БАКТЕРИОФАГ (Bacteriophagus; аз бактерияхо ва юн. phagos – хуранда), вирусе, ки ба хучайраи бактерия гузашта, дар он меафзояд ва окибат хучайраро хал (лизис) мекунад. Ходисаи хал шудани бактерияхоро, ки зери таъсири омили сироят ба вучуд меояд, бори аввал микробиологи рус Н.Ф. Гамалея мушохида карда буд (1898). С. 1915 духтури англис Ф. Туорт муайян намуд, ки колония (туда)-и стафилококкхо худ аз худ хал мешавад. С. 1917 олими канадаги Ф. д,Эрелл аз рудаи маризи исхоли хунин моддаи халкунандае чудо намуда онро Б., яъне хурандаи бактерияхо, ном ниход. Б. факат баъзе навъхои бактерияхоро хал мекунад. Аз организми беморе, ки ру ба бехбуди ниходааст, Б.-хо ихроч мешаванд. Аз ин бармеояд, ки Б.-ро барои мубориза бар зидди беморихои сирояти ва инкишофи муковамати табиии организм истифода бурдан мумкин аст.
Аксари Б.- хо аз ду кисми асоси иборатанд: сарак ва пояча. Сараки Б., ки бо пардаи сафедави пушида шудааст, асосан молекулахои КДН (кислотаи дезоксирибонуклеат) ё КРН (кислотаи рибонуклеат ) дорад. Пояча бо гилофи сафедави фаро гирифта шудааст. Б. бо поячааш ба хучайраи бактерия часпида, пардаи онро хал ва КДН ворид мекунад. КДН фаъолияти хучайраро идора намуда, онро барои синтези моддахои нави кушандаи бактерияхо водор месозад (афзоиши Б. бо хамин рох аст). Б. метавонад ба хучайраи ягон намуди муайяни микроорганизм таъсир расонад (монофаг). Б.-хое низ мавчуданд, ки хучайраи микроорганизмхои гуногунро махв мекунанд (полифагхо).
Давомоти хаёти Б. гуногун аст, мас., дар фаги Т – 1 зиндаги 13 – 15 дак., дар фаги Т – 4 аз 30 то 40 дак. идома меёбад.
Айни хол Б.-хо барои пешгирию муоличаи баъзе беморихои сироятии одам (тоун, вабо, исхоли хунин, домана ва г.) ва хайвонот истифода мешаванд. Бо максади пешгирии амрози сирояти кор фармуда шудани Б.-хоро фагопрофилактика меноманд. Б.-хо бинобар вайрон кардани хучайраи бактерияхо дар мавриди истехсоли антибиотикхо, аминокислотахо ва г. зарар низ мерасонанд.
Дорухои бактериофаги дар шакли курс, мархам, аэрозол, шамъча, махлул ва г. истехсол карда мешаванд. Айни замон чунин намуди фагхо мавчуданд: стафилококки, стрептококки, дизентерияви, доманаги, салмонеллёзи, колифаг ва г. Якчоя бо антибиотикхо истифода бурдани фагхо ахамияти бештар дорад.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …