Главная / Чамъият / Бахисобгирии андозсупорандагон

Бахисобгирии андозсупорандагон

Моддаи 25-и Кодекси Андоз. Бахисобгирии андозсупорандагон

  1. Бо максадхои таъмини назорати андоз хамаи андозсупорандагон бояд дар макомоти андоз ба бахисобгири (ба кайди андози) гузошта шаванд.
  2. Андозсупорандагон, агентхои андоз, аз чумла вохидхои алохидаи таъсиснамудаи онхо (филиалхо, намояндагихо, муассисахои доими ва гайра), инчунин шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки ба синни16-солаги расидаанд, бояд дар макомоти андоз ба хисобгирифта шаванд.
  3. Бахисобгири тибки асосхои зерин амали карда мешавад:

-аризаи хаттии андозсупоранда ё намояндаи ваколатдори (конунии) вай;

– иттилооти макоми ваколатдор ва (ё) дигар макомот;

-иттилооти ташкилоти карзи;

– иттилооти макомоти худудии андоз.

  1. Бахисобгири дар макомоти андоз инхоро пешбини менамояд:

– бахисобгирии шахси вокеи;

– бахисобгирии шахси хукуки, вохидхои алохидаи он;

-бахисобгирии филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричи, инчунин муассисаи доимии шахси хукукии хоричи;

-бахисобгирии намояндагихои дипломати ва намояндагихои ба онхо баробаркардашудаи давлатхои хоричие, ки дар Чумхурии Точикистон аккредитатсия шудаанд;

-кайди андозсупорандагон ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мувофики тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур;

-бахисобгирии андозсупоранда ба сифати андозсупорандаи электрони;

-бахисобгирии андозсупоранда дар махалли чойгиршавии объекти андозбанди ва (ё) объекте, ки бо андозбанди алокаманд аст.

  1. Дар асоси иттилооти бахисобгири макоми ваколатдори давлати Фехристи ягонаи давлатии андозсупорандагонро (минбаъд – фехрист) пеш мебарад.
  2. Пеш бурдани фехрист инхоро дар бар мегирад:

– ворид намудани маълумот дар бораи андозсупорандагон;

-тагйир додан ва (ё) илова намудани маълумоти бахисобгирии андозсупорандагон;

-хорич намудани маълумот дар бораи андозсупорандагон.

  1. Хуччате, ки ба хисоб гузоштани андозсупорандаро дар макомоти андоз тасдик менамояд, Шаходатнома дар бораи гузоштани раками мушаххаси андозсупоранда мебошад.
  2. Ба хисоб гузоштан ва аз хисоб баровардан дар макомоти андоз ройгон амали карда мешавад.
  3. Бахисобгири дар макомоти андоз чунин амали карда мешавад:

1) Дар махалли истикомати (бакайдгирии) шахси вокеи дар асоси аризаи шахси вокеи, ки ба макомоти андоз дар мухлати мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход карда шудааст ва (ё) дар асоси иттилооте, ки аз чониби макомоти дахлдори давлати пешниход шудааст.

2) Дар махалли чойгиршавии шахси хукуки, дар махалли чойгиршавии вохидхои алохидаи он, инчунин дар махалли чойгиршавии молу мулк ва воситаи наклиёти ба у тааллукдошта, ки бояд андозбанди шаванд.

3) Шахси хукуки – гайрирезидент, ки фаъолияташро тавассути муассисаи доими бе таъсис додани филиал ё намояндаги амали менамояд, дар махалле, ки хангоми ба хисоб гузоштан ариза додааст:

а) дар махалли бакайдгирии давлатии андозсупоранда, ки ваколатхои намояндагии доимии ин гайрирезидентро амали менамояд;

б) дар махалли бакайдгирии давлатии андозсупоранда, ки ваколатхои агенти андозро оид ба пардохт намудани андозхо аз манбаи пардохти даромадхои гайрирезидент дар Чумхурии Точикистон амали менамояд.

4) Шахси вокеи – гайрирезидент (аз чумла шахси бешахрванд) дар махалли истикомати (будубоши) муваккатиаш дар Чумхурии Точикистон, ки дар варакаи мухочирати хамин шахси вокеи нишон дода шудааст. Агар тибки мукаррароти санади хукукии байналмилали мавчудияти варакаи мухочирати пешбини нашуда бошад, пас махалли будубоши шахси вокеи – гайрирезидент дар Чумхурии Точикистон махалле эътироф мешавад, ки дар аризаи ба макомоти андоз пешниходшуда нишон дода шудааст.

5) Шахси вокеи ё хукуки, аз чумла гайрирезиденте, ки фаъолияташ мутобики сархати панчуми кисми 4 моддаи 13  Кодекси мазкур хамчун муассисаи доимии шахси хукуки – гайрирезидент барраси карда мешавад, ухдадор аст дар давоми 10 рузи таквими аз санаи ба имзо расонидани созишнома (шартнома, карордод) бо шарики худ ё дар давоми 10 рузи таквими аз санаи амалан огоз намудани чунин фаъолият бо максади ба шахси хукуки – гайрирезидент додани раками мушаххаси андозсупоранда ба макомоти андоз дар бораи ба хисоб гузоштани  шарикаш-шахси хукуки-гайрирезидент ариза пешниход намояд.

6) Санаи огози амали намудани фаъолияти гайрирезидент дар Чумхурии Точикистон яке аз рузхои зерин эътироф мешавад:

а) рузи бастани карордод (шартнома, созишнома);

– барои ичрои корхо (хизматрасонихо) дар Чумхурии Точикистон;

– барои додани ваколати аз номи вай (гайрирезидент) амал намудан дар Чумхурии Точикистон;

– барои ба даст овардани молхо дар Чумхурии Точикистон бо максади тахвили минбаъдаи онхо;

– барои амали намудани фаъолияти якчоя (иштирок намудан дар ширкати одди);

– барои ба даст овардани корхо (хизматрасонихо) бо максади амали намудани фаъолият дар Чумхурии Точикистон;

б) санаи бастани шартномаи (карордоди) мехнати ё дигар шартномаи дорои хусусияти гражданиихукуки бо шахси вокеи дар Чумхурии Точикистон;

в) санаи бастани шартнома (шартномаи хариду фуруш, шартнома дар бораи ичораи молу мулк), ки ба кушодани идора (офис) ишора мекунад;

г) дар холати мавчуд будани якчанд шарти хамин кисм, рузи огози фаъолият дар Чумхурии Точикистон рузи аз карордодхои (шартномахои, созишномахои) пешбинишуда бастани якуминаш (аз хама аввалинаш) ба хисоб меравад.

7) Намояндагихои дипломати ва намояндагихои ба онхо баробаркардашудаи давлатхои хоричи, ки дар Чумхурии Точикистон аккредитатсия шудаанд, дар махалли чойгиршавии намояндагихои дипломати ва ба онхо баробаркардашуда дар асоси ариза ва (ё) иттилооти аз Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон гирифташуда.

  1. Бахисоб гузоштани шахсони вокеи ва хукуки – гайрирезидентхо, ки фаъолияташонро дар Чумхурии Точикистон бе таъсис додани филиал, намояндаги амали менамоянд, асос барои аз чониби онхо мустакилона пардохт намудани андозхо шуда наметавонад, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро мукаррар накарда бошад.
  2. Макомоти андоз ба фехрист маълумоти зеринро ворид менамоянд:

– дар бораи шахси вокеи, аз чумла шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд – дар махалли истикомат ва (ё) будубоши муваккатии у;

-дар бораи шахси хукуки – резидент, филиал ва намояндагии он, филиал ва намояндагии шахси хукуки – гайрирезидент – дар махалли чойгиршавии он;

-дар бораи шахси хукуки – гайрирезиденте, ки фаъолияташро дар Чумхурии Точикистон таввасути муассисаи доими бе таъсис додани филиал, намояндаги амали менамояд – дар махалли агенти вобаста – шахсе, ки ваколатхои муассисаи доимии гайрирезидентро амали менамояд;

-дар бораи шахси вокеи ва хукуки – гайрирезиденте, ки когазхои киматнок, хиссаи иштирок, молу мулки гайриманкулро дар Чумхурии Точикистон мехарад (мефурушад) – дар махалли чойгиршавии ин молу мулк  ва (ё) резиденте, ки ваколати пешбарандаи фехристи сохибмулкони когазхои киматнок ва (ё) хиссаи иштироки зикргардидаи резидентеро, ки дар Чумхурии Точикистон молу мулки гайриманкулро мехарад (мефурушад);

-дар бораи намояндагии дипломати ва намояндагии ба он баробаркардашудаи давлати хоричи, ташкилоти байналмилалии дар Чумхурии Точикистон аккредитатсияшуда – дар махалли чойгиршавии намояндагии дипломати ва намояндагии ба он баробаркардашуда, ташкилоти байналмилали;

-дар бораи гайрирезиденте, ки фаъолияташро бе таъсис додани филиал, намояндаги таввасути муассисаи доими амали менамояд – дар махалли бакайдгирии шахсе, ки ваколатхои муассисаи доимии гайрирезидентро амали менамояд;

-дар бораи гайрирезиденте, ки дар ташкилотхои карзи – резидентон хисоб мекушояд – дар махалли чойгиршавии ташкилоти карзи –  резидент (агенти андоз);

-дар бораи воситахои наклиёти хавои ва дигар воситахои наклиёт – дар махалли чойгиршавии молики онхо;

-дар бораи молу мулки гайриманкул, китъахои замин – дар махалли амалан вокеии онхо.

  1. Ба фехрист маълумот дар бораи шахси вокеи хангоми ба синни 16-солаги расиданаш дар асоси аризаи ин шахс ворид карда мешавад. Дар холати ба вучуд омадани ухдадории андозии шахси вокеии ба синни 16-солаги нарасида, ба фехристи андозсупорандагон, инчунин маълумот дар бораи агенти андози (намояндаи конуни ё ваколатдори) ин шахс низ ворид карда мешавад.
  2. Ба фехрист ворид намудани маълумот дар бораи шахсоне, ки мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» аз кайди давлати гузаштаанд, тибки тартиби зерин амали карда мешавад:

-маълумоти ибтидои – дар чараёни бакайдгирии давлати;

-маълумоти бакайдгири (маълумот дар бораи оинномаи шахси хукуки, низомномаи филиал ва намояндагии шахси хукуки – резидент ё гайрирезидент) – дар давоми 30 рузи кори пас аз санаи бакайдгирии давлати дар асоси иттилооти андозсупоранда;

-дигар маълумоти барои назорати андоз зарур – дар давоми 5 рузи кори пас аз ба вучуд омадани холатхои дахлдор (кушодани хисобхо дар ташкилотхои карзи, гирифтани ичозатнома ё консессия,  фаъолият дар минтакаи озоди иктисоди ва дигар иттилоот тибки Кодекси мазкур) дар асоси иттилооти андозсупоранда.

  1. Аризаи дигар шахсони хукуки, филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричие, ки дар кисми 9 хамин моддапешбини нашудаанд, дар бораи ба хисоб гузоштани онхо ба сифати андозсупорандагон ва (ё) объекти андозбанди ва (ё) объекте, ки бо андозбанди алокаманд мебошад, ба макомоти андози махалли чойгиршавии онхо дар давоми 30 рузи кори пас аз гузаронидани бакайдгирии давлати (пас аз огози фаъолияти гайрирезидент) пешниход карда мешавад.
  2. Ариза дар бораи тагйир додани маълумот дар бораи бакайдгирии шахсоне, ки дар кисми 9 хамин моддапешбини нашудаанд, ба макомоти андози махалли бахисобгирии онхо дар давоми 10 рузи таквими пешниход карда мешавад.
  3. Дар холати бархамдихии (катъ гардидани фаъолият, азнавташкилдихии) шахсоне, ки дар кисми 13хамин моддапешбини нашудаанд, фавт ё махдуд кардани кобилияти амал аз чониби шахси вокеи, аз бахисобгирии андози барвардан аз чониби макомоти дахлдори андоз дар асоси маълумоти воридшуда анчом дода мешавад.
  4. Ариза дар бораи бахисобгирии молу мулки гайриманкул, воситахои наклиёт ва дигар объектхои андозбанди ё объектхои бо андозбанди алокаманд дар махалли чойгиршавиашон аз чониби андозсупоранда дар давоми 10 рузи пас аз ба вучуд омадани холатхои дахлдор пешниход карда мешавад.
  5. Дар холати барои андозсупоранда ба вучуд омадани мушкилихои вобаста ба муайян намудани махалли ба хисоб гузоштан, дар асоси иттилооти пешниходнамудаи у макомоти андози махалли истикомати шахси вокеи ё махалли чойгиршавии андозсупоранда – шахси хукуки карори дахлдор кабул менамоянд.
  6. Макомоти андоз хукук доранд дар асоси далелхо ва маълумоти дар ихтиёрдоштаашон, ки аз чониби макомоти дахлдори давлати ба онхо пешниход шудаанд, инчунин иттилооти ба онхо дастрасшуда, ки барои максадхои бахисобгири зарур ва кифоя мебошад, мустакилона (то лахзаи аз чониби андозсупоранда пешниход намудани ариза) ба бахисобгири гузоштани андозсупорандагонро дар макомоти андоз таъмин намоянд.
  7. Бахисобгирии андозсупоранда дар давоми 3 рузи кори амали карда мешавад.
  8. Фаъолият бидуни бахисобгири ба сифати андозсупоранда дар макомоти андоз метавонад мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои ба чавобгари кашидан асос шавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …