Главная / Чамъият / БАРНОМАИ КАФОЛАТХОИ ДАВЛАТИ ОИДИ ТАЪМИНИ АХОЛИ БО КУМАКИ ТИББИЮ САНИТАРИ

БАРНОМАИ КАФОЛАТХОИ ДАВЛАТИ ОИДИ ТАЪМИНИ АХОЛИ БО КУМАКИ ТИББИЮ САНИТАРИ

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз “25” феврали соли 2017, № 90 тасдик шудааст

tib-bemorБАРНОМАИ КАФОЛАТХОИ ДАВЛАТИ ОИД БА ТАЪМИНИ АХОЛИ БО КУМАКИ ТИББИЮ САНИТАРИ ДАР НОХИЯХОИ ТАЧРИБАВИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2017-2019 

  1. Мукаррароти умуми
  1. Барномаи кафолатхои давлати оид ба таъмини ахоли бо кумаки тиббию санитари дар нохияхои тачрибавии Чумхурии Точикистон барои солхои 2017-2019 (минбаъд – Барнома) мутобики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи саломатии ахоли тахия гардида, ба хифзи ичтимоии ахоли равона гардидааст.
  2. Барномаи мазкур самтхои асосии расонидани кумаки тиббию санитариро (намуд, хачм ва тартиб) дар муассисахои давлатии тандурустии шахру нохияхои Чумхурии Точикистон ба таври ройгон ва бо шартхои хампардохт, мутобики хачми маблаггузории сохаи тандурустии шахру нохияхо аз Бучети давлати, инчунин бо захирахои донории мавчуда барои татбики Барномахои дахлдор дар сохаи хифзи саломатии ахоли муайян менамояд.
  3. Барнома аз хисоби маблагхои иловагие, ки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дарёфт менамоянд, кумакхои башардустона ва грантхо, инчунин дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, амали карда мешавад.
  4. Дар асоси замимаи 1 Барнома гуруххои ахоли ва беморон, ки ба сифати гуруххои имтиёзнок оварда шудаанд ва барои гирифтани кумаки ройгони тиббию санитари хукук доранд, муайян шудаанд.
  5. Шарти асосии расонидани кумаки ройгон ва хампардохти тиббию санитари ба ахоли ин додани роххати табиби оилави, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтакавии муассисаи тандурустии махалли зист ва хулосаи комиссияи муоличавию назорати мебошад.
  6. Кумаки ройгони тиббию санитари ба гурухи имтиёзноки ахоли (номгуи I ва II, замимаи 1) хангоми пешниходи хуччатхои тасдиккунандаи хукуки онхо ба имтиёзхои ичтимои тибки замимаи 2 Барномаи мазкур расонида мешавад.
  7. Таъминот бо дорувори дар доираи Барномаи мазкур аз хисоби маблагхои Бучети давлати, грантхо ва кумакхои башардустона, маблагхои иловагие, ки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати чудо менамоянд, инчунин дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, мутобики Руйхати воситахои асосии дорувори ва синонимхои онхо, ки аз чониби Вазорати тандурусти ва хифзии ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон тасдик гардидааст, анчом дода мешавад.
  1. Намудхои кумаки тиббию санитари
  1. Барнома намудхои зерини кумаки тиббию санитариро дар бар мегирад:

– кумаки таъчили ва бетаъхири тибби;

– кумаки аввалияи тиббию санитари;

– кумаки махсусгардонидашудаи тибби дар шароити дармонгох;

– таъминот бо дорувори ва ваксинахо дар шароити дармонгох;

– иммунопрофилактика;

– кумаки тиббии статсионари;

– кумаки стоматологи;

– чорабинихои санитарию бехдошти ва зидди эпидемия.

  1. Кумаки таъчили ва бетаъхири тибби, аз чумла таъминот бо дорувори барои хамаи гуруххои ахоли дар холатхои тахдидовар ба хаёт ва саломатии шахрванд ё шахсони атрофи он, ки бо сабаби беморихои ногахони, холатхои нохуш, захмбардори ё захролудшави, нокисихои хомиладори ва таваллуд ба вучуд омадааст, то баровардани бемор аз холати тахдидовар ба хаёти у, ба таври ройгон расонида мешавад.
  2. Кумаки аввалияи тиббию санитари намуди асосии хизматрасонии тибби буда, дар чунин намудхо ва хачмхои зерин ройгон анчом дода мешавад:

а) пешгири:

– маслихатдихи (машварат) ва таблиги тахкими саломати ва ташаккули тарзи хаёти солим;

– эмкунии кудакон дар доираи барномаи васеи эмкуни мутобики таквими эмкунихои пешгирикунанда;

– маслихатдихии пинхони оид ба масъалахои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), бемории пайдошудаи норасогии масуният (БПНМ), сироятхое, ки тавассути алокаи чинси мегузаранд;

– назорати холати саломатии кудакони синни то 5 сола;

– муоинаи профилактикии даврии мактаббачагон;

– назорати доимии беморони дар кайд буда, ба истиснои усулхои иловагии озмоиши ва шаклхои ташхиси мачмуи (ба истиснои гуруххои шахрвандоне, ки тибки Барнома ба кумаки тиббию санитарии ройгон хукук доранд);

– гузаронидани чорабинихои пешгири оид ба камхунии вобаста ба норасоии охан (анемия), бемории саратони гадудхои шир ва гарданаки бачадон;

– дар сохаи саломатии репродуктиви ва танзими оила.

б) ташхис:

– азназаргузаронии бемор;

– ташхиси заминавии озмоиши ва ташхисии гуруххои ахолие, ки дар номгуи I ва II замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд;

– ташхиси умумии хуни донори вобаста ба сирояти гемотрансмиссиони (сирояти тавассути хун гузаранда);

– ташхиси хун вобаста ба варача (малярия);

– ташхиси умумии пешоб ва микроскопияи тахшини пешоби гуруххои ахолие, ки дар номгуи I ва II замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд;

– ташхиси балгам (микроскопия);

– муайян намудани канд дар хун ва пешоб аз руи нишондодхо;

– сабти баркии дил аз руи нишондодхо.

в) муолича:

– расонидани кумаки бетаъхири тибби;

– шикастабанди (иммобилизатсия);

– таъини муолича бо дорувори ва дигар намудхои муолича;

– гузаронидани тазрики тибби (дохиливариди, дохили мушак ва зери пуст);

– хизматрасонихои тибби (физиотерапия, махс, бо найча баровардани фасоди ковокии пардаи шуш, тоза кардани чирки гуш, коркарди аввалияи чаррохи, найчагузории рагхо, духтани захм, боз кардани носурхо (флегмонхо), варами фасоднок (абсесхо), панаритсия, даммал (фурункул), бурида гирифтани чисми бегонаи бофтахои нарм, хизматрасонихои стоматологи дар шароити дармонгох ва гайра) ба гуруххои ахолие, ки дар номгуйхои I ва II замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд.

г) кумаки тиббию санитарии ба даъватшавандагон муоинаи тиббии шахсони ба хизмати вокеии харби даъватшаванда, чорабинихои табобатию ташхиси ва солимгардони тибки роххати комиссияи харбию тибби дар асоси шартномаи тарафайн бо макомоти дахлдор анчом дода мешавад.

  1. Кумаки махсусгардонидашудаи тибби дар шароити дармонгох, аз чумла муоинаи озмоишию ташхиси аз чониби марказхои саломати ва дигар муассисахои гайрибистаринамои ба шахрвандоне, ки дар номгуйхои I ва II замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд (аз руи беморихои асоси), хангоми мавчудияти роххат аз табибони оилави, терапевтхо, педиатрхо ва акушер-гинекологхои минтакави ба таври ройгон расонида мешавад. Дар баробари ин:

а) ба дигар шахсоне, ки хукуки имтиёз надоранд, ба истиснои азназаргузаронии беморон, таъин намудани муоинаи ташхисию озмоиши ва муолича бо дорувори, дигар намуд ва хачми кумаки махсусгардонидашудаи тибби дар шароити дармонгох дар асоси хампардохт анчом дода мешавад;

б) хангоми дар муассисахои тандурустии нохияхои тачрибави мавчуд набудани мутахассисони дахлдор ва шароит барои гузаронидани намудхои алохидаи муоинаи озмоиши ва ташхиси, машваратхои зарури ва намудхои ташхис мумкин аст дар дигар муассисахои тандурусти гузаронида шавад, зимнан пардохти он бо рохи хисоббаробаркунии байнихамдигарии муассисахои тибби дар асоси шартномахои басташуда сурат мегирад;

в) шахсоне, ки аз дигар шахру нохияхо барои гирифтани хизматрасонии махсусгардонишудаи тибби дар сатхи дармонгох ба муассисахои тандурустии нохияхои тачрибави мурочиат менамоянд, ба истиснои азназаргузаронии беморон, таъин намудани муоинаи ташхисию озмоиши ва муолича бо дорувори, дигар намуд ва хачми кумаки махсусгардонидашудаи тибби хакки хизматрасониро тибки нархнома пурра пардохт менамоянд;

г) кумаки аввалияи тиббию санитари ва кумаки махсусгардонидашуда дар сатхи дармонгох ба хомиладороне, ки ба кайд гирифта шудаанд ва зери назорати доимии муассисаи дахлдори тибби мебошанд, дар хачм ва намудхои зерин бо таври ройгон анчом дода мешавад:

– тахлили умумии хун – 2 маротиба;

– ташхиси хун барои гемоглобин – 3 маротиба;

– ташхиси хун барои RW (тачзияи Вассерман) – 2 маротиба;

– ташхиси хун барои вируси норасоии масунияти одам – 2 маротиба;

– ташхиси умумии пешоб – 2 маротиба;

– ташхиси пешоб барои протеинурия – 4 маротиба;

– ташхиси бактериявии пешоб (хангоми зарурият);

– микроскопияи андудаи вагинали;

– ташхиси фаросавти – 2 маротиба.

  1. Таъминоти шахрвандони Чумхурии Точикистон бо дорувори ва ваксинахо дар шароити дармонгох аз руи Барнома дар асоси Руйхати воситахои асосии дорувори ва синонимхои онхо аз хисоби маблагхои бучети давлати, грантхо ва кумакхои башардустона, маблагхои иловагие, ки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати чудо менамоянд, инчунин дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, бо тартиби зайл анчом дода мешавад:

а) хангоми расонидани кумаки бетаъхири тибби дорувори ва маводи таъиноти тибби ройгон дода мешавад.

б) хангоми расонидани кумаки тиббию санитари, воситахои ташхиси ва маводи таъиноти тиббие, ки барои гузаронидани тадбирхои озмоишию ташхиси заруранд, ба ахоли мутобики хукуки онхо ба имтиёзхо аз руи Барнома (замимаи 1) дода мешаванд.

в) бемороне, ки дар холати барои хаёташон тахдидкунанда карор доранд, бо воситахои дорувори ва маводи таъиноти тибби ба таври ройгон таъмин карда мешаванд. Инчунин гуруххои ахолие, ки дар номгуи I замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд, дар давоми сол ба таври ройгон дар доираи маблаге, ки аз ду нишондиханда барои хисоб зиёд намебошад, бо воситахои дорувори таъмин карда мешаванд.

  1. Беморони гирифтори беморихои хусусияти ичтимоидошта, бо воситахои дорувори ва маводи таъиноти тибби аз хисоби маблагхои бучети давлати, грантхо ва кумакхои башардустона, маблагхои иловагие, ки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати чудо менамоянд, инчунин дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, хангоми гирифтори бемори ва дар хачми дар чадвали 1 зикргардида ба таври ройгон таъмин карда мешаванд:

Чадвали 1

Номгуи бемори Номгуи дорувори ва маводи таъиноти тибби Микдор

(барои 1 бемор дар як сол)

Дарунрави ва беморихои шадиди рохи нафас Аз руи Барномаи чамбастагии беморихои  кудакона барои кудакони то 5 сола Аз руи протокол
Гемофилия Хун ва чузъхои он Аз руи протокол
Бемории сил Аз руи Барномаи ДОТС (курси кутохмуддати табобати назоратшавандаи бемории сил) Аз руи накшаи стандартии муолича
Диабети канди  аз инсулин вобаста Инсулин, сузандору Аз руи протокол ё накшаи муолича
Беморони мубталои  сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният Дар доираи Хазинаи глобали оид ба мубориза  бар зидди сироятхои вируси норасоии масунияти одам, сил ва варача Аз руи протокол
  1. Таъминот бо дорувори аз руи Барнома
  1. Воситахои дорувории дар чадвали 1 зикргардида метавонанд мутобики дорухати аз чониби табиби оилави, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтакави додашуда ё дар доираи барномаи дахлдоре, ки аз чониби донорхо дастгири мешавад, ба таври ройгон пешкаш карда шаванд.
  2. Иммунопрофилактика ба таври ройгон аз хисоби маблагхои бучети давлати, грантхо ва кумакхои башардустона, маблагхои иловагие, ки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати чудо менамоянд, инчунин дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, анчом дода мешавад. Эмкунии кудакон дар Чумхурии Точикистон ба таври ройгон дар доираи Барномаи умумии эмкуни мутобики таквими эмкунихои пешгирикунанда аз хисоби маблагхои бучети давлати, кумакхои башардустона, грантхо ва маблагхои иловагие, ки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дарёфт менамоянд, инчунин дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, гузаронида мешавад.
  3. Ба хамаи шахрвандоне, ки ба статсионархои шахру нохияхои тачрибави бо нишондихандахои фаври мурочиат кардаанд, кумаки фаврии статсионари то баровардани бемор аз холате, ки ба хаёташ тахдид менамояд, ба таври ройгон расонида мешавад (мувофики номгуи муваккатии холатхои ба хаёти беморон хатарнок, ки бо фармоиши Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон тасдик гардидааст). Пас аз расонидани кумаки фаврии статсионари, аз чумла чаррохи, суботи нишондихандахои гардиши хун ва нафаскаши беморон хамчун шахси дорои роххат ба хизматрасони аз руи шартхои расонидани кумаки накшавии статсионари ва ё барои муолича ба шароити дармонгох гузаронида мешаванд.
  4. Кумаки накшавии статсионари аз хисоби маблагхои Бучети давлати, грантхо ва кумакхои башардустона, маблагхои иловагие, ки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати чудо менамоянд, инчунин дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст ба шахрвандоне, ки дар номгуи I замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд ва ба бемороне, ки вобаста ба беморихои асоси дар номгуи II замимаи 1 Барнома оварда шудаанд, ба таври ройгон расонида мешавад.
  5. Ба дигар гуруххои ахолие, ки дар номгуи I замимаи 1 ва бемороне, ки вобаста ба беморихои асоси дар номгуи II замимаи 1 Барнома зикр нагардидаанд, вале аз табиби оилави, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтакави роххат доранд ва ё худ бе роххат мурочиат намудаанд, аз руи механизми хампардохт хизмат расонида мешавад.
  6. Хачми хампардохт дар Коидахои хампардохт бо ахоли барои харочоти кумаки тиббию санитарии аз тарафи муассисахои давлатии тандурусти расонидашаванда, ки аз чониби Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон якчо бо вазоратхои рушди иктисод ва савдо ва молияи Чумхурии Точикистон тасдик карда шудааст, муайян гардидааст.
  7. Хангоми зарурати бистарикунони беморон каблан дар муассисахои кумаки аввалияи тиббию санитари ташхис карда мешаванд.
  8. Ба заноне, ки дар кайд мебошанд ва зери назорати мунтазами муассисаи дахлдори тибби карор доранд (хангоми хомиладори на камтар аз 4 маротиба хозир шудаанд), кумаки тиббии статсионари хангоми таваллуд ба таври ройгон расонида мешавад. Дар дигар холатхо кумаки тиббии статсионари хангоми таваллуд аз руи механизми хаммаблаггузори (хампардохт) сурат мегирад.
  9. Таъминоти беморон бо дорувори хангоми муоличаи накшавии статсионари мутобики хукуки онхо ба имтиёзхо аз руи Барнома аз хисоби маблагхои бучети давлати, хампардохт, кумакхои башардустона ва грантхо, маблагхои иловагие, ки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дарёфт менамоянд, инчунин дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, анчом дода мешавад.
  10. Статсионархо дорувори ва маводи харочотиро аз хисоби маблагхое, ки дар банди 22 зикр гардидаанд, бо риояи конунгузори оид ба харид ба даст меоранд.
  11. Хангоми зарурат харидории доруворие, ки ба Руйхати маводи асосии дорувори ва синонимхои онхо дохил нашудааст, мутобики руйхати иловагие, ки макомоти тандурусти муайян менамояд, ичозат дода мешавад.
  12. Дар сурати аз арзиши миёнаи муолича барои хар холати табобат ду маротиба зиёд будани харочоти вокеи барои таъминоти дорувории беморон комиссияи муоличавию назоратии муассисаи тандурусти карор дар хусуси аз хисоби беморон пардохт намудани харочоти иловагиро танхо барои таъмини дорувори чихати муоличаи минбаъда, кабул мекунад.
  13. Шахсоне, ки аз дигар шахру нохияхо барои гирифтани кумаки статсионари дар муассисахои тандурустии нохияхои тачрибави мурочиат менамоянд, дар асоси чадвали нархи миёнаи бемории муоличашуда нархи пурраи хизматрасониро пардохт менамоянд.
  14. Кумаки стоматологи:

– муоинаи профилактикии дахони кудакон ва занони хомиладор ду маротиба дар як сол;

– санатсияи дахони кудакони аз 2 то 7 – сола ва занони хомиладоре, ки ба кайд гирифта шудаанд;

– кумаки таъчилии стоматологи.

б) кумаки махсусгардонидашудаи стоматологи аз руи Нархнома барои навъ ва хачми кумаки тиббию санитари дар доираи барномаи кафолатхои давлати оид ба таъмин намудани ахоли бо кумаки тиббию санитари тибки тартиби мукарраргардида расонида мешавад.

  1. Навъ ва хачми чорабинихои санитарию бехдошти ва зидди эпидемия мутобики Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли” ва дигар санадхои меъёрии хукуки амали мегардад.
  1. Мониторинг ва арзёбии амали намудани Барнома
  1. Мониторинги амали намудани Барнома дар асоси нишондихандахои тахиянамудаи Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, аз чумла тавассути тадкикот гузаронида мешавад.

Замимаи 1

ба Барномаи кафолатхои давлати оид ба таъмини ахоли бо кумаки тиббию санитари дар нохияхои тачрибавии Чумхурии Точикистон барои солхои 2017-2019

Номгуи I

Гурухи шахрвандоне, ки мутобики макоми ичтимои барои гирифтани хизматрасонихои тиббии ройгон хукук доранд

– иштирокчиён ва маъюбони Чанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онхо баробаркардашуда;

– кахрамонони Чумхурии Точикистон, Иттиходи Шурави ва шахсоне, ки бо се дарачаи Ордени Шараф мукофотонида шудаанд;

– кахрамонони Мехнати Сотсиалисти;

– чанговарони интернатсионалист, собикадорони амалиёти чанги дар каламрави дигар давлатхо;

– шахсоне, ки дар натичаи садамаи неругохи барки атомии Чернобил зарар дидаанд ва аъзои оилаи бесаробонмондаи онхо;

– маъюбоне, ки хангоми адои хизмати харби захми шудаанд ё осеб бардоштаанд;

– маъюбон аз даврони кудаки;

– кудакони маъюби то сини 18 – сола;

– кудакони ятим, ки дар хонахои давлатии кудакон, хонахои кудакони оилави (оилахои кабулнамуда), интернатхо барои кудакони ятим карор доранд ва кудаконе, ки аз парастории падару модар махрум мондаанд;

– кудакони то 1 – сола;

– маъюбони гуруххои I ва II дар натичаи осеббардории мехнати, беморихои касби ё беморихои умуми;

– аъзои оилахои камбизоат ва шахрвандони яккаву танхои камбизоат;

– шахрвандони синни 80 – сола ва аз он боло;

– шахрвандоне, ки дар хонахои пиронсолон ва интернатхо зиндаги мекунанд.

Номгуи II

Гурухи шахрвандоне, ки мутобики нишондихандахои тибби барои гирифтани хизматрасонихои тиббии ройгон хукук доранд (бо бемории асоси):

– кудакони синни то 5 – сола, ки гирифтори дарунрави ва беморихои шадиди рохи нафас мебошанд (дар доираи Барномаи хамбастагии беморихои кудакона);

– беморони мубталои гемофилия;

– беморони мубталои махав;

– беморони мубталои бемории хори;

– беморони мубталои гулузиндонак;

– беморони гирифтори бемории сил (дар доираи Барномаи ДОТС);

– беморони гирифтори ВНМО (вируси норасоии масунияти одам);

– беморони гирифтори бемории дибети канд (вобаста будан аз инсулин).

Эзох: дар сурати хуручи бемори ва эпидемияи беморихои сирояти, дар минтакахо фонди эпидемиологи таъсис дода шуда, чорабинихои зиддиэпидемики ва кумаки тиббию санитари ба ахоли аз хисоби маблагхои фонди эпидемиологи гузаронида мешаванд.

Замимаи 2

ба Барномаи кафолатхои давлати оид ба таъмини ахоли бо кумаки  тиббию санитари

дар нохияхои тачрибавии Чумхурии Точикистон барои солхои 2017-2019

Номгуи

хуччатхое, ки хукуки гурухи шахрвандони дар номгуи I

замимаи 1 Барномаи мазкур овардашударо барои гирифтани хизматрасонихои тиббии ройгон тасдик менамояд

Гурухи ахоли хуччатхои тасдиккунандаи

хукук ба имтиёзхо

1. Иштирокчиён ва маъюбони  Чанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онхо баробаркардашуда Шаходатномаи иштирокчи ё маъюби Чанги Бузурги Ватани, шаходатномаи нафакави
2. Кахрамони Чумхурии Точикистон, Иттиходи Шурави, Мехнати Сотсиалисти 1, 2 ва 3 дарачаи Ордени Шараф  мукофотонида шудаанд Шаходатномаи Кахрамони Чумхурии Точикистон, Иттиходи Шурави, Мехнати Сотсиалисти 1, 2 ва 3 дарачаи Ордени Шараф
3. Чанговарони интернатсионалист, собикадорони амалиёти чанги дар каламрави дигар давлатхо Шаходатномаи чанговари интернатсионалист, собикадори амалиёти чанги дар худуди  дигар давлатхо ва шаходатномаи нафакави
4. Шахсоне, ки дар натигаи садамаи Неругохи барки атомии Чернобил зарар дидаанд ва аъзои оилаи бесаробонмондаи онхо

 

Шаходатномаи иштирокчи ё маъюбии бархам додани садама дар Неругохи барки атомии Чернобил ва шаходатномаи нафакави
5. Маъюбоне, ки хангоми адои хизмати харби захми шудаанд ё осеб бардоштаанд Шаходатномаи маъюби хизмати харби ва шаходатномаи нафакави
6. Маъюбон аз даврони кудаки Маълумотнома дар бораи муайян намудани гурухи маъюби ва шаходатномаи нафакави
7. Кудакони маъюби то синни 18 – сола Шаходатномахои нафакавии яке аз падару модар ва таваллуди кудак
8. Кудакони ятим, ки дар хонаи давлатии кудакон, хонаи кудакони оилави (оилахои кабулнамуда), интернатхо барои кудакони ятим карор доранд, кудаконе, ки аз парастории падару модар махрум мондаанд Роххати хонахои давлатии кудакон, кудакони оилави (оилахои кабулнамуда), интернатхо барои кудакони ятим
9. Кудакони то 1 – сола Шаходатномаи таваллуд
10. Маъюбони гуруххои I ва II, дар натичаи осеббардории мехнати, беморихои касби ё беморихои умуми Маълумотнома дар бораи муайян намудани маъюбии гуруххои I ва II дар натичахои осеббардории мехнати, беморихои касби ва ё беморихои умуми ва шаходатномаи нафакави
11. Аъзои оилахои камбизоат ва шахрвандони яккаву танхои камбизоат Маълумотномаи комиссияи нохияви (шахри) ё макомоти хифзи ичтимои
12. Шахрвандони сини 80 – сола ва аз он боло Шаходатномаи нафакави ва шиноснома
13. Шахрвандоне, ки дар хонахои пиронсолон ва интернатхо зиндаги мекунанд Роххати хонахои пиронсолон ва интернатхо барои пиронсолон


Эзои:
Таъмини ройгони гуруххои шахрвандон бо дорувори (вобаста ба беморихои асоси), ки дар Номгуи II Барномаи кафолатхои давлати зикр гардидаанд, мутобики руйхати бемороне, ки дар асоси бакайдгирии диспансери ва дорухати муассисахои кумаки аввалияи тиббию санитарии махалли зист тахия гардидааст, амали мегардад.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …