Главная / Илм / БРОНХИТ

БРОНХИТ

bronhitБРОНХИТ (Bronchitis), илтихоби бронххо (найчахои шуш); яке аз маъмултарин иллати узвхои нафас. Чараёни бемори шадид ва музмин мешавад.
Б.-и шадид, одатан, хусусияти сирояти дошта, аксаран боиси газаки бини (зуком), халкум (фарингит), ханчара (ларингит), хирной (трахеит) мегардад. Б. дар натичаи хунук хурдани организм, якбора тагйир ёфтани обу хаво ва аз намии зиёд (асосан дар фаслхои бахору тирамох) ба вучуд меояд. Ба пайдоиши бемори кашидани тамоку, истеъмоли нушокихои спирти ва бемадории организм (дар натичаи ягон бемории музмин) мусоидат мекунанд. Дар баъзе мавридхо Б. аз таъсири газхои захрнок, равгани эфир, чангу губор ва г. низ инкишоф меёбад.
Б.-и шадид аз бехолии умуми сар зада, мушакхо ба дард медароянд, зуком, нафастанги ва минбаъд сулфаи сахт пайдо мешавад. Бемор кам – кам балгами сабзтоб ихроч мекунад, гохо харорати бадан баланд мешавад. Одатан, Б.-и шадид дар давоми чанд руз бо шифои пурра ба охир мерасад. Вале баъзан он дуру дароз давом карда, ба Б.-и музмин табдил меёбад. Чараёни бемори дар кудакон ва одамони солхурда басо вазнин буда, окибат ба газаки шуш мубаддал мегардад.
Б.-и музмин дар натичаи дурудароз давом кардани Б.-и шадид ва табобати нопурраи он, инчунин аз бехолии организм сар мезанад. Он метавонад дар натичаи бемории роххои болои нафас ва ангезиши луобпардаи бронххо низ инкишоф ёбад. Иллати бини, халку димог, тамоку кашидан ва шаробхори боиси Б.-и музмин мешавад.
Хангоми Б.-и музмин илтихоб кабати девораи бронххо ва бофтахои атрофро пурра фаро гирифта, дар баробари кашол ёфтани бемори ба пайдоиши оризахои ногувор, монанди бронхоэктаз, эмфиземаи шуш, газаки шуш мусоидат мекунад.
Агар бемори аз нав авч гирад, маризро сурфаи доими ва ихрочи балгами тираи сабз озор медихад. Дар сари сина дард пайдо гашта, он хангоми чукур нафас кашидан, сулфидан, нафастанги, кори вазнини чисмони, рохрави, ба баланди баромадан ва хатто дар вакти истирохат зиёд мешавад. Дар мавриди ба зики нафас шабохат доштани Б.-и музмин, нафастанги зуд-зуд хуруч меёбад; фарки асосии он дар душвор будани нафасбарори аст. Харорати бадан то 37,5 – 380 баланд мешавад. Дар давраи хотимаи бемори аломатхои зикрёфта бархам мехуранд. Авчи Б. ба фасли хунуки сол рост омада, бо диг. беморихо якчоя мегузарад. Фарчоми даврахои аввали Б.-и музмин чандон бад нест.
Хангоми муоличаи Б.-и шадид ба таври катъи риоя намудани тавсия ва таъиноти духтур зарур аст, дар акси хол Б.-и шадид ба Б.-и музмин мегузарад. Вобаста ба шакл ва мархалаи Б.-и шадид дорухои гуногунро истеъмол мекунанд. Чунин тавсияхо, ба монанди риояи низоми кору зиндаги, истеъмоли хуроки сергизо, нушокии гарм (чой бо мураббои тамашк, шир бо сода ё оби минерали), нафасгири аз буги картошкаи обпаз, обзанхои хардали барои пой ва г. ахволи беморро бехтар мекунанд.
Б.-и музмин аз руи таъиноти духтур табобат карда мешавад. Дар аснои вазнин чараён гирифтани бемори табобатро дар касалхона мегузаронанд.
Гайр аз дору, нигохубини хуби бемор низ ахамияти калон дорад. Чои хоби бемор бояд гарм, хушк ва хавояш тоза бошад. Дар вакти тоза кардани хавои хона (дар фасли зимистон) пушти маризро ба тарафи тиреза гардонда, болояшро бо курпа нагз мепушонанд, то ки аз таъсири хавои хунук сулфа ва нафастанги авч нагирад. Дар мавриди аз хад зиёд хушк будани хавои хона дар назди манбаи гарми зарфи обдор гузоштан лозим аст. Хангоми сахт сулфидан ё нафастанги дастони беморро ба кат ё курси такя кунонда мешинонанд. Баъзан нафасгирии чукур ва нафасбарории кутох ба чудо гаштани балгам ёри мерасонад. Балгамро ба туфдони алохидае, ки сеяк хиссаи онро бо махлули 5%-и хлорамин пур мекунанд, туф кардан лозим аст.
Дар давраи авчи илтихоб гизо бояд ба микдори кофи витамин ва сафедаи хайвонот дошта бошад, чунки организм хангоми барзиёд чудо шудани балгам сафедаи бисёр гум мекунад. Таом бояд мувофики хохиши бемор гуногун ва сергизо бошад; истеъмоли хуроки тунду тез, шур, очор, кайла тавсия намешавад. Гузаронидани варзиши шифоии махсус имкон медихад, ки нафаскашии дуруст ва чукур (бо иштироки хамаи мушакхои нафаскаши) баркарор гардад. Ба машки нафасбарори диккати махсус медиханд ва онро тахти рохбарии методисти варзиши шифои ичро мекунанд. Ба мардуми шахрнишин сайругашт дар беруни шахр хеле муфид аст. Дар давраи оромии Б.-и музмин бештар муоличаи санаторию курорти тавсия мешавад.
Обутоби организм Б.-ро пешгири мекунад. Сайругашт дар хавои тоза организмро ба тагийри иклим устувор мегардонад; протседурахои оби бошанд, мукобилати организмро ба бемории сирояти зиёд мекунанд. Дар вакти обутоб додан, хусусиятхои фардии организмро ба назар гирифта, протседурахоро ботадрич ва мунтазам мегузаронанд. Барои беморони гирифтори Б.-и музмин обутобро аз ваннахои хавои сар мекунанд. Баъди мутобик гаштан ба чунин протседурахо ба масхи бадан (аввал бо сачоки таре, ки гичим карда шудааст; сони бо сачоки тар) мегузаранд. Пас аз ин ба бадан рехтани оби харораташ 30 – 320 (баъдтар хар 2 – 3 руз харорати обро 10 кам карда, то харорати оби водопровод мерасонанд) судманд аст. Дар хавои тоза бо спорт машгул шудан низ фоида дорад. Дар пешгирии Б. саривакт муолича кардани зуком, тонзиллит, газаки чавфхои иловагии бини, тоза нигох доштани хаво ахамияти калон дорад.

У.Р. Расулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …