БЕМОРИИ МЕНЙЕР (Haemorrhagia labyrinthi), хуручи сахт чарх задани сар, ки он ба иллати гуши даруни вобаста аст. Аз номи духтури франсави П. Менйер (1799 – 1862) гирифта шудааст. Хангоми авчи бемори дилбехузури, кай, гуввоси гуш, кам шудани кувваи шунавои руй медиханд; дар вакти хуруч бемор мувозанаташро гум карда, на рох гашта метавонад ва на нишаста. Баъди хуручи бемори холати мариз, одатан, муътадил мегардад, вале ин аломати шифо нест. Ба Б. М. сари хар чанд вакт (хафтае ё мохе як маротиба) такрор шудани хуруч хос аст. Бо мурури замон сомеаи чунин беморон тадричан заиф гардида, окибат мумкин аст кар шаванд. Гушвазнини дар натичаи отит (газаки гуши даруни), иллати майнаю майнача ва диг. беморихо низ пайдо мешавад. Хангоми сар задани чунин иллатхо барои ташхиси бемори ва бартараф намудани сабабхои он ба духтур мурочиат кардан лозим аст. Зудтар огоз кардани муолича натичаи хуб медихад. Риояи пархез (мас., кам истеъмол намудани намак) хатмист. Истеъмоли витаминхо, хусусан витаминхои гурухи В, ки дар сабзавот, мева, чигарбирён, нони сиёх ва диг. махсулоти хуроки мавчуданд, бехбуди меорад. Мачмуи варзишхои махсусе, ки духтур ба бемор барои машки мувозанат тавсия мекунад, натичаи хуб мебахшанд. Машкхои варзиши шифоиро танхо дар фосилаи байни хуручхои бемори мегузаронанд. Онхо баъзан хуручи бемориро пешгири мекунанд.
Ба Б. М. бештар дар синни 30 – 35 сола гирифтор мешаванд. Сабаби пайдоиши Б. м маълум нест, вале бисёр вакт онро бинобар таъсири беморихои сирояти ва аллергия, ихтилоли тагзия, мубодилаи витаминхо ва об мехисобанд. Дар натича лабиринт варам карда, фишори лимфа баланд мешавад. Хамин тавр, интиколи садо ба тавассути моеъоти гуши дарун душвор гашта, фаъолияти шунавоии онро халалдор менамояд. Хуручи бемори хангоми истеъмоли нушокихои спиртдор, пурхури, хастаги, тагйири фишори хаво, таъсири буи ошхона, дуди тамоку, гавго, авчгирии тарбод ва г. сар мезанад. Барои пешгирии хуручи Б. М. тарзи мехнат ахамияти калон дорад. Ин гуна беморонро аз кор кардан дар васоити наклиёт, баланди, шароити галогула, дар назди мошинхои харакаткунанда, инчунин аз коре, ки бо сафарахои дуру дароз вобаста аст, озод мекунанд.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …