Главная / Илм / БОТУЛИЗМ

БОТУЛИЗМ

botulizmБОТУЛИЗМ (Botulismus; аз botulus – хасиб, колбаса), захролудии шадиди сирояти аз хурок. Б.- ро аллантиазис ё ихтиизм низ меноманд. Б. бемории вазнин буда, бинобар аз таъсири ботулотоксин осеб ёфтани магзи дарозруя ва хароммагз пайдо мешавад. Б. бештар бо бартарии синдроми фалачи чашм ва майнаи дарозруя чараён мегирад. Ангезаи Б. Clostridium botulinum буда, дар мухити беоксиген (ниг. Анаэробхо) зиндаги ва спораву захри котил (вояи марговари он барои одам такр. 0,3 мкг аст) хосил мекунад. Хамаги 7 навъи ангезаи Б. вучуд дорад: А, В, С (Сα ва Сβ), D, E, F, G. Онхо аз чихати хосияти морфологи монанд мебошанд, вале сохтори антигении захрашон гуногун аст. Барои инсон хусусан ангезахои навъи А, В ва Е хавф доранд. Хангоми гарм кардан, ботулотоксин тачзия ва дар натичаи чушондан, зуд махв мешавад; он дар мухити ишкори (pH зиёда аз 8) тачзия мегардад. Ба ботулотоксин намаки оши таъсир намерасонад; он зери таъсири формалин ба анатоксин табдил меёбад. Спорахои ангезанда хангоми чушонидан то 5 соат ва дар харорати 1050С то 2 соат махфуз хоханд монд (онхо факат дар харорати 1200С баъди 20 дакика махв мешаванд).
Ангезандахои Б. ва захри онхо ба организми одам дар мавриди истеъмоли гизои сироятёфта ворид мешаванд. Дар меъда захр зери таъсири ферментхо пуртаъсир мегардад. Таъсири якбораи чанд навъи ангезахо ба таквияти захролуди мусоидат хохад кард.
Ботулотоксин тавассути луобпардаи меъда ва руда ба хун гузашта, боиси фалачи мушакхои суфта, танг ва минбаъд фалач гаштани рагхои хун, мурд шудани мурагхо (капиллярхо) мешавад. Ба таъсири ботулотоксин хусусан нейронхои мухаррики хароммагз ва магзи дарозруя хассос мебошанд. Ботулотоксин ихрочи атсетилхолинро дар нуги асабхои холинерги катъ карда, бо хамин ба инкишофи фалачи асабхои канори мусоидат менамояд.
Яке аз хусусиятхои Б. гипоксия аст. Сабаби рух намудани иллати шадиди нафасгири хароб гаштани фаъолияти мотонейронхои калон, ки мушакхои аъзои нафасро бо асаб таъмин менамоянд, ба шумор меравад. Гипоксия дар натичаи ба бронххо рох ёфтани маводи кай, оби дахон ва хурок, ки бинобар фалачи мушакхои гулу, халкум ва гадуди болои ханчара сар мезанад, метавонад чараёни вазнин касб кунад.
Давраи нихонии Б. аз 2 – 12 соат то 7 шаборуз аст. Маризи ба таври шадид огоз меёбад. Сари дил дард карда, дилбехузури, кай, исхол пайдо мешавад; кай ва исхол, ки натичаи токсинемия мебошанд, чандон зиёд давом намекунанд. Харорати бадан муътадил аст; бемор хаста ва мушакхо заиф хоханд шуд. Баъди 3 – 4 соати огози бемори аломатхои осеби асабхои магзи сар ба назар мерасанд.
Бисёр вакт аломати аввалини Б. хушк шудани дахон ва тира гаштани чашм аст. Пеши чашми маризро «парда» ё «туман» мегирад. у бинобар фалачи татобук ва дубини китоб хонда наметавонад. Аксуламал ба рушнои суст ё умуман нест мешавад, гузаи чашм бехаракат ва пилки боло овезон гашта, ахвали рух менамояд. Овоз мегирад, суханрони нофахмо ва тавассути бини хохад шуд. Бинобар фалачи мушакхои халкум ва коми нарм бемор хурокро фуру бурда наметавонад, гизои обаки аз биниаш меояд.
Б. боиси ихтилоли кори силсилаи дилу рагхо мешавад. Нишонахои ихтилоли фаъолияти узвхои хозима хушкидани дахон, ташнагии токатфарсо, дамиши шикам, кабзият ва фалачи руда мебошанд. Мариз бо душвори нафас мегирад, гумон мекунад, ки ба сандуки синааш фишор меоранд, барои осон шудани нафасгири мавкеи мувофик мечуяд. Яке аз сабабхои асосии фавти беморон хангоми Б. махз катъи нафасгири аст. Инкишофи пневмония нафасгириро боз хам вазнинтар мегардонад. Давраи офият ёфтани бемор дуру дароз, такрибан 1 – 1,5 мох давом мекунад. Сардард, бо бини харф задан, осебхои чашм ва калб муддати зиёд боки мемонанд; астения то ним сол тул мекашад.
Окибати Б. чидди аст. Дар сурати саривакт ва дуруст табобат накардан, фавти маризон ба 25 фоиз мерасад.
Б.-ро дар асоси нишонахои сарири, маълумоти эпидемиологи ва натичахои санчиши лаборатори ташхис менамоянд. Ташхиси лаборатори ба ошкор сохтани ботулотоксин ва ангезандаи Б. дар маводи аз мариз ва хуроквори гирифта (хун, маводи кай, оби барои шустани меъда истифодашуда, ахлот) асос ёфтааст. Хунро аз варид (8 – 10 мл) то ба организм фиристодани зардоби шифобахш мегиранд.
Б.-ро аз дигар захрсироятхои гизои, захролуди аз занбуругхо, атропин, бемории гулузиндонак, полиомиелит ва амрози гуогуни силсилаи асабхои маркази бояд фарк кард. Маризон хатман дар беморхона хобонда мешаванд. Меъдаи беморро шуста ба у хукна (бо махлули 5 фоизаи гидрокарбонати натрий; 10 литр) таъйин мекунанд. Дар рузхои 1 – 3 бемори бо максади безарар сохтани ботулотоксин зардоби зидди Б. истифода карда мешавад.
Агар навъи захр номаълум бошад, пас фиристодани хар се навъи зардоб (А, В, Е) зарур аст. Дар аснои вазнин будани маризи, вояи аввали зардобро ба варид ва дар мавридхои дигар ба мушак мефиристанд. Нахуст 10 хаз. МЕ зардоби А ва Е ва 5 хаз. МЕ зардоби В равон карда мешавад. Вояхои минбаъдаро вобаста ба дарачаи вазнинии Б. ва инкишофи аломатхои он мукаррар менамоянд. Хамчунин истифодаи кристаллоидхо ва коллоидхо, дорухои пешоброн, дорухои дил, витаминхо низ равост.
Дар айни табобати Б. вазифаи асоси баркарор сохтани нафаскаши ва рафъ бинмудани гипоксия аст. Бо ин максад оксигеннатсияи гипербари (ГБО) кор фармуда мешавад. Агар мушакхои нафаскаши фалач ва зарфияти хаётии шуш то 30 фоиз кам шуда бошанд, хамчунин дар сурати варами шуш, ателектазахо, тахипноэ (тезнафаси; дар 1 дак. зиёда аз 40 маротиба) ба нафасдихии сунъи даст мезананд. Пневмония бо антибиотикхо дармон карда мешавад.
Назорати санитари хангоми тайёр кардани консервхо дар истехсолот аз мухимтарин тадбирхои пешгирии Б. мебошад. Зери таъсири харорати баланд (1200) спорахои микроб махв мегарданд. Азбаски чунин усули безараргардониро дар шароити хона ба амал овардан мумкин нест, консерв кардани гушту мохи дар чунин шароит хеле хатарнок аст. Занбуруг ва меваю сабзавотро дар шароити хона бо микдори кофии намаку сирко ва коркарди хатмии харорати консерв кардан лозим (ниг. Консервони). Консервхои аз сабзавоту занбуруг тахияшударо хамон лахза пеш аз истеъмол бо банкаашон дар об гузошта 10 – 15 дак. чушонед. Сабзавотхои майда пора кардаро дар шароити хона консерв кардан тавсия намешавад.
Холатхои ба Б. бештар гирифтор шудани одамон дар Точикистон аз солхои 70-уми а. 20 ибтидо мегирад. Дар беморхонахои шахру нохияхои чумхури соле даххо оила бо ташхиси бемории Б. бистари гардонда мешаванд, ки сабаби он истеъмоли консервхои сабзавоти, хусусан боимчон, бодиринг, занбуруг, сир, каламфур ва карам аст. Барои пешгирии Б. ба коидахои тайёр кардани консерв дар хона (хусусан коркарди харорати) ва нигахдории онхо катъи риоя кардан лозим аст. Консервхои сарпушашон дамида ва зангзадаро истеъмол кардан чоиз нест. Ниг. низ Нигахдории хуроквори.
Ад.: Камардинов Х.К., Беморихои сирояти, Д., 2000; Хамон муаллиф, Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009

Э.Р. Рахмонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …