зи тифлон шикваҳо дорад дарахти мевадор ин ҷо,

Бувад кори ту, ё Раб, дар ду олам парда пӯшидан,

Макун маҳҷуб он ҷову магардон шармсор ин ҷо,

Набошад раҳ ба базми хилвати мо ҳарзагӯёнро,

Сари Мансур силӣ мехӯрад аз пои дор ин ҷо,

Зи базми шеър набвад баҳрае афсурдатабъонро,

Бувад килки суханпардоз чун шамъи мазор ин ҷо.

Ба мулки Исфаҳону Ҳинд мехонанд ашъорам,

Зи Туркистонаму ҳаргиз надорам эътибор ин ҷо.

Набошад бо фашу мисвоки зоҳид ҳеҷ таъсире,

Наандешад касе аз кавкаби дунболадор ин ҷо,

Хату зулфаш камар барбастаанд аз баҳри хуни ман,

Ҳазар кун, Сайидо, аз иттифоқи мӯру мор ин ҷо.

Ғазали зикршуда низ оҳанги бисёр қавии иҷтимоӣ дошта, шоир шиква аз тангии маишӣ ва аз ноадолатиҳои даврони худ дорад. Умуман дар ин ғазал танқиду истеҳзо, мазаммату ҳиҷо, шикояту норизоӣ, ҳимояи адлу ҳақиқат, ростиву садоқат, дурандешиву покӣ, вафодориву ростқавлӣ, худотарсиву интихоби роҳи рост ва ғайраро васф менамояд. Ин ҷанбаъ низ яке аз хусусиятҳои ғазалҳои Сайидо ба шумор меравад. Яке аз масъаалҳое, ки мисли хатти сурх аз миёни масъаалҳои баёнгардида дар ғазали боло мегузорад, ҳимояи ватан, дӯст доштани он, дилбастагии сидқӣ ба ватан, авло шуморидани обу хоки он аст. Ӯ ҳатто ватанро аз мафҳуми зодгоҳ васеътар маърифат мекунад ва Туркистонро дӯст медорад ва макону диёреро бо он баробар намедонад ва аз ин рӯ, сарфи назар аз қадршиносиҳо, ки нисбат ба шоир раво дида мешуд, ӯ хастадилу навмед намешавад.

Ғазали боло муқаввофу мураддаф буда, қофияи он муқайяд ва радифаш мураккаб мебошад. Аз нигоҳи вазн бошад, дар баҳри Ҳазаҷи мусаммаи солим иншо шудааст, ки афоъили он чуни наст:

*********************************************

Яъне: мафоъӣлун, мафоъӣлун, мафоъӣлум, мафоъӣлун.

Сайидо дар эҷоди ғазал, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат мақом дорад, ки ӯ ин навъи адабиро ба ҳаёти мардум, ба рӯзгору зиндагӣ басо қарину наздик намудааст. Аз ин рӯ, дар ғазалҳои ӯ ҷанбаъҳои иҷтимоӣ зиёдтар қувват гирифта, як андоза рӯҳияи мардумии шеъри Сайидоро таъмин кардааст. Дар ғазали Сайидо то ба ҳадде авзои сиёсӣ- таърихӣ ва иҷтимоии замони ӯ инъикос гардидааст. Аз тарафи дигар, ҷанбаи таълимӣ, панду андарзӣ, насиҳатию мавъизатӣ гирифтани ғазали шоир бурҳони пойдории адаб ба суннат ва баҳрабардорӣ аз анъанаҳои куҳантаърихии шеъру адаби тоҷик мебошад.

[1]     Таҳаммул – сабр

[2]     Хасм – душман

[3]     Қудурат – ғам, андӯҳ

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …