Главная / Ҷамъият / ҚАРОРИ БАРНОМАИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО КУМАКИ ТИББИЮ САНИТАРӢ 2017-2019

ҚАРОРИ БАРНОМАИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО КУМАКИ ТИББИЮ САНИТАРӢ 2017-2019

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО КУМАКИ ТИББИЮ САНИТАРӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2019

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия дастурамал ва қоидаҳоро доир ба амалӣ намудани Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 таҳия ва тасдиқ намояд.
  3. Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ҷалби шарикон оид ба рушд амалӣ намудани Барномаи мазкурро дар шаҳрҳои Сарбанд, Норак, Турсунзода, Истаравшан, ноҳияҳои Данғара, Панҷ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Спитамен, Ашт, Шуғнон, Рашт, Шаҳринав, Варзоб, Файзобод идома дода, аз 1 январи соли 2017 тавсеаи амалӣ намудани ҳамин Барномаро дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Рўшон таъмин намоянд.
  4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Варзоб, Шаҳринав, Рашт ва Файзобод дар доираи маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ пешбинигардида амалӣ намудани Барномаи мазкурро таъмин намоянд.
  5. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии амалӣ намудани Барномаро таъмин намуда, аз натиҷаи амалӣ намудани он ҳар сол то 20 декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 25 феврали соли 2017, № 90

ш. Душанбе

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрӯзаш табрик намудааст.  Бино …