Главная / Илм / БЕРНАР

БЕРНАР

bernar-klodБЕРНАР (Bernard) Клод (12.7.1813, Сен-Жюлен, наздики Вилфранш – 10.2. 1878, Париж), физиолог ва патологи франсави, яке аз асосгузорони физиологияи муосир ва патологияи тачрибави, аъзои АИ дар Париж (1854). С. 1839 Донишгохи Парижро хатм карда, дар лабораторияи Ф. Мажанди ба кор шуруъ кард, с. 1854 дар донишгохи мазкур рохбари кафедраи физиологияи умуми буд, с. 1686 рохбарии кафедраи физиологияи мукоисавиро дар Музеи таърихи табиатшиноси ба ухда дошт. С. 1843 китоби аввалинашро оид ба анатомия ва физиологияи асаби тарашшухи гадуди оби дахон ба табъ расонд; пажухишхои минбаъдааш ба фаъолияти гадуди зери меъда ва ахамияти он дар хазми равган, гликоген хосил кардани чигар, шираи меъда ва ахамияти он дар тагзия (рисолаи доктори) бахшида шудаанд. Б. мубодилаи ангиштобхоро омухта, исбот кард, ки дар танзими он чигар ва системаи асабхои маркази иштирок доранд. Б. исбот намуд, ки дар магзи дарозруя маркази танзими мубодилаи ангиштобхо мавчуд аст ва дар мавриди осеби он канд ба воситаи пешоб хорич мешавад. С. 1853 Б. вазифаи харакатоварии системаи асаби симпатиро кашф намуд, ки дар гардиши хун дар узвхои бадан ширкат меварзад. Бо акидаи Б. хама гуна падидахои хаёт сабабхои модди дошта, асоси онхоро конуниятхои физикию химияви ташкил медиханд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …