БУЗГУНЧ, бузгинч, гунч, чинчак, галла, як навъ омоси узвхои растаниро гуянд, ки дар натичаи аз таъсири оби дахони ангезандахо (бактерияхо, кирму кана) зуд таксим ва калон шудани хучайрахои паренхима ба вучуд меояд. Б. барои ангезандахо мухити гизо ва сукунат аст. такр. 15 хаз. Б.-хои гуногуншакл маълуманд, ки бештар дар узвхои наврасу решаи растанихо, аз чумла дарахтони мева (себ, нок, писта, ток ва г.) ба вучуд меоянд. Б.-хо шакл, ранг ва хачми хеле гуногун доранд ва ангезандаи онхоро аз руи аломатхо муайян кардан мумкин аст. Б.-хо халтачашакл, дилшакл ва муймонанд мешаванд. Б. аз бофтахои мукаррари бо оби бисёр, моддахои гизоии захирави ва моддахои рангкунанда фарк мекунад. Б.-и барг боиси зуд хушкидани он мешавад; Б.-и шоху навда сабзиши онхоро бозмедорад. Б. ба гизогирии муътадили растани халал расонда, боиси махви он мегардад.
Б.-хо дар баробари зарар ахамият низ доранд. Б.-и писта, булут, татум ва г. дар рангубор ва даббоги ба кор меравад. Аз Б.-и писта барои рангубори гилем ранги пушти мегиранд. Аз хар бех писта то 12 кг Б.-и хушк мегундоранд.
Табибони халки Б.-и бехтаро чун давои исхол ва захми узвхои хозима истифода мебаранд. Онхо нушидани чойи Б.-ро бо канд ё асал давои таквиятбахш мехисобанд. Як кошук Б.-ро дар 1 л об 5 дак. чушонда сипас полонда мегиранд (барои тарбанди мухим аст). Хоса Б.-хои сабз ва норасида ахамияти бештар доранд. Б.-и барги булут якчоя бо сирко давои дарди дандон ва гуш мебошад. Онро табибони халки барои дармони кафидагии лаб, сили шуш, сухтагии пуст, беморихои чашм, исхол ва хуншори, хушконидани обияти бачадон, табобати экзема, шукуфа, саромос, кафидагии пусти дасту по, хунравии бачадон, меъда, бавосир ва г. тавсия медиханд.
Б. барои пешобдон зарар дорад. Бинобар ин онро ба як маротиб аз 3 г зиёд истеъмол кардан чоиз нест.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …