Главная / Ҷамъият / Баҳисобгирии андозсупорандагон

Баҳисобгирии андозсупорандагон

Моддаи 25-и Кодекси Андоз. Баҳисобгирии андозсупорандагон

  1. Бо мақсадҳои таъмини назорати андоз ҳамаи андозсупорандагон бояд дар мақомоти андоз ба баҳисобгирӣ (ба қайди андозӣ) гузошта шаванд.
  2. Андозсупорандагон, агентҳои андоз, аз ҷумла воҳидҳои алоҳидаи таъсиснамудаи онҳо (филиалҳо, намояндагиҳо, муассисаҳои доимӣ ва ғайра), инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни16-солагӣ расидаанд, бояд дар мақомоти андоз ба ҳисобгирифта шаванд.
  3. Баҳисобгирӣ тибқи асосҳои зерин амалӣ карда мешавад:

-аризаи хаттии андозсупоранда ё намояндаи ваколатдори (қонунии) вай;

– иттилооти мақоми ваколатдор ва (ё) дигар мақомот;

-иттилооти ташкилоти қарзӣ;

– иттилооти мақомоти ҳудудии андоз.

  1. Баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз инҳоро пешбинӣ менамояд:

– баҳисобгирии шахси воқеӣ;

– баҳисобгирии шахси ҳуқуқӣ, воҳидҳои алоҳидаи он;

-баҳисобгирии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;

-баҳисобгирии намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;

-қайди андозсупорандагон ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мувофиқи тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур;

-баҳисобгирии андозсупоранда ба сифати андозсупорандаи электронӣ;

-баҳисобгирии андозсупоранда дар маҳалли ҷойгиршавии объекти андозбандӣ ва (ё) объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд аст.

  1. Дар асоси иттилооти баҳисобгирӣ мақоми ваколатдори давлатӣ Феҳристи ягонаи давлатии андозсупорандагонро (минбаъд – феҳрист) пеш мебарад.
  2. Пеш бурдани феҳрист инҳоро дар бар мегирад:

– ворид намудани маълумот дар бораи андозсупорандагон;

-тағйир додан ва (ё) илова намудани маълумоти баҳисобгирии андозсупорандагон;

-хориҷ намудани маълумот дар бораи андозсупорандагон.

  1. Ҳуҷчате, ки ба ҳисоб гузоштани андозсупорандаро дар мақомоти андоз тасдиқ менамояд, Шаҳодатнома дар бораи гузоштани рақами мушаххаси андозсупоранда мебошад.
  2. Ба ҳисоб гузоштан ва аз ҳисоб баровардан дар мақомоти андоз ройгон амалӣ карда мешавад.
  3. Баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз чунин амалӣ карда мешавад:

1) Дар маҳалли истиқомати (бақайдгирии) шахси воқеӣ дар асоси аризаи шахси воқеӣ, ки ба мақомоти андоз дар мўҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст ва (ё) дар асоси иттилооте, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод шудааст.

2) Дар маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, дар маҳалли ҷойгиршавии воҳидҳои алоҳидаи он, инчунин дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулк ва воситаи нақлиёти ба ў тааллуқдошта, ки бояд андозбандӣ шаванд.

3) Шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент, ки фаъолияташро тавассути муассисаи доимӣ бе таъсис додани филиал ё намояндагӣ амалӣ менамояд, дар маҳалле, ки ҳангоми ба ҳисоб гузоштан ариза додааст:

а) дар маҳалли бақайдгирии давлатии андозсупоранда, ки ваколатҳои намояндагии доимии ин ғайрирезидентро амалӣ менамояд;

б) дар маҳалли бақайдгирии давлатии андозсупоранда, ки ваколатҳои агенти андозро оид ба пардохт намудани андозҳо аз манбаи пардохти даромадҳои ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

4) Шахси воқеӣ – ғайрирезидент (аз ҷумла шахси бешаҳрванд) дар маҳалли истиқомати (будубоши) муваққатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар варақаи муҳоҷирати ҳамин шахси воқеӣ нишон дода шудааст. Агар тибқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ мавҷудияти варақаи муҳоҷиратӣ пешбинӣ нашуда бошад, пас маҳалли будубоши шахси воқеӣ – ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалле эътироф мешавад, ки дар аризаи ба мақомоти андоз пешниҳодшуда нишон дода шудааст.

5) Шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла ғайрирезиденте, ки фаъолияташ мутобиқи сархати панҷуми қисми 4 моддаи 13  Кодекси мазкур ҳамчун муассисаи доимии шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент баррасӣ карда мешавад, ўҳдадор аст дар давоми 10 рўзи тақвимӣ аз санаи ба имзо расонидани созишнома (шартнома, қарордод) бо шарики худ ё дар давоми 10 рўзи тақвимӣ аз санаи амалан оғоз намудани чунин фаъолият бо мақсади ба шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент додани рақами мушаххаси андозсупоранда ба мақомоти андоз дар бораи ба ҳисоб гузоштани  шарикаш-шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент ариза пешниҳод намояд.

6) Санаи оғози амалӣ намудани фаъолияти ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рўзҳои зерин эътироф мешавад:

а) рўзи бастани қарордод (шартнома, созишнома);

– барои иҷрои корҳо (хизматрасониҳо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– барои додани ваколати аз номи вай (ғайрирезидент) амал намудан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– барои ба даст овардани молҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳвили минбаъдаи онҳо;

– барои амалӣ намудани фаъолияти якҷоя (иштирок намудан дар ширкати оддӣ);

– барои ба даст овардани корҳо (хизматрасониҳо) бо мақсади амалӣ намудани фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) санаи бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё дигар шартномаи дорои хусусияти гражданииҳуқуқӣ бо шахси воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) санаи бастани шартнома (шартномаи хариду фурўш, шартнома дар бораи иҷораи молу мулк), ки ба кушодани идора (офис) ишора мекунад;

г) дар ҳолати мавҷуд будани якчанд шарти ҳамин қисм, рўзи оғози фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи аз қарордодҳои (шартномаҳои, созишномаҳои) пешбинишуда бастани якуминаш (аз ҳама аввалинаш) ба ҳисоб меравад.

7) Намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, дар маҳалли ҷойгиршавии намояндагиҳои дипломатӣ ва ба онҳо баробаркардашуда дар асоси ариза ва (ё) иттилооти аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда.

  1. Баҳисоб гузоштани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ғайрирезидентҳо, ки фаъолияташонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсис додани филиал, намояндагӣ амалӣ менамоянд, асос барои аз ҷониби онҳо мустақилона пардохт намудани андозҳо шуда наметавонад, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
  2. Мақомоти андоз ба феҳрист маълумоти зеринро ворид менамоянд:

– дар бораи шахси воқеӣ, аз ҷумла шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд – дар маҳалли истиқомат ва (ё) будубоши муваққатии ў;

-дар бораи шахси ҳуқуқӣ – резидент, филиал ва намояндагии он, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент – дар маҳалли ҷойгиршавии он;

-дар бораи шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезиденте, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таввасути муассисаи доимӣ бе таъсис додани филиал, намояндагӣ амалӣ менамояд – дар маҳалли агенти вобаста – шахсе, ки ваколатҳои муассисаи доимии ғайрирезидентро амалӣ менамояд;

-дар бораи шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ғайрирезиденте, ки коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок, молу мулки ғайриманқулро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мехарад (мефурўшад) – дар маҳалли ҷойгиршавии ин молу мулк  ва (ё) резиденте, ки ваколати пешбарандаи феҳристи соҳибмулкони коғазҳои қиматнок ва (ё) ҳиссаи иштироки зикргардидаи резидентеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулки ғайриманқулро мехарад (мефурўшад);

-дар бораи намояндагии дипломатӣ ва намояндагии ба он баробаркардашудаи давлати хориҷӣ, ташкилоти байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда – дар маҳалли ҷойгиршавии намояндагии дипломатӣ ва намояндагии ба он баробаркардашуда, ташкилоти байналмилалӣ;

-дар бораи ғайрирезиденте, ки фаъолияташро бе таъсис додани филиал, намояндагӣ таввасути муассисаи доимӣ амалӣ менамояд – дар маҳалли бақайдгирии шахсе, ки ваколатҳои муассисаи доимии ғайрирезидентро амалӣ менамояд;

-дар бораи ғайрирезиденте, ки дар ташкилотҳои қарзӣ – резидентон ҳисоб мекушояд – дар маҳалли ҷойгиршавии ташкилоти қарзӣ –  резидент (агенти андоз);

-дар бораи воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва дигар воситаҳои нақлиёт – дар маҳалли ҷойгиршавии молики онҳо;

-дар бораи молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин – дар маҳалли амалан воқеии онҳо.

  1. Ба феҳрист маълумот дар бораи шахси воқеӣ ҳангоми ба синни 16-солагӣ расиданаш дар асоси аризаи ин шахс ворид карда мешавад. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани ўҳдадории андозии шахси воқеии ба синни 16-солагӣ нарасида, ба феҳристи андозсупорандагон, инчунин маълумот дар бораи агенти андози (намояндаи қонунӣ ё ваколатдори) ин шахс низ ворид карда мешавад.
  2. Ба феҳрист ворид намудани маълумот дар бораи шахсоне, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз қайди давлатӣ гузаштаанд, тибқи тартиби зерин амалӣ карда мешавад:

-маълумоти ибтидоӣ – дар ҷараёни бақайдгирии давлатӣ;

-маълумоти бақайдгирӣ (маълумот дар бораи оинномаи шахси ҳуқуқӣ, низомномаи филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқӣ – резидент ё ғайрирезидент) – дар давоми 30 рўзи корӣ пас аз санаи бақайдгирии давлатӣ дар асоси иттилооти андозсупоранда;

-дигар маълумоти барои назорати андоз зарур – дар давоми 5 рўзи корӣ пас аз ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дахлдор (кушодани ҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, гирифтани иҷозатнома ё консессия,  фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ ва дигар иттилоот тибқи Кодекси мазкур) дар асоси иттилооти андозсупоранда.

  1. Аризаи дигар шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷие, ки дар қисми 9 ҳамин моддапешбинӣ нашудаанд, дар бораи ба ҳисоб гузоштани онҳо ба сифати андозсупорандагон ва (ё) объекти андозбандӣ ва (ё) объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд мебошад, ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии онҳо дар давоми 30 рўзи корӣ пас аз гузаронидани бақайдгирии давлатӣ (пас аз оғози фаъолияти ғайрирезидент) пешниҳод карда мешавад.
  2. Ариза дар бораи тағйир додани маълумот дар бораи бақайдгирии шахсоне, ки дар қисми 9 ҳамин моддапешбинӣ нашудаанд, ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии онҳо дар давоми 10 рўзи тақвимӣ пешниҳод карда мешавад.
  3. Дар ҳолати барҳамдиҳии (қатъ гардидани фаъолият, азнавташкилдиҳии) шахсоне, ки дар қисми 13ҳамин моддапешбинӣ нашудаанд, фавт ё маҳдуд кардани қобилияти амал аз ҷониби шахси воқеӣ, аз баҳисобгирии андозӣ барвардан аз ҷониби мақомоти дахлдори андоз дар асоси маълумоти воридшуда анҷом дода мешавад.
  4. Ариза дар бораи баҳисобгирии молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳои андозбандӣ ё объектҳои бо андозбандӣ алоқаманд дар маҳалли ҷойгиршавиашон аз ҷониби андозсупоранда дар давоми 10 рўзи пас аз ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дахлдор пешниҳод карда мешавад.
  5. Дар ҳолати барои андозсупоранда ба вуҷуд омадани мушкилиҳои вобаста ба муайян намудани маҳалли ба ҳисоб гузоштан, дар асоси иттилооти пешниҳоднамудаи ў мақомоти андози маҳалли истиқомати шахси воқеӣ ё маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда – шахси ҳуқуқӣ қарори дахлдор қабул менамоянд.
  6. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд дар асоси далелҳо ва маълумоти дар ихтиёрдоштаашон, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ба онҳо пешниҳод шудаанд, инчунин иттилооти ба онҳо дастрасшуда, ки барои мақсадҳои баҳисобгирӣ зарур ва кифоя мебошад, мустақилона (то лаҳзаи аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод намудани ариза) ба баҳисобгирӣ гузоштани андозсупорандагонро дар мақомоти андоз таъмин намоянд.
  7. Баҳисобгирии андозсупоранда дар давоми 3 рўзи корӣ амалӣ карда мешавад.
  8. Фаъолият бидуни баҳисобгирӣ ба сифати андозсупоранда дар мақомоти андоз метавонад мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидан асос шавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …