Главная / Илм / БАКТЕРИОФАГ

БАКТЕРИОФАГ

bakteriofagБАКТЕРИОФАГ (Bacteriophagus; аз бактерияҳо ва юн. phagos – хӯранда), вирусе, ки ба ҳуҷайраи бактерия гузашта, дар он меафзояд ва оқибат ҳуҷайраро ҳал (лизис) мекунад. Ҳодисаи ҳал шудани бактерияҳоро, ки зери таъсири омили сироят ба вуҷуд меояд, бори аввал микробиологи рус Н.Ф. Гамалея мушоҳида карда буд (1898). С. 1915 духтури англис Ф. Туорт муайян намуд, ки колония (тӯда)-и стафилококкҳо худ аз худ ҳал мешавад. С. 1917 олими канадагӣ Ф. д,Эрелл аз рӯдаи маризи исҳоли хунин моддаи ҳалкунандае ҷудо намуда онро Б., яъне хӯрандаи бактерияҳо, ном ниҳод. Б. фақат баъзе навъҳои бактерияҳоро ҳал мекунад. Аз организми беморе, ки рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, Б.-ҳо ихроҷ мешаванд. Аз ин бармеояд, ки Б.-ро барои мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ ва инкишофи муқовамати табиии организм истифода бурдан мумкин аст.
Аксари Б.- ҳо аз ду қисми асосӣ иборатанд: сарак ва пояча. Сараки Б., ки бо пардаи сафедавӣ пӯшида шудааст, асосан молекулаҳои КДН (кислотаи дезоксирибонуклеат) ё КРН (кислотаи рибонуклеат ) дорад. Пояча бо ғилофи сафедавӣ фаро гирифта шудааст. Б. бо поячааш ба ҳуҷайраи бактерия часпида, пардаи онро ҳал ва КДН ворид мекунад. КДН фаъолияти ҳуҷайраро идора намуда, онро барои синтези моддаҳои нави кушандаи бактерияҳо водор месозад (афзоиши Б. бо ҳамин роҳ аст). Б. метавонад ба ҳуҷайраи ягон намуди муайяни микроорганизм таъсир расонад (монофаг). Б.-ҳое низ мавҷуданд, ки ҳуҷайраи микроорганизмҳои гуногунро маҳв мекунанд (полифагҳо).
Давомоти ҳаёти Б. гуногун аст, мас., дар фаги Т – 1 зиндагӣ 13 – 15 дақ., дар фаги Т – 4 аз 30 то 40 дақ. идома меёбад.
Айни ҳол Б.-ҳо барои пешгирию муолиҷаи баъзе бемориҳои сироятии одам (тоун, вабо, исҳоли хунин, домана ва ғ.) ва ҳайвонот истифода мешаванд. Бо мақсади пешгирии амрози сироятӣ кор фармуда шудани Б.-ҳоро фагопрофилактика меноманд. Б.-ҳо бинобар вайрон кардани ҳуҷайраи бактерияҳо дар мавриди истеҳсоли антибиотикҳо, аминокислотаҳо ва ғ. зарар низ мерасонанд.
Доруҳои бактериофагӣ дар шакли қурс, марҳам, аэрозол, шамъча, маҳлул ва ғ. истеҳсол карда мешаванд. Айни замон чунин намуди фагҳо мавҷуданд: стафилококкӣ, стрептококкӣ, дизентериявӣ, доманагӣ, салмонеллёзӣ, колифаг ва ғ. Якҷоя бо антибиотикҳо истифода бурдани фагҳо аҳамияти бештар дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …